Скелети одам

Пайвастшавии устухонхо, бугумхо


Пайвастшавии устухонҳо. Дар бадани одам зиёда аз 220 устухон мавҷуд аст. Ҳамаи онҳо байни худ пайвастанд. Пайвастшавии устухонҳо гуногунанд. Баъзеашон ба воситаи дандонаҳо беҳаракат пайваст мешаванд (устухонҳои косаи сар), дигар устухонҳо бо якдигар ба таври мутаҳаррик ё ниммутаҳаррик пайваст мешаванд. Пайвастшавии мутаҳаррики устухонҳоро банд меноманд. Масалан, устухони рон, зону, оринҷ (расми 23).

Пайвастхои устухонхо
Расми 23. Пайвастҳои устухонҳо

Устухонҳои буғум ва пойҳо хеле мустаҳкам пайваст шудаанд. Болои буғумро ғилофи буғум пӯшонидааст. Он дорои моеи буғум аст, ки ба мағзчаи буғум ёрӣ расонида, соишхӯриро кам мекунад.

Пайвастҳои ниммутаҳаррики устухонро, ки дорои қабати тағоякианд, нимбуғумҳо меноманд.

Устухон (скелет)-и сар

Устухон (скелет)-и сар. Косахонаи сар аз холигии косаи сар ва қисми абру иборат буда, зиёда аз 20 устухонро дар бар мегирад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Косахонаи сар
Расми 24. Косахонаи сар

Холигии косаи сар аз устухонҳои суфтаи байни ҳам беҳаракат пайвастшуда иборат буда, ҷӯякҳои махсусро ҳосил мекунанд. Ба инҳо устухонҳои ҷуфт, чакка ва фарқи сар, устухони пешонӣ, пушти сар ва ғайра мансубанд (расми 24).

Дар устухони чакка сӯрохии берунии гӯш ҷойгир шудааст. Дар сатҳи поёни устухони пушти сар сӯрохии калоне мавҷуд аст, ки ба воситаи он холигии косахонаи сар ба канали сутунмуҳра пайваст мешавад.

Устухонҳои асосии косахонаи сар бисёр сӯрохиҳои хурд доранд ва тавассути онҳо асабҳои косахонаю мағз, инчунин рагҳои хунгард мегузаранд. Қисми абру аз 15 устухон иборат аст.

Устухони бадан

Устухони бадан. Асоси устухонҳои баданро устухони сутунмуҳра ташкил медиҳад, ки аз 33-34 муҳра иборат буда, ба 5 қисм тақсим мешавад: 1) муҳраҳои гардан (7); 2) қафаси сина (12); 3) миён (5); 4) чорбанд (5); 5) думғоза (4-5). Ҳар як муҳра аз тана ва чанд шоха иборат аст. Муҳраҳо болои ҳам ҷойгир шуда, бо тағоякҳо ба ҳам пайвастанд. Дар холигии канали сутунмуҳра ҳароммағз ҷойгир аст.

Устухони скелети қафаси сина аз 12 ҷуфт қабурға ва устухони сари сина (тӯш) иборат аст. Ба ҳар кадом муҳраи сина 1 ҷуфт қабурға пайваст мешавад. Ин пайвастшавӣ имкон медиҳад, ки онҳо мавқеашонро тағйир диҳанд: дар вақти нафаскашӣ болою ҳангоми нафасбарорӣ поён мешаванд (расми 26).

Скелет (намуд аз пеш)
Расми 26. Скелет (намуд аз пеш)

Скелети дастхо

Скелети дастҳо. Қулфаку шона скелети чанбари китфро ташкил медиҳанд. Ба он скелети холиси дастҳо ба таври мутаҳаррик пайвастанд. Он аз устухонҳои бозу, оринҷ, соид (банди даст), пешкафи даст, кафи даст ва панҷаҳо иборат аст. Устухонҳои дасту пой ба таври мутаҳаррик пайванданд. Дасту пой аз як ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кардани одамро таъмин намуда, чун системаи мураккаби фишангҳо амал мекунанд.

Скелети пойхо

Скелети пойҳо. Устухонҳои паҳни кос аз пушт бо устухони чорбанд ва аз пеш бо ҳамдигар пайваст шуда, холигии косро ташкил медиҳанд. Аз ду тарафи қисми поёни устухони кос чуқуриҳое мавҷуданд, ки барои пайвастшавии устухони рон хизмат мекунанд. Скелети пой аз устухони рон, соқ, пошнаи пой, кафи пой ва панҷаҳои пой иборат аст (расми 27).

Скелет (намуд аз пушт)
Расми 27. Скелет (намуд аз пушт)

Хусусияти скелети одам ба ростгардӣ ва фаъолияти меҳнатии ӯ вобаста аст. Аз сабаби он ки одам бо қомати рост роҳ мегардад, бинобар ҳамин сутунмуҳрааш нағз инкишоф ёфтааст. Хусусан, ин дар сутунмуҳраи одамони миёнсол ва калонсол хубтар аён аст. Дар он хамиҳое мавҷуданд, ки дар вақти ҳаракатҳои бошиддату тез ин хамиҳо таконхӯрии баданро фанарвор (пружинавор) нарм месозанд.

Сутунмуҳраи ҳайвонҳо аз сабаби ба таври уфуқӣ (горизонталӣ) бо чор пой роҳ гаштан ин гуна хамиҳоро надоранд. Дигаргуншавии қафаси синаи одам назар ба ҳайвонҳо хубтар мушоҳида мешавад. Яъне, қафаси синаи одам ба ду тараф васеъ мешавад. Дар ҳайвонҳо қафаси сина, баръакс, аз ду тараф фишурда мешавад.

Яке аз муҳимтарин нишонаҳои хоси скелети одам сохти устухони дасти ӯ мебошад, ки узви меҳнат гардидааст. Устухони ангуштҳо мутаҳаррик ва серҳаракатанд.

Вобаста ба ҳолати амудии (вертикалӣ) бадани одам чанбари пой хеле васеъ ва гирд мебошад. Ин васеъгӣ барои узвҳои таносул ва холигии шикам ҳамчун такягоҳ хизмат мекунанд. Вобаста ба ҷинс васеъгии холигии кос гуногун мешавад. Масалан, коси мардон ҳаҷман хурд ва дароз аст. Коси занҳо баръакс, васеъ ва кӯтоҳ мешавад. Устухони калони пойи одам аз устухони дасташ ғафстару боқувваттар аст, чунки тамоми вазнинии баданро онҳо мебардоранд. Пошнаи пойи одам ҳангоми роҳгардӣ давидану ҷаҳидан таконро нарм мекунад.

Дар скелети сари одам қисми косахонаи сар аз абру калонтар мебошад, ки он мағзи сар буда, ба калон будани мағзи сар вобастааст. Дар ҳайвонҳо, хусусан маймунҳои одамшакл, холигии косахонаи сар назар ба абру хурдтар мебошад, чунки мағзи сари онҳо он қадар калон нест.


Дониши худро санҷед:

  1. Кадом тарзи пайвастшавии устухонхоро медонед?
  2. Скелети одам аз кадом кисмхои асоси иборат аст?
  3. Сутунмухра дар кафаси сина чи ахамият дорад ва сохташ чи гуна аст?
  4. Скелети дасту пойхо аз кадом кисмхо ва устухонхо иборат аст?
  5. Косахонаи сар аз кадом кисмхо иборат аст?
  6. Скелети одам аз скелети хайвонхои ширхур чи фарк дорад?
  7. Чандирии кашишхурии сутунмухра чи ахамият дорад?
  8. Банд чист?
  9. Кадом устухонхо муттасил пайваст мешаванд?
  10. Кадом устухонхо номуттасил пайваст мешаванд?
ҚаблӣСохт ва инкишофи устухонҳо
БаъдӣАвзои Мовароуннахру Хуросон пас аз давлати Сомониён