Сохтани Web-саҳифаҳо (сомонаҳоро чӣ гуна месозанд?)

Пеш аз сохтани саҳифаи нав бояд ҳатман лоиҳаи саҳифа дақиқ тартиб дода шавад. Сохтани хар як сомона бояд аз мақсади асосии сохтани худи ин сомона оғоз гардад. Баъд аз он мундариҷа ва намуди графикӣ ё дизайни (ороиш) он бояд дида шавад. Нуқтаи назар дар сохтани сомона (сайт) ба мавзӯи асосии сомона бояд равона карда шуда бошад. Инчунин намуди иттилооте, ки дар он гузошта мешавад, web-сомона чанд саҳифаро дарбар мегирад ва онҳо бо кадом тарз бо ҳам алоқаманд мегарданд (диққати асосӣ ба саҳифаи аввал дода мешавад) низ бояд муайян карда шавад.

Одатан аксар саҳифаҳои интернетӣ дар забони нишонагузории гиперматнии HTML сохта мешаванд. Барои хондани ин саҳифаҳо дар компютер браузер-барномаҳоро истифода мебаранд (масалан Microsoft Internet Explorer ва ё Opera). Ба ғайр аз ин намуди барномаҳо инчунин дар компютер барномаҳои махсуси таҳриргарони HTML бояд гузошта шаванд. Имрӯзҳо намудҳо ва номгӯи ин гуна барномаҳо барои сохтани Web-саҳифаҳо ё HTML ҳуҷҷатҳо, албатта, кам нестанд. Ба монанди дастаи касбии пуриқтидори FrontPage, Dreamweaver ва оилаи машҳури таҳриргарони матнии WordPad, Microsoft Word, Corel WordPerfect. Барои омӯзиши кор бо HTML – ҳуҷҷатҳо дилхоҳ таҳриргари матнӣ, масалан «Блокнот» – и системаи омилии Windows ё таҳриргари SimpleText аз системаи омилии Маc метавонад истифода шавад.

Маълумот дар бораи Интернет


Сохтани сайт, тартибдиҳии лоиҳаи сайт, web-саҳифа, сохтани web-сахифа, бо забони точики

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣКори курси аз фанни Таърих
БаъдӣHTML – забони нишонагузории гиперматнӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед