Сохтори идоракунии сиёси ва хукукии Иттиходи Аврупо

Сохтори идоракунии сиёсӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо. Сохтори идоракунӣ ва фаъолияти Иттиходи Аврупо.

Дар ин мақола: Шурои Иттиходи Аврупо (Шурои вазирон) Комиссияи аврупои. Парлумони аврупои Палатаи аудиторхо. Комитети иктисоди ва ичтимои Суди Иттиходи Аврупо. Хукук Забонхои Иттиходи Аврупо. Молия ва хукук Иктисодиёти Иттиходи Аврупо

иттиҳоди аврупо Иттиходи Аврупо
Иттиҳоди Аврупо

Барои амалигардонии сиёсати худ Иттиҳоди Аврупо сохторҳои худро дорад, ки бо ду роҳ ташкил ёфтаанд: сохторҳое, ки аз шахсони ба сифати намояндагони расмии давлатҳои аъзо амалкунанда таркиб ёфтаанд; сохторҳое, ки ҳайати онҳоро ҳукуматҳои миллӣ пешбарӣ мекунанд ва ҳамаи аъзоён аз номи Иттиҳоди Аврупо амал менамоянд.

Органҳои асосии идоракунии Иттиҳоди Аврупо Шӯрои Аврупоӣ, Шӯрои Иттиҳоди Аврупоӣ, Парлумони аврупоӣ ва Суд мебошанд. Шӯрои аврупоӣ соли 1974 ташкил ёфтааст. Соли 1986 мақоми он ба таври расмӣ дар Акти ягонаи аврупоӣ мустаҳкам карда шуда. Ба ҳайати он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди аврупо ва ҳамчунин раиси Комиссияи аврупоӣ ва масъалаҳои муҳими сиёсии Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин вазъи иқтисодӣ ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналхалқӣ муҳокима шуда, роҳҳои фаъолияти Иттиҳоди Аврупо муайян мегарданд, барномаҳо ва қарорҳои хусусияти стратегӣ дошта қабул мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ доир ба масъалаи муайян маҷлиси ғайринавбатӣ даъват мегардад. Маҷлис дар зери роҳбарии сардори давлат ё ҳукумати давлатӣ дар Шӯро раисикунанда мегузарад. Натиҷаҳои он мутобиқи хулосаҳои сиёсии тарафи раисикунанда ба ҳама расонида мешавад. Расман ин ҳуҷҷати сиёсӣ мебошад.

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (Шӯрои вазирон)

Дастгоҳи олии сиёсии Иттиҳоди Аврупо Шӯрои Аврупоӣ мебошад, ки аз роҳбарони давлатҳо ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзо ва муовинони онҳо вазирони корҳои хориҷӣ иборат аст. Раисони Шӯрои аврупо Комиссияи Аврупо низ аъзои Шӯро мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шӯрои Аврупоӣ равандҳои асосии дурнамои тараққиёти иттифоқи Аврупоро муайян мекунад. Коркарди хаттии умумии иттиҳоди сиёсӣ вазифаи аввадлиндараҷаи Шӯрои Аврупоӣ мебошад. Дар баробари Шӯрои вазирон вай ҳамчунин вазифаи сиёсии тағйир додани шартномаҳои иттиҳоди аврупоиро иҷро мекунад. Маҷлисҳои он на кам аз ду маротиба дар як сол дар шаҳри Брюссел ё дар мамлакати раисикунанда, ки дар ин вақт Шӯрои Иттифоқи Аврупо роҳбарӣ мекунад, гузаронида мешавад. Маҷлисҳо ду рӯз давом карда қарорҳои онҳо барои ҳамаи давлатҳои аъзо ҳатмист.

Аз вақти ба имзо расидани шартномаи Лиссабон аз моҳи декабри соли 2009 Шӯрои Аврупоӣ ба таври расмӣ ба сохтори Иттиҳоди Аврупо дохил гардид. Мувофиқи ин шартнома вазифаи нави раиси Шӯрои аврупоиро таъсис дода шуд, ки дар ҳамаи маҷлисҳои роҳбарони давлатҳо аъзои Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад.

Шӯро чунин вазифаҳо дорад: доир ба масъалаҳои муайян қарор қабул мекунад; сиёсати умумии иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоро таъмин менамояд; якҷоя бо парлумон ба амалишавии буҷет роҳбарӣ мекунад; шартномаҳои байналмиллалӣ мебандад.

Ҳайати он аз намояндагони доимии миллӣ, ки комитети намояндагони доимии давлатҳоро ташкил медиҳанд, таркиб ёфтааст. Онҳо вазирони ҳукуматҳои миллӣ мебошанд. Комитет масъалаҳоро пешакӣ муҳокима мекунад. Қарори Шӯроро котиботи генералӣ, ки дар Брюссел кор мекунад, мебарорад ва иҷроиши онро назорат мекунад.

Комиссияи аврупоӣ

Комиссияи аврупоӣ – дастгоҳи олии иҷроияи Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вай 27 аъзо дорад, ки ҳар яке намояндаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошанд[1]. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ онҳо мустақил буда, танҳо ба манфиати Иттифоқи Аврупо кор мекунад ва ҳуқуқи ишғоли ягон намуди фаъолияти дигарро доранд. Давлатҳои аъзо наметавонанд ба аъзоёни Комиссияи аврупоӣ таъсир расонанад.

Комиссияи аврупоӣ дар ҳар панҷ сол созмон дода мешавад. Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи роҳбари давлат ё хусусият номзади раиси комиссияи мазкурро пешниҳод мекунад, ки онро парлумони Аврупо тасдиқ менамояд. Шӯрои Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо номзад ба раиси комиссия ҳайати комиссияи аврупоро ташкил медиҳад, ки дар ин вақт хоҳиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ба инобат гирифта мешавад. Ҳайати комиссияро парлумони Аврупо ва баъзан Шӯрои Иттиҳоди Аврупо тасдиқ мекунад. Ҳар як аъзои комиссия равиши муайяни сиёсати Иттиҳоди Аврупоро назорат мекунад ва ба он ҷавобгар аст. Комиссия дар таъмини фаъолияти ҳамарӯзаи Иттиҳоди Аврупо нақши асосиро мебозад, ки мақсади он иҷроиши шартномаҳои асосии иттифоқ мебошад. Вай ҳамчун ташаббускори қонунгузорӣ баромад карда иҷроиши онҳоро назорат мекунад. Дар ҳолати қонуншиканӣ комиссия ҳуқуқ дорад, чораҳо андешида ба Суди аврупоӣ муроҷиат кунад.

Комиссия ҳуқуқи ташаббуси қонунбарориро дорад: вай таклифоти қонунбарориро кор карда баромада, ба Шӯро пешниҳод менамояд; раванди минбаъдаи қонунгузорӣ ва иҷроиши қарору қонунҳои аз тарафи Шӯро қабулшударо назорат мекунад; дар ҳолати қонуншиканӣ корро ба Суд медиҳад. Комиссия ҳуқуқ дорад, дар соҳаҳои кишоварзӣ, савдо, рақобат, нақлиёт, амали бозори ягонаи дохилӣ, ҳифзи муҳити зист мустақилона қарор барорад, фондҳо ва бужети Иттиҳоди Аврупоро иҷро кунад. Илова бар ин Комиссияи аврупоӣ ба воситаи намояндагон вазифаҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупоро иҷро мекунад.

Номзадҳо ба аъзогии комиссияро Парлумони аврупоӣ тасдиқ мекунад. Комиссия аз 27 директорати генералӣ иборат аст, ки ҳар яке равиши фаъолияти худро дар Иттиҳоди Аврупо дорад. Масалан директорати генералии XVI-ум бо масъалаҳои ривоҷи ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Африка, Баҳри Кариб, минтақаи уқёнуси Ором машғуланд. Комиссия дар ҳайати худ 15 ҳазор хизматчиёни штатӣ дорад ва муассисаи калонтарини Иттиҳоди Аврупо мебошад[2].

 Комиссияи аврупоӣ дар соҳаҳои гуногуни сиёсати аграрӣ, савдо, нақлиёт ва ғайраҳо ҳуқуқҳои мухтор дорад. Вай ҳамчунин дастгоҳи иҷроия дорад, ки буҷет ва фондҳо ва барномаҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупоро идора мекунад. Забони асосии Комиссия англисӣ, франсавӣ ва олмонӣ буда, ситоди он дар Брюссел қарор дорад.

Парлумони аврупоӣ

Органи машваратӣ-қонунбарори Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вазифаҳои машварат ва назоратро иҷро мекунад, буҷетро тасдиқ менамояд, созишномаҳои байнидавлатӣ мебандад, бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва буҷет иловаҳо ва тағйирот медарорад, онҳоро тасдиқ мекунад. Парлумон метавонад нисбати комиссияи аврупоӣ санксия бароварда, онро пароканда кунад. Масалан соли 1999 нисбати баъзе аъзоёни комиссия, ки аз вазифа сӯиистеъмол карда буданд, қарорҳои дахлдорро қабул карда, ҳайати нави комиссияро тасдиқ намуд[3].

Ба Парлумони аврупоӣ нақши таъини раис ва аъзоёни комиссияи аврупоӣ дода шудааст. Вай бо воситаи дар баромадани барномаҳо ва ҳисоботҳои давлатӣ дар Шӯро раисикунанда фаъолияти Шӯрои иттиҳоди Аврупоро назорат кунад.

Шартномаи Рим ба Парлумони аврупоӣ нақши машваратчигиро додаст. Равандҳои имрӯзаи қонунбарорӣ дар Иттиҳоди Аврупо иштироки парлумонро дар раванди қонунбарорӣ пешбинӣ мекунад. Се намуди фаъолияти Парлумони аврупоӣ вуҷуд дорад: машварат, қабули ҳамҷояи қарорҳо ва изҳори розигӣ.

Қабули буҷет, ки ду маротиба дар парлумон баррасӣ мешавад, имконият медиҳад, ки тағйиротҳои аз ҷониби Шӯро коркардашуда ба он ворид гарданд. Дар баъзе ҳолатҳо парлумон метавонад буҷетро рад кунад ва хулосаи худро нисбати фаъолияти Комиссия, ки бо иҷроиши буҷет вобастаанд, баён намояд[4].

Парлумон 626 нафар намоянда дорад, ки дар гурӯҳҳои сиёсӣ муттаҳид гаштаанд. Ҷаласаҳои пленарӣ дар Страсбург, комиссияҳо дар Брюссел мегузаранд. Котиботи генералӣ дар Люксембург қарор дорад. Фаъолияти парлумон таҳти роҳбарии Бюро, ки аз раис ва 14 ноибони он иборат аст, амалӣ мешавад. Масъалаҳои ҷаласаҳоро Конференсияи раисон муайян мекунад. Намояндагон ба 20 комиссияҳо тақсим шудаанд, ки ҳар яке равиши фаъолияти худро дорад. Намояндагони байнипарлумонӣ бо парлумонҳои миллӣ алоқаи зич доранд.

Соли 1989 мутобиқи Акти ягонаи аврупоӣ Суди дараҷаи аввал ҳамчун мақомоти ёрирасон ба Суди Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шуд. Ба зиммаи вай баррасии даъвоҳои ба муқобили сохторҳои Иттиҳоди Аврупо вогузор карда шуд. Ин даъвоҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳо, ки ба масъалаҳои рақобат, баҳсҳои меҳнатӣ марбут буданд. Пешниҳод мешаванд. Мазмуни қарорҳои ин сохторро Суди Иттиҳоди Аврупо дида мебарояд[5].

Палатаи аудиторҳо

Соли 1975 барои тафтиши буҷети Иттиҳоди Аврупо ва муассисаҳои он ташкил дода шудааст. Ҳисоботҳоро дар бораи даромад ва хароҷоти Иттиҳоди Аврупо ва ҳамаи органҳои онро тафтиш мекунад. Аз рафти идоракунии молиявӣ назорат мебарад, баъди анҷоми ҳар соли молиявӣ дар бораи кори худ маърӯза тартиб медиҳад. Ба Пралумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулоса худро доир ба масъалаҳои алоҳида пешниҳод мекунад, ба Парлумон дар назорати иҷроиши буҷетии Иттиҳоди Аврупо ёрӣ мерасонад.

Палата аз намояндагони давлатҳои аъзо иборат буда, мувофиқи қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба мӯҳлати шаш сол таъин мешаванд ва дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ мустақил мебошанд. Палатаи аудиторҳо дар Люксембург амал мекунад.

Комитети иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Комитети иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-органи машваратии Иттиҳоди Аврупо буда, дар асоси шартномаи Рим таъсис дода шудааст. Машваратчигии Шӯро ва Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ – иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Якчанд соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳҳои иҷтимоӣ- кордиҳанда ва хизматчиёну коргарони саноат, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиро намояндагӣ мекунад.

Комитет 222 аъзо дошта, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо мӯҳлати 4 сол таъин мекунад. Ҳар моҳ як маротиба дар Брюссел маҷлис мегузаронад.

Комитети минтақаҳо-органи машваратӣ буда, намояндагони маъмуриятҳои минтақавӣ ва маҳаллиро дар кори Иттиҳоди Аврупо таъмин мекунад. Соли 1994 дар асоси шартномаи Маастрихт таъсис дода шудааст. Номзадҳо ба аъзогии комитетро Шӯрои Иттиҳоди Аврупо тасдиқ мекунад. Аз ҳисоби аъзоён раиси комитет ва дигар шахсони мутасаддӣ интихоб мешаванд. Дар Брюссел дар як сол 5 маротиба маҷлис мегузаронад. Ба сохтори ташкилии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин Бонки марказии Аврупо, Бонки инвеститсионии Аврупо шомил мебошанд.

Суди Иттиҳоди Аврупо

Суди Иттиҳоди Аврупо дастгоҳи оли судии он ба ҳисоб меравад. Вай зиддият ва гуногунфикрии байни давлатҳои аъзо, давлатҳои аъзо ва худи Иттиҳоди Аврупо, сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, байни Иттиҳоди Аврупо ва шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқиро ба танзим медарорад. Бо ин мақсад трибунали хизмати шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Суди Идтиҳоди Аврупо ба шартномаҳои байналмилалӣ хулоса медиҳад ва аз рӯи талаботҳои судҳои миллӣ қарор мебарорад. Иҷроиши қарори суд дар марзи Иттиҳоди Аврупо ҳатмӣ мебошад. Дар асоси қарори шартномаи Маастрихт ба суди Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ дода шудааст, ки ба давлатҳое, ки аз иҷроиши қарорҳо саркашӣ мекунанд, ҷарима андозад. Суд 27 аъзо мутаносибан аз ҳар як давлати Иттиҳоди Аврупо ва ҳашт адвокат дорад. Онҳо ба мӯҳлати шаш сол таъин мешаванд ва имконияти дароз кардани ваколати худро доранд. Дар ҳар се сол нисфи аъзоёни суд нав карда мешавад.

Ҳуқуқ

Хусусиятҳои Иттиҳоди Аврупо ки онро аз дигар созмонҳои байналмилалӣ фарқ мекунанд, вуҷуд доштани ҳуқуқҳои шахсии он мебошад. Ин ҳуқуқҳо муносибати байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва шахсони ҳуқуқии шаҳрвандонро ба танзим медарорад. [6]

Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо аз се қисм иборат аст; 1. шартномаҳои таъсисдиҳандаи Иттиҳоди Аврупо, шартномаҳои тағйирот дохилкунанда, шартномаҳо дар бораи қабули аъзоёни нав ба Иттиҳоди Аврупо. 2. актҳое, ки органҳои Иттиҳоди Аврупо мебароранд, 3. қарорҳои Суди Иттиҳоди Аврупо ва дигар органҳои суди иттифоқ[7].

Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо дар тамоми қаламрави аъзои он амал мекунанд ва нисбат ба он қонунгузориҳои миллӣ боло меистанд. Ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо ба ҳуқуқҳои созандагӣ (ташкили дастгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо) ва моддӣ, низомӣ, равандҳои амаликунии мақсадҳои Иттиҳоди Аврупо. Ҳуқуқҳои моддӣ ва ба соҳаҳои алоҳида тақсим мешавад: ҳуқуқи гумрукии Иттиҳоди Аврупо, ҳуқуқи экологӣ, андоз ва ғайра.

Бартарияти асосии ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо ин ҳаракати озоди шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо дар тамоми марзи он ҳаракати озоди сармоя молҳо, хизматрасониҳо мебошад.

Забон

Дар марзи Иттиҳоди Аврупо 23 забонҳои аврупоӣ баробарҳуқуқ мебошад: англисӣ, булғорӣ, венгерӣ, юнонӣ, даниягӣ, ирландӣ, испанӣ, итолиёвӣ, лаҳистонӣ, литовӣ, малтиягӣ, олмонӣ, нидерландӣ, полякӣ, португалӣ, руминӣ, словакӣ, словенӣ, финнӣ, фаронсавӣ, чехӣ, шведӣ ва эстонӣ. Дар сатҳи корӣ забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва англисӣ истифода мешаванд.

Молия ва ҳуқуқ

Олоти муҳимтарини молиявии Иттиҳоди Аврупо ҳуҷҷати он мебошад. Дар мадди аввал он аз ҳисоби ҳаққи аъзогии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ташкил ёфта буд. Минбаъд бо қарори Созмони иқтисодии Аврупо аз 21 апрели соли 1970 зоҳирҳои молиявии Иттиҳоди Аврупо бавуҷуд оварда шуданд, ки ду манбаъ доштанд: 1) андозҳои гумрукӣ ба молҳои воридотӣ ва 0,75 фоиз аз ҷониби андози ба арзиш замшуда; 2) пардохти давлатҳои аъзо, ки мувофиқи даромади миллии онҳо муқаррар карда шудааст. Дар солҳои 2000-2006 ин рақам 1,27 фоизро ташкил медод, ки мақсад аз он қатъиян риоя намудани тартиботи буҷетӣ буд[8].

Нисфи зиёди манбаъҳои буҷетӣ барои соҳаи кишоварзӣ масраф мегардад. Дар солҳои охир ин маҳдуд гардида, хароҷотҳои Иттиҳоди Аврупо ба сиёсати иҷтимоӣ ва минтақавӣ зиёдтар шуданд. Ба воситаи буҷети умумӣ дигар соҳаҳои сиёсати дохилӣ ва берунӣ маблағгузорӣ мешавад. Аз ин ҳисоб ба мамлакатҳои мӯҳтоҷ ёрии инсондӯстона расонида мешавад. Илова бар ин аз соли 2000 сар карда барои мамлакатҳое, ки ба Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шудан мехоҳанд, тақрибан 3 млрд. евро харҷ мегардад, ки 40 фоиз хароҷоти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад[9]. Фоизҳои асосии Иттиҳоди Аврупо инҳо мебошанд:

– фонди кафолатҳо дар соҳаи кишоварзӣ, ки ба амаликунии сиёсат дар ин ҷода ваколатдор аст;

– фонди тараққиёти минтақавӣ, ки барномаи ёрӣ ба минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмондаро амалӣ мекунад;

-фонди иҷтимоӣ, ки азнавкасбомӯзии коргарон ва дараҷаи баланди бекориро дар минтақаҳо ба танзим медарорад;

-фонди мадад ба мамлакатҳои даромадашон ба ҳар сари аҳолӣ кам буда, ки мутобиқи созишномаи Маастрихт тартиб дода шудааст;

-фонди молиявии мадад ба моҳидорӣ, ки ҳамаи корхонаҳои бо моҳидорӣ алоқамандро, ки дар ноҳияҳои наздики соҳилии Иттиҳоди Аврупо ҷойгиранд маблағгузорӣ мекунад;

Дар доираи Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин соли 1958 Бонки авруапоии маблағгузорӣ таъсис ёфтааст, ки лоиҳаҳои гуногуни дарозмуддатро маблағгузорӣ менамояд.

Олоти ҳуқуқии амалигардонии сиёсати Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқи созмон-маҷмӯи ҳуҷҷатҳои амаликунанда ва принсипҳои умумии ҳуқуқ ва анъанаҳои байни сохторҳои созмон ва дастгоҳҳои ҳукуматии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Мавқеи асосиро дар ин масъала шартномаҳои имзошудаи Париж, Рим, Акти Ягонаи аврупоӣ, Маастрихт, Амстердам ва Нитса, ки дар онҳо мақсадҳои Иттиҳоди Аврупо, тартиби ташкил ва фаъолияти сохторҳои он, ваколатҳои созмон нишон дода шудаанд. Бо ин якчанд ҳуҷҷатҳои дигар аз қабили Шартнома дар бораи таъсиси Шӯрои ягона ва комиссияи ягона (с.1965), Акт дар бораи интихобот ба Парлумони Аврупо (с.1976), Созишнома дар бораи муҳити ягонаи иқтисодӣ (с.1994), шартномаҳо оид ба аъзошавӣ ба Иттиҳоди Аврупо шомил мебошанд[10].

Қонунгузории дуюм дараҷаи Иттиҳоди Аврупо актҳое мебошанд, ки сохторҳои созмон дар доираи ваколати худ қабул кардаанд. Шартнома дар бораи Иттиҳоди Аврупо панҷ намуди ҳуҷҷатҳоро нишон додааст:

-регламент-ҳуҷҷатҳое, ки характери умумӣ доранд ва ба ҳамаи сохторҳо таъсир мерасонад. Ба маънои дигар дар тамоми марзи Иттиҳоди Аврупо амал мекунад ва иҷроиши он ҳатмӣ мебошад. Вай ба иштирок ва розигии ҳукуматҳои миллӣ ба амал татбиқ карда мешавад ва масъалаҳои умумии ба ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо аҳамиятнокро ба танзим медарорад;

– директива- дар фарқият аз регламент хусусияти умумӣ надорад. Вай мақсад ва натиҷаҳои равиши қонунгузориро муайян мекунад. Роҳу усулҳои мушаххаси иҷроиши вазифаҳоро сохторҳои ҳукуматҳои миллӣ бо назардошти худ муайян мекунад. Директива аз он вақт ба ҳукми қонун медарояд, ки низоми он ба қонунгузории миллӣ дохил карда мешавад ва барои ин ба давлатҳои аъзо мӯҳлат медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо директива рӯирост, то он вақт ки ба қонунгузории миллӣ дохил карда мешавад, аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ барои ҳимояи манфиатҳои худ амалӣ мегарданд.

– қарорҳо, ки ба ҷо овардани амалиёти мушаххасро ба таври ҳатмӣ ба сохторҳои равонашуда пешбинӣ мекунад. Ин қарорҳо барои танзими масъалаҳои муайяни пайдошуда истифода мешаванд.

– тавсияҳо ва хулосаҳо, ки хусусияти ҳатмӣ надоранд. Онҳо ҳуҷҷатҳои тавсиявӣ мебошанд, ки мавқеи сохторҳои созмонро аз рӯи ин ё он масъалаи муайян менамоянд.

Созишномаҳои байналмиллалии Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ қисми таркибии ҳуқуқи он буда, барои ҳамаи сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзо ҳатмӣ мебошад. Ин созишномаҳо дар як вақт бо шартномаҳои асосӣ ва дуюмдараҷаи қонунгузорӣ нисбат ба қонунҳои миллӣ бартарият доранд ва актҳое ба ҳисоб мераванд, ки таъсири руирост дошта, ба таври ҳатмӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар ин ҳолат созишномаҳое, ки байни Иттиҳоди Аврупо ва мамолики дигари беруна аз он басташуда, ки он дар доираи ваколатҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад аз созишномаҳои бо номи «омехта» байни созмон ва давлатҳои аъзо аз як тараф ва бо мамлакатҳои беруна аз дигар тараф имзо мегарданд, фарқ карда мешавнд. Барои ба ҳукми қонун даромадани созишномаҳои аввал тасдиқи он аз ҷониби сохторҳои Иттиҳоди Аврупо кифоя аст. Барои созишномаҳои дуюми «омехта» бошад тасдиқи ҳам сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам давлатҳои аъзо мутобиқи қонунгузории онҳо ҳатмӣ мебошад[11].

Иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо

Иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо дар худ бозори ягонаро таҷассум карда, дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун ташкилоти мустақил баромад мекунад. Дар ҳуҷҷат дар бораи ривоҷи иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳатҳои андозбандӣ барои дастгирии мӯътадил ва наздикшавии иқтисодӣ нишон дода шудааст. Евро асъори паҳншуда Иттиҳоди Аврупо буда, дар қаламрави 16 давлат гардиш мекунад. Дигар мамлакатҳо ғайр аз Британияи Кабир ва Дания ӯҳдадор шудаанд, ки баъди иҷроиши талабномаҳои барои гузориш зарур бо евро муомилот мекунанад.

Ташкилоти омории Аврупо, ки дар Люксембург қарор дорад, бюрои омории иҷтимоии созмонҳои аврупоӣ мебошанд ва ҳар сол дар бораи даромади Иттиҳоди Аврупо маълумот медиҳанд. [12]

Сиёсати молиявӣ-буҷетии Иттиҳоди Аврупоро ҳуҷҷат дар бораи ривоҷи иқтисодиёт назорат мекунад. Вай дар ҳамаи давлатҳои аъзо истифода мешавад. Ҳиссаи Иттиҳоди Аврупо дар бозори ҷаҳонӣ панҷяки муомлоти пулиро ташкил медиҳад. Иттиҳоди Аврупо захираи калони ангишт, тиллои сиёҳ ва гази табииро дорад. Дар байни мамлактаҳои Иттиҳоди Аврупо 6 давлат-Британияи Кабир, Дания, Олмон, Италия, Руминия ва Нидерландия истеьсолкунандагони тиллои сиёҳ (нефт) мебошанд. Аз рӯи ин нишондод Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати истеҳсолоти нефт дар ҷаҳон ҷои ҳафтумро ишғол мекунад.

Воридот ва содироти мол дар Иттиҳоди Аврупо хуб ба роҳ монда шудааст. Вай аз ҷиҳати содирот дар ҷои понздаҳум ва воридот дар ҷои дуюм меистад[13]. Дар савдои дохилӣ набудани монеаҳо аз қабили назорати сарҳадӣ ва мавҷудияти пули ягона-евро ба ривоҷи он мусоидат мекунад. Иттиҳоди Аврупо дар Ташкилоти савдоии ҷаҳонӣ манфиати ҳамаи давлатҳои аъзои худро ҳимоя мекунад ва дар ҳалли баъзе масъалаҳои баҳснок аз номи онҳо баромад мекунад.

Дар иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо сохтори хизматрасонӣ яке аз ҷойҳои намояёнро ишғол мекунад. Кишоварзӣ бо маблағгузории умумӣ дар доираи Сиёсати ягонаи кишоварзӣ дастгирӣ карда мешавад. Иттиҳоди Аврупо яке аз марказҳои бузурги сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан сайёҳии дохилӣ ривоҷ ёфтааст. Ҳамаи шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо имкон доранд, ки аз рӯи созишномаи Шенген ба гирифтани иҷозатнома ба давлати дилхоҳи аъзои Иттиҳоди Аврупо сафар кунанд[14].

Мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ватани ширкатҳои калонтарини дунё дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ, истеҳсоли аэробусҳо, техникаҳои хизмати маишӣ ва ғайраҳо мебошанд.


  • [1] Шемятенков В.Г. Европейская интеграция. – М., Международные отношения, 2005
  • [2] Стрежнева М. Институциональное развитие ЕС // Европейский союз на пороге XXI века. – М., 2001. –  С. 263.
  • [3] Топорин Б.Н.  Европейский парламент.- Москва. 1987
  • [4] Основы права Европейского союза./ Под ред.С.Ю.Кашкина. М.. 1997.
  • [5] Договор о Европейском Союзе. Консолидированная версия. М., 2001
  • [6] Воронов К. Европейские   сообщества:   право   и   институты.-   Москва.    1992
  • [7] Борко Ю.А. Что такое Европейский Союз. М., 2000
  • [8] Основы права Европейского союза. Под ред.С.Ю.Кашкина. М.. 1997. 3.Топорин Б.Н.  Европейский парламент.- Москва. 1987
  • [9] Назаров Талбак. Таджикистан: экономика, политика и международное сотрудничество – Душанбе, 2001.
  • [10] Лешуков И.Е. Политическая система ЕС. – М., 1990
  • [11]  Крылова И.С Европейский Союз: видение политического объединения».- Москва. 1998
  • [12] http://www.yandex.ru (санаи мурочиат: 6 январи соли 2012)
  • [13] Стрежнева М. Институциональное развитие ЕС // Европейский союз на пороге XXI века. – М., 2001. –  С. 262.
  • [14] http://www.osce.org (санаи мурочиат: 21 марти соли 2011).
ҚаблӣМарҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо
БаъдӣФаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011