Марҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо

Мархилахои ташаккулёбии Созмони Иттиходи Аврупо


Ташкилёбии Созмони иқтисодии Аврупо якчанд марҳиларо аз сар гузаронидааст.

– ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо бекор кардани андозҳои гумрукӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар савдои байни давлатҳои аъзо бо нигаҳдошти мухторияти онҳо дар сиёсати гумрукӣ ва савдоӣ нисбат ба мамлакатҳои сеюм (1957-1968);

– созмон додани иттифоқи гумрук ба ҷорӣ кардани марҳилаҳои умумии гумрукӣ ва гузаштан ба сиёсати ягонаи савдоӣ нисбат ба мамлакатҳои сеюм (1968-1987);

– ташкили бозори ягонаи дохилӣ, ки ҳаракати озоди хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи қориро таъмин менамояд (1987-1992);

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– ташкили иттифоқи иқтисодӣ ва асъор, ки ҷорӣ намудани воҳиди ягонаи пулиро пешбинӣ мекунад (1992-2002);

Лоиҳаи Созмони иқтисодии Аврупо дар худ элементҳои федералӣ (гумрукӣ, иқтисодӣ ва асъор) ва конфедералӣ (муҳити озоди савдо, бозори ягонаи дохилӣ)- ро таҷассум мекард. Зинаи баланди муттаҳидкунии Аврупо кӯшиши ташкили Созмони мудофиавии Аврупо ва Созмони сиёсии Аврупо буд. Созмони мудофиавии Аврупо соли 1952 аз тарафи Франсия, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Италия, Белгия, Люксембург ва Нидерландия ташкил карда шуд. Мувофиқи ин созишнома дар доираи Созмони мудофиавии Аврупо бояд қувваҳои ҳарбии шаш давлат дар зери фармондиҳии ягона муттаҳид карда мешуданд. Аммо дар соли 1954 маҷлиси миллии Франсия аз сабаби мавҷуд будани зиддиятҳо Шартнома дар бораи Созмони Мудофиавии Аврупоро рад кард[1]. Баъди ин нақша Созмони сиёсии Аврупо низ барбод рафт ва дар солҳои минбаъда (нақшаҳои Фуше) (1961-1962) ва Тинрдемонс (1975)) низ амалӣ нашуданд.

Ба муқобилияти душманони муттаҳидшавӣ нигоҳ накарда ғояи федерализм минбаъд низ равнақ ёфт. Комёбиҳои интегратсия дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳамчунин тағйиротҳои глобалӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ шаклҳои нави ба ҳам наздик омадани давлатҳоро талаб мекард. Ин ҳолат дар Акти ягонаи Аврупоӣ (с.1987) инъикос ёфт[2]. Акти мазкур ташкили Иттиҳоди Аврупоро эълон намуд, ки ҳамкориро дар ҳамаи соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тадқиқотҳо ва инкишофи технологӣ, ҳифзи муҳити зист, сиёсати хориҷӣ дарбар мегирифт.

Созишномаи Амстердам (с.1997) мақсадҳои асосии иттиҳодро тасдиқ намуд ва дар масъалаи сиёсати умумии хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ боби махсусро дохил кард. Ба шартнома ҳамчунин дар бобати риояи принсипҳои демократия, ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, пурқувват кардани мубориза бо терроризм, наҷодпарастӣ, ҷинояткорӣ низ шартҳо илова гардиданд.

Шартномаи Нисса (с.2000) давоми минтақаи созишномаҳои Рим, Маастрихт ва Амстердам буд, ки ба се принсипи асосӣ такя мекард:

-ислоҳотҳои дохилии Иттиҳоди Аврупо (тағйиротҳо дар принсипҳои асосии қабули қарорҳо бо аксарияти овозҳо ва маҳдудкунии ҳуқуқи истифодаи вето ба 35 соҳаҳои қонунгузорӣ);

– қабули мамлакатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ба Иттиҳоди Аврупо бо додани ҷойҳо ва овозҳо дар сохторҳои созмон;

– коркарди сиёсати умумии берунӣ ва мурофиавии Иттиҳоди Аврупо;

Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо аз рӯи шартномаи Нисса ба чунин роҳҳои сиёсати он паҳн мешавад: савдо, кишоварзӣ, мигратсионӣ, нақлиёт, рақобат, андоз, иқтисодӣ, асъор, гумрукӣ, саноат, иҷтимоиёт, сиёсати маданӣ, шуғли аҳолӣ ва тандурустӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, инкишофи шабакаҳои нақлиёт ва энергетикӣ, тадқиқот ва инкишофи технологӣ, ҳамкории молиявӣ ва техникӣ бо мамлакатҳои дигар.

Ҳангоми таҳлили сиёсати Иттиҳоди Аврупо се равия мушоҳида мегардад:

– Иттифоқи иқтисодӣ ва асъорӣ;

Сиёсати умумии берунӣ ва сиёсати бехатарии Иттиҳоди Аврупо, ки дар он сиёсати аврупоии бехатарӣ ва мудофиа мавқеи асосиро дорад;

– Ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳуқуқӣ

Бо ташкили Иттифоқи иқтисодӣ ва асъорӣ сиёсати иқтисодии давлатҳои аъзо бо роҳи олотҳои савдоӣ ва сиёсати структурӣ (лоиҳаҳои умумиаврупоии ҳамлу нақл, экология, ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва тадқиқотҳо) амалӣ мешуд. Дар солҳои 90-ум маҷмӯи воситаҳои дигар ба кор андохта шуданд. Ташаккули ин иттиҳод ба ҷорӣ кардани асъори ягона-евро, ки асъори миллии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоро иваз кард, анҷом ёфт.

Сиёсати умумии берунӣ ва сиёсати бехатарӣ ба ҳамкории байнидавлатӣ тааллуқ дорад ва бо маҷмӯи ҳуқуқҳои созмон ба танзим дароварда намешавад. Аввалин ҳадафҳои сиёсати беруна дар шартномаи Рим нишон дода шудаанд. Онҳо хусусияти декларативӣ дошта, ба ду ҷиҳат такя мекард: изҳороти ҳамдилӣ бо собиқ мамлакатҳои мустамликавӣ ва хоҳиши таъмини равнақи онҳо дар асоси принсипҳои Низомномаи СММ; даъвати дигар халқҳои аврупоӣ барои муттаьидшавии Аврупо.

Дар солҳои 70-ум мавзӯи тараққиёти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ-сиёсӣ аз нав аҳамияти муҳим пайдо кард. Дар анҷумани вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзо 27-октябри соли 1970 маҷмӯи ҳамкории сиёсии Аврупо таъсис дода шуд. Вай дар худ механизми байнидавлатии мубодилаи байниҳамдигарии ахборот ва машварати сиёсиро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ таҷассум мекард. Мақсади асосии сиёсати мазкур инҳо буданд:

– муҳофизати арзишҳои умумӣ, манфиатҳои асосӣ, мустақилият ва ягонагии Иттиҳоди Аврупо мутобиқи принсипҳои Низомномаи СММ;

– ҳаматарафа мустаҳкам кардани бехатарии Иттиҳоди Аврупо;

– нигаҳдошти сулҳ ва мустаҳкам намудани бехатарии байналхалқӣ дар асоси принсипҳои Низомномаи СММ, Акти Хелсинки ва хартияи Париж;

-ривоҷ додани ҳамкориҳои байналмиллалӣ;

-инкишофи демократия ва қонуният, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон;

Созишномаи Амстердам механизмҳои амаликунии сиёсати умуми берунӣ ва сиёсати бехатариро васеъ ва мушаххас намуд, ки чунин роҳҳоро дарбар мегирад:

– муайянкунии принсипҳои асосии сиёсати берунӣ;

– қабули қарорҳо аз рӯи дурнамои умумӣ;

-мустаҳкам кардани ҳамкории байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар амаликунонии сиёсати онҳо.

Барои таъмини амалигардонии сиёсати мазкур мансаби Котиби Генералии Шӯрои Аврупо-намояндаи олии сиёсати беруна ва сиёсати бехатарӣ таъсис дода шуд. Вазифаи асосии вай бурдани гуфтушунидҳо бо давлатҳои дигар мебошад.

Ибтидои ҳамкорӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳуқуқӣ соли 1975 бо ташкили гурӯҳи байниҳукуматӣ дар ҳайати вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо оғоз ёфт. Вазифаҳои асосии он мубориза бо терроризм, назорати сарҳадӣ, ба танзим даровардани ҷараёни иммигратсионӣ, пешгирии ҳамлу нақл ва савдои маводи мухаддир мебошад. Аз миёнаи солҳои 80-ум давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи сиёсати дохилӣ ҳамкориро вусъат доданд. Соли 1985 созишномаи Шенген байни Франсия, Олмон, Белгия, Люксембург ва Нидерландия имзо шуд, мувофиқи он давра ба давра назорат дар сарҳади дохилии Иттиҳоди Аврупо бекор мегардид. Соли 1986 гурӯҳи махсуси корӣ доир ба муҳоҷират таъсис дода шуд.

Ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва корҳои дохилӣ дар асоси ҳамкории байниҳукуматии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бо чунин роҳҳо амалӣ мегардад:

– сиёсати пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ;

– назорат аз болои сарҳадҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо;

– сиёсати муҳоҷиратӣ;

– ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ;

-ҳамкории хадамоти миллии политсайҳо ва ташкили хадамоти политсоии Аврупо.

Дурнамои амалигардонии ҳамкориҳо дар соҳаи дохилӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои Созишномаи Амстердам ва саммитҳои Вена (с.1998), Тампер (1999) ва Брюселл (с.2001) мустаҳкам карда шуданд. Мувофиқи он дар масъалаи мубориза бо ҷинояткориҳои муташаккилона, савдои одамон, ҷиноятҳо бар зидди бачагон, савдои ғайриқонунии яроқ ва маводи мухаддир, коррупсия ва терроризми байналхалқӣ ӯҳдадориҳо қабул карда шуданд. Бо ин мақсад дар соли 2004 ташкили хадамоти адлияи Аврупо дар ҳайати прокурорҳои давлатҳои миллӣ, судяҳои олирутба ва афсарони политсия пешбинӣ шуда буд[3]


[1]Сиджански Д. Федералистское будущее Европы. От Европейского сообщества до Европейского союза. М., 1998

[2]Борхардт К.Д. Aзбyка права Европейского сообщества. / Серия «Европейский союз: Прошлое, настоящее будущее». Отв. ред. Борко Ю. А. -М.: Межд. изд. Группа «ПРАВО», 1994, с. 31.

[3]Шемятенков В.Г. Европейская интеграция. – М., Международные отношения, 2005

ҚаблӣЗаминахои бавучудоии Созмони Иттиходи Аврупо
БаъдӣСохтори идоракунии сиёси ва хукукии Иттиходи Аврупо