Шеър дар васфи Ватан

Якчанд шеър дар бораи Ватан меорем, шеърхо дар васфи Ватанам – Точикистон аз сайти Донишчу – www.Donishju.Net

Ватан, ишқи ту ифтихорам,
Ватан, дар раҳат ҷоннисорам.
Ватан, хоки покат биҳиштам,
Ватан, гулханат лолазорам.
Ба ман, ҳар куҷое, ки бошам,
Туӣ ҷонфизо, эй диёрам.
Ватан, ошиқам бар шукӯҳат,
Беҳ аз дур бувад санги кӯҳат.
Зи ту ҳамчу гул бишкуфад дил,
Агар дар хазон ё баҳорам.
Ватан, ишқи ту ифтихорам,
Ватан, дар раҳат ҷоннисорам.

Носир Таҳурӣ


МАДҲИ ВАТАН

Макони ҷовидони мо, Ватан,
Ҳаёти нурфишони мо, Ватан.
Замини поки ҳамнажоди мо,
Ҳавою обу нони мо, Ватан.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба мо ту қиблагоҳӣ, эй Ватан,
Ба мо ту сарпаноҳӣ, эй Ватан!

Ту сарзамини поки модарӣ,
Анису меҳрубону беҳтарӣ.
Миёни ҷумла кишварони даҳр,
Ту бошукӯҳ ягона кишварӣ.

Ба мо ту қиблагоҳӣ, эй Ватан,
Ба мо ту сарпаноҳӣ, эй Ватан!

Ки амри ту шиори халқи мост,
Канори ту баҳори халқи мост.
Ки парчаму ва гимни миллиат,
Ғуруру ифтихори халқи мост.

Ба мо ту қиблагоҳӣ, эй Ватан,
Ба мо ту сарпаноҳӣ, эй Ватан!

Озармеҳр


Ман бимирам аз бароят эй Ватан,
Мекунам ҷонам фидоят эй Ватан.
Санги хороят бароям гавҳар аст,
Ман бигирям аз бароят эй Ватан.

Кӯҳҳои сарбаландат лолазор,
Обҳоят ҳамчу қалбат беғубор,
Мардумонат софдилу хоксор,
Чор фаслат менамояд чун баҳор.

Эй Ватанҷонам, Ватанҷонам Ватан,
Ҳар хасу хорат маро бахшад чаман.
Булбулонат ҳар тараф чаҳ- чаҳкунон,
Фахр месозад зи ту дорад Ватан!!!

Умеда Шукурова


Аз лаби нонат, Ватан, ман қуввате пайдо кунам,
Дар лаби хонат, Ватан, хушсуҳбате барпо кунам.
Роҳаке кофи маро то бар муроди дил расам,
Дар кафе хокат, Ватан, ман хешро дунё кунам.

Эй Ватан, гавҳораи дерини аҷдодони ман,
Покии рӯҳ, покии ҷон, покии виҷдони ман.

Рӯзи сахте бар сарат омад, манам дар хизматат,
Кӯри беҳ бошам агар аз ғофилони қисматат.
Офате гардам ба офат то ки аз дӯшат фитад,
Медиҳам ҷону ҷаҳонамро ба ту бемеҳру хат.

Эй Ватан, гавҳораи дерини аҷдодони ман,
Покии рӯҳ, покии ҷон, покии виҷдони ман.

Дур афкан борро ман ҷони бебоки туам,
Посбоне рӯзу шаб дар хоку афлоки туам.
Чун чанорам бар сари хоки шаҳидонат, Ватан,
Хоки поки сарнавиштам, садқаи хоки туам.

Эй Ватан, гавҳораи дерини аҷдодони ман,
Покии рӯҳ, покии ҷон, покии виҷдони ман.

Холбой Ҷалил


АЛО, ЭЙ ҲАМВАТАН!

Ало, эй ҳамватан шукри замину ин замон фарз аст!
Ки ҷон додан барои марзу буми ин макон фарз аст!

Ватан яктост, модар ҳамрадифи ӯ агар донӣ?!
Ба Яздон саҷда кардан, дар Ватан ҳам бегумон фарз аст!

Дар оғӯши пуранвораш ҳамеша дилҷавон монем,
Ватанро дӯст доштан ҳам ба пиру ҳам ҷавон фарз аст!

Ватан аз баҳри мо ганҷинаи мероси аҷдод аст,
Варо чун гавҳари чашм ҳифз кардан ҳар замон фарз аст!

Чу Рустам чун Сиёвуш беҳтарин гурди Ватан бошем,
Ба душман ҳамла овардан ба тиру бо камон фарз аст!

Ватандорӣ далели будани имону виҷдон аст,
Садоқат дар Ватан, дар асли худ то ҷовидон фарз аст!

Биё, эй ҳамватан таъмири ӯ бо хишти ҷон созем!
Барояш ошиқона ҷон супурдан як ҷаҳон фарз аст!!!

Илҳом Эшонзода


Шеър дар васфи Ватан, шеъри точики дар бораи ватан.

Шеърхо дар васфи ВАТАН

ҚаблӣҶанбаҳои асосии инкишофи ақлии (фикрии) шахсият
БаъдӣИфтихор аз ватан дорем