Шеър дар васфи Зимистон

Зимистон асту зери пардаи ях
Ба хоби ноз рафта ҷӯйборон.
Магар дар хоби худ хобе бубинанд
Ба ёди рӯзҳои навбаҳорон.

Ки ҷӯе медиҳад овоз бар ҷӯй
Зи пушти парда ҳамчун роздорон.
Ба худ печанду ҷӯшанду хурушанд
Зи нури офтоби бомдодон…

Хаёли резаборони баҳорӣ,
Хаёли марғзорони расида,
Ба мисли кӯдаки парпечбаста
Ҳамекӯшанд пову пар кашида.

Ки боз аз зери ях озод гарданд,
Ба истиқболи дарё роҳ ҷӯянд,
Ба гӯши сабзаву себаргаву гул
Аз он хоби зимистон қисса гӯянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ


Дигар маводҳои монанд:

Зимистон шуд (шеър)


Шеър дар бораи Зимистон, фасли зимистон, зимистон шеър, фасли зимистон шеър, зимистон шер, шеър дар фасли зимистон, сухан дар бораи зимистон, шеъри зимистон, шери зимистон, шеър дар бораи фасли зимистон.

ҚаблӣСоли нав муборак! Табрикоти соли нави
БаъдӣШеър дар бораи барф