Суруду тарона (дар адабиёт)

Суруду тарона аз навъҳои маъмултарини назми қадимаи халқӣ ҳисоб меёбанд. Суруд шеърест, ки маҳз барои сароидан эҷод шудааст. Он як жанри мусиқии овозӣ (вокалӣ) низ мебошад. Сурудҳо аз рӯйи шакл, сохт, тарзи иҷро ва услуб ду хеланд: 1) халқӣ ва 2) касбӣ. Мувофиқи мазмуну мундариҷа бошад, сурудҳо инқилобӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, лирикӣ мешаванд.

Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдорӣ

Сурудҳои халқии тоҷикӣ таърихи беш аз 3000 – сола доранд. Аввалин сурудҳои ниёгони тоҷикон дар Авесто ва адабиёти паҳлавӣ ба назар мерасанд.

Сурудро дар маҳалҳои тоҷикнишин байт, ашӯла, ғазал, мухаммас, нағма ва соз ҳам меноманд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сурудҳо дар тавсифи офтоб, моҳ, абру борон, фаслҳои сол, маросимҳои тӯю сур, мотам, раванди меҳнат ва дигар урфу одатҳо таърихан қадимаанд. Дар эҷодиёти шифоҳии халқ сурудҳои лирикӣ бештар ба назар мерасанд.

Сурудҳои ҳаҷвӣ ва маишиву оилавӣ ҳам ба қатори сурудҳои халқӣ дохиланд. Аксаран сурудҳои халқӣ муаллиф надоранд.

Духтари муқаддас (Асари Мирзо Турсунзода)


Адабиёти шифохи ё фолклор, Суруд чист? Тарона чист? Суруд дар адабиёти точик, сурудхои точики.

ҚаблӣОмӯзиши забони англисӣ — Изҳори хурсандӣ дар вақти вохӯрӣ
БаъдӣСурудҳои таърихӣ