ТАБИАТ, МОҲИЯТ ВА МАВҶУДИЯТИ ИНСОН

 Бар хилофи иҷтимоият, тамадуну маданият ва фарҳанг, дар зери мафҳуми табиат ҳама он чи ки худи инсон наофаридааст ва намеофарад, ҳамаи он протсессҳо, ашёҳо, ҳодисоту руйдодҳоеро мефаҳмонад, ки дар олами табиӣ вуҷуд доранд. Барои ҳамин ҳам, мафҳуми умумии «табиат»-ро аз «табиати инсон» бояд фарқ кард, ҳарчанд, ки табиати инсон ба сабаби хамбастагӣ доштани он бо табиати объективӣ, берун аз он пайдо шуда, вуҷуд дошта наметавонад.

Тассавуротҳо дар бораи табиати инсон ҳамчун суратгирии воқеӣ гардидани хусусияту сифатҳои он аз дигар мавҷудоти зинда фарқунанда мавриди баҳсу мунозираҳои зиёд дар илму фалсафа буд ва то имрӯз давом доранд. Маънидодкуниҳои табиати инсон дар фалсафа гуногунранг ва хилофи якдигаранд. Арасту онро инсони «боақл» ва «ҳайвони сиёсӣ», Б.Франклин – «ҳайвоне, ки олоти меҳнат месозад», Б.Шелер онро «ҳайвони корӣ» ва «ҳайвони ношукр», Гелен — «ҳайвони номуайян» Нитсше — «ҳайвони мариз», Декарт — «ашёи (чизи) тафаккуркунанда» меноманд. Дар фалсафаи постмодерн онро «инсони бозингар», дар таълимотҳои дигар «маймуни девона, ки ба касалии рӯҳӣ гирифтор аст» ва сифатҳои дигари онро номбар мекунанд. Мавҷудияту зиндагии онро гоҳ беарзиш, гоҳ дорои арзиштҳои беҳамто ва олитарин муайян мекунанд. Б.Паскал онро «найшакари таффакуркунанда» меномид. Бо ин ӯ гуфтан мехост, ки инсон мавҷуди ба бемувафақиятӣ маҳкум шуда аст, онро тарсу ҳарос аз олам таҳдид мекунад, комёбиҳои ба даст овардаи он муваққатӣ ва даргузаранд.

Ҳангоми баррасии муносибати инсон ба табиати беруна ва ҳастии он дар ин табиат, бояд ба он аҳамият дод, ки худи инсон аз як тараф мавҷуди табиист, пайдоиши табиӣ дорад ва бо тану бадани худ ба табиати зинда мансуб аст. Аз тарафи дигар, аз табиати беруна «ҷудо шуда», дар ҳудуди он зиндагӣ ва фаъолият мекунад, вале тарзи зиндагӣ ва фаъолияташ фақат табиӣ нест. Яъне зиндагии иҷтимоӣ ҳам дорад. Ин маънои онро дорад, ки инсон табиати интегративӣ, муштарак, яъне табиати биологиву иҷтимоӣ дорад. Табиати инсон мазмуну зуҳуроти психикӣ низ дорад, ки дар заминаи ҳампайвастагӣ ва ҳамтаъсириҳои омилҳои табиӣ-биологӣ ва иҷтимоӣ зиндагии он ташаккулу инкишоф меёбанд. Тани биологӣ-органикии он дар протсесси зиндагиву фаъолияташ дорандаю барандаи рӯҳу маънавият, иҷтимоият буда, охириҳо ифодакунандаи вазъияту ҳолатҳои мудом тағйиру инкишофёбандаи тану бадани он мешаванд. Таносуби онҳоро назарияи монистии инсоншиносӣ баррасӣ мекунад. Ин назария пеш аз ҳама онро ба асос мегирад, ки психикаи инсон вазъияту ҳолатҳои гуногуну тобеъияти тафакури он ба фаъолияти инъикоскунӣ ва мантиқии майнаи сари он вобаста аст ва ин охирӣ узви асосии бадани тому ягонаи он, асоси материалии рӯҳу равон ва қобилияти пайдо кардани маънавият ва воқеъият доштани он аст. Берун ва новобаста аз ин асоси бунёди материалӣ, ягон манбаъ ё роҳи дигари пайдоиши психика, тафаккур ва маънавияти инсонӣ вуҷуд надорад.

Табиати инсон — ин масъала дар бораи фарқияти инсон аз тамоми мавҷудоти дигари зиндаи табиат ва сифатҳои зотии он ҳамчун мавҷуди хоссаи табиӣ аст. Табиати инсон чунон фароху универсалӣ аст, ки он ҳамон геномаш, аз ҳолати ҳайвонӣ баромада, ба ҳолати ёбоӣ гузашт, аз он ба тамаддун ва қуллаҳои пешрафти иҷтимоӣ, техникӣ, технологӣ ва фарҳангии ҷаҳони имрӯза омада расид. Дар протсесси таърихии худ қуллаҳои навро паси сар мекунад. ӯ ёбоӣ буд, ба ғуломӣ гузашт, аз ғуломӣ ба ҳолати феодалӣ, аз он ба ҳолати капиталист, буржуй, сотсиалисту коммунист гузашт. Имрӯз ҷамъияти индустриалӣ ва постиндустриалӣ сохта истодааст, кайҳонро фатҳ карда истодааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Табиати инсон хеле мураккабу зиддиятнок аст. Аз ин сабаб барои худшиносии худи инсон ҳамчун муаммо пеш меояд. Аз як тараф, инсон мавҷуди табиӣ-ҷисмонӣ, дорои бадани (тани) худ ва тобеи қонунҳои биологӣ-физиологӣ мебошад. Он дорои талабот, майлу рағбатҳои физиологӣ аст, инстинктҳои табиӣ дорад, ба тарсу ҳарос меафтад, ба қаҳру ғазаб меояд, ба касалиҳо гирифтор мешавад, аз худ насл мегузорад, наслҳои он мутобиқи қонунҳои табиӣ-биологӣ паи ҳам пайдо ва иваз мешаванд.

Аз тарафи дигар, табиати инсонро бе шуур, ақл, қобилияти маърифату маънидодкунии олами атроф, худшиносӣ, худсозии иҷтимоиву мадании он тасаввур кардан мумкин нест. ӯ мавҷуди бунёдкор аст, худ ва олами атрофашро тағйир медиҳад, бошуурона дигаргун месозад. ӯ метавонад қонунҳои объективии оламро маърифат кунад, ҳатто вақте, ки ин қонунҳо бевосита талаботи биологии онро қонеъ намегардонанд. ӯ дорои маънавият, одобу ахлоқ аст, қобилияти худдорӣ кардан аз майлу рағбатҳои инстинктивӣ-табиии худро дорад. Ин ё он тарзи рафтору амал кардани худро бошуурона интихоб ва муайян мекунад. Ақлу хирад, шуурнокӣ, мақсаднокӣ, маърифатнокӣ паҳлӯҳо ва ҳадду ҳудудҳои табиати он буда, онро аз тамоми мавҷудоти зиндаи дигари табиат фарқ мекунанд.

Табиати инсон мутаҳаррику тағийрёбанда аст. Инсон худро ҳамчун шахс, бунёдкор месозад ва тағйир медиҳад, тарзу шаклҳои зиндагии худро гуногунранг мегардонад. Табиати инсонро бо ин ё он зуҳуроти он маҳдуд кардан мумкин нест, зеро он тому ягона буда, ҳам мутаҳаррик аст ва ҳам зуҳуроти консервативӣ дорад. Мутаҳаррикӣ ва зуҳуроти консервативии он манбаъи такомулёбию инкишофи он аст.

Дар атрофии мафҳуми «моҳияти инсон» низ аз қадимулайём баҳсу мунозираҳои зиёд давом доранд. Дар яке аз маънидодкуниҳои ин мафҳум онро ба асос мегиранд, ки моҳияти инсон дар маънавият ва қобилияти маърифативу оламшиносии он зоҳир мешавад. Вале чунин фаҳмиши моҳияти  инсон маҳдуд ва яктарафа аст. Маҳдуд сохтани моҳияти инсон бо маънавияте, ки дар таълимотҳои динӣ ва эзотерӣ ҷой дорад, онро аз ягон ҷиҳат айниятнок ифода карда наметавонад. Мувофиқи ин фаҳмиш, моҳияти асосии инсон бо оламе, ки дар он инсон вуҷуд дорад, ягон муносибате надорад. Аз рӯи ин фаҳмиш, худо ба инсон рӯҳ ва ҷон додаст, ки ба туфайли онҳо ӯ аз инстинктҳо (ғаризаҳо) ва талаботи бадани худ боло меистад, ҳаргуна васваса ва мафтуниҳои зиндагии материалиро паси сар мекунад, аз онҳо даст мекашад. Инсон доранда ва барандаи рӯҳ аст. Дар рӯҳи он моҳияти илоҳии он ниҳон аст.

Мутобиқи таълимотҳои эзотерӣ, моҳияти инсон дар «монадаи рӯҳӣ» (воҳиди рӯҳӣ) будани он зоҳир мешавад. Ин монада аз як одам ба одами дигар, аз як зиндагӣ ба зиндагии дигар мегузарад, ҷисми одамиро такмил медиҳад, чунки воситаи ягонаи камолоту такмилдиҳии инсон аст. Ҳамаи омилҳои дигари зиндагии инсон фонӣ  ва гузаро буда, барои инсони комил шудани он аҳамияти муайянкунанда надоранд.

Мувофиқи фаҳмиши дигар, моҳияти инсонро ақлу хиради он ташкил медиҳад. Тамоми ратсионализми (таълимотҳои ақлгароии) аврупоӣ ин ақидаро тарафдорӣ мекунад. Чунин фаҳмиши моҳияти инсон асосан дар Замони нав пайдо шуд. Тарафдорони таълимоти мазкур чунин меҳисобанд, ки ақл ягона омили хосса ва мустақиле аст, ки инсонро аз ҳайвон фарқ мекунонад. Ин фарқият дар қобилияти тафаккуриву мантиқии инсон ва худмаърифатии он, инчунин дар олами берунаро маърифат кардани он зоҳир мешавад. Ақл ба инсон имкон дод, ки аз олами ҳайвонот ҷудо шавад, сарвату қувваҳои табииро ба нафьи худ истифода барад, ки ин гарави ҷамъиятсохтан, дар ҷамъият зиндагӣ ва пешравии инсон буд.

Фаҳмиши маънои ҳаёт барои ҳама якхела нест, яъне ҳамеша  фаҳмиши фардӣ аст. Дузд, фоҳиша, фиребгару корчалон ва дигар унсурҳои ҳаромхӯру ҳаромкор маънои зиндагии худ ва таиноти онро дар машғулияту касби пайдо кардаи худ мебинанд ва аз даст додани ин касбу ҳунарҳои ҳарому қалбакӣ то андозае барои онҳо бемаънӣ шудану гум кардани маънои зиндагии онҳоро дорад. Чунин фаҳмиши маънои зиндагӣ хоси унсурҳои дигари муфтхӯри ҷамъият ҳам ҳаст. Вале фаҳмиши умумиинсонии маънои ҳаёт вуҷуд дорад, ки хоси ҳамаи одамон буда, бунёдкорӣ, созандагӣ, эҷодкорӣ ва накӯкории онҳоро ифода мекунад.

Мувофиқи фаҳмиши дигар, моҳияти инсон дар меҳнат, фаъолияти истеҳсолӣ-предметӣ, муносибатҳои ҷамъиятии он зоҳир мешавад. Ин фаҳмиш ба марксизм тааллуқ дорад. Мувофиқи ин фаҳмиш, инсон на фақат мавҷуди табиист ва ба табиат мутобиқ мешавад, балки дар рафти фаъолияти меҳнатӣ-истеҳсолӣ ва предметии худ олами атрофро фаъолона ба талаботу мақсадҳои худ мутобиқу дигаргун месозад. ӯ олами предметӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии худро бунёд мекунад, ки пеш аз ин дар ягон шакли тайёр вуҷуд надошт, дар шакли тайёр дода нашудааст ва дода намешавад. Зиндагии инсон дар ҷамъият, ба замми зуҳуротҳои дигари он, зиндагии предметӣ аст. Бе предметҳо зиндагиву маишат ва фаъолияти маънавии онро тасаввур кардан мумкин нест. Дар ҳамаи тарзу шаклҳои фаъолияту муносибатҳои ҷамъиятии он предметҳои бунёдкардааш ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо предметҳои меҳнат, маишат, маданият, муошират, коммуникатсия ва дигар ҷабҳаҳои зиндагии инсонанд (Дар ин хусус муфасал сухан дар боби оянда меравад).

Олами предметро, ки инсон офаридааст, Карл     Маркс олами маданӣ («мир культуры»), «табиати инсонигардонидашуда» («очеловеченная природа») номида буд. Бо меҳнати бунёдкоронаи худ инсон олами атрофро дигаргун сохта, худашро ҳамчун мавҷуди оқил ва универсалӣ ташаккул медиҳад, чунки ӯ на фақат аз рӯи андозаи намуди биологии худ, ҳамчунин аз рӯи андозаи дигар мавҷудоти зинда низ бунёд мекунад, аз ҷумла аз рӯи андозаи қонунҳои зебоиву нафосат. Ба замми мавҷуди биологӣ буданаш, он боз мавҷуди меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва маданиву фарҳангӣ аст. Меҳнати ӯ мазмуну моҳияти ҷамъиятӣ дорад, наметавонад ҳамчун инсон вуҷуд дошта бошад. Азхудкунии табиат, дигаргун сохтан ва қисман ба маданият табдил додани он ҳамеша ба ҳамкории одамон, меҳнати якҷояи онҳо вобаста аст. Ин протсесс берун ва новобаста аз муносибатҳои ҷамъиятии онҳо вуҷуд надорад, балки дар ҳудуди муносибатҳои муайяни ҷамъятии бо ҳам доштаи одамон ба амал омада, онҳоро бо ҳам мепайвандад. Одамон бо ҳазорҳо риштаҳо ва муносибатҳои ҷамъятӣ печонида шудаанд. Онҳо яккаву танҳо ва худ бо худ кору зиндагӣ карда наметавонанд. Аз ин ҷост, ки дар фалсафаи марксизм моҳияти инсон ҳамчун маҷмӯъи (ансамбли) муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян карда мешавад. К.Маркс кулли муносибатҳоеро, ки ҳазорсолаҳо вуҷуд доштанду ҳоло ҳукумрон нестанд, дар назар надорад, балки муносибатҳоеро дар назар дорад, ки алҳол дар ҷамъияти муайян ҳукумрон буда, фарогирандаи тамоми аҳли ҳамин ҷамъиятанд. Маълум, ки инсонҳо дар типҳои ҷамъиятҳои алоҳида, ки дар онҳо зиндагӣ, кору фаъолият мекунанд, имконияти азхуд кардан ва ба моҳияти худ табдил додани кулли муносибатҳои ҷамъиятиро дар тамоми таърихи иҷтимоияшон надоранд. Онҳо ба муносибатҳои муайяни ҷамъиятиашон дар ин ё он давраи таърихӣ сару кор доранд, фаъолият ва зиндагӣ мекунанд. Ин муносибатҳоро одамон аз худ мекунанд ва ба моҳияти иҷтимоӣ-инсонии худ табдил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳамчун инсонҳои ҷамъиятишуда зиндагӣ мекунанд ва ҷамъияти онҳо ҳамчун ҷамъияти инсонӣ вуҷуд дорад.

Муносибатҳои ҷамъиятиро фақат ба маънои муносибатҳои истеҳсолӣ, моливу пулӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ фаҳмидан мумкин нест. Онҳо аз кулли муносибатҳое, ки ҷамъиятро ташкил медиҳанд, иборатанд; дар қатори муносибатҳои истеҳсоливу иқтисодӣ муносибатҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, муносибатҳои ба табиат доштаи одамон, муносибатҳои фарҳангӣ ва боз садҳо муносибатҳои дигарро дар бар мегиранд. Ин муносибатҳо – муносибатҳои ҷамъиятии инсонҳо ва муносибатҳои инсонии ҷамъият мебошанд. Ин муносибатҳо низ, аз ин нуқтаи назар, ба моҳияти инсон дахл доранд, ҷавҳари онро ташкил медиҳанд.

Баъзе аз файласуфон ба таърифи (формулаи) К.Маркс дар хусуси он, ки «моҳияти инсон» муҷарради ба фарди алоҳида хос не, балки маҷмӯи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад», эрод мегиранд, вале онҳо хато мекунанд. Одамон дар ҳақиқат берун аз муносибатҳои ҷамъиятӣ, бе меҳнату фаъолияти истеҳсолӣ-предметӣ, фарҳангиву маданӣ инсон намешуданд ва моҳияти инсони ҳам пайдо карда наметавонистанд.

Моҳияти инсон на дар мавҷудияти ҷисмонии он, балки дар зиндагии мазмунан ғанию бунёдкорона, дар ақлу заковат, меҳнат забону муошират, қобилияту талаботи эҷодкорӣ ва озодии он зоҳир мешавад. Дар бунёдгариву бунёдкориву муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста, инсон ба шароитҳои объективии зиндагӣ мутаносиб бо қобилияту талаботҳои ҳамеша афзоишёбандааш олами маънавии худро низ эҷод мекунад, ки зуҳуроти муҳими моҳияти инсониаш аст. Идеалиёт, ғоянокӣ, мақсаднокӣ ба ӯ имконият медиҳад, ки субъекти эҷодӣ, озодӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии хеш бошад, олами атрофро мутобиқ ба талабот ва мақсадҳои таърихан афзояндаи худ дигаргун созад.

Маънавият ҳам паҳлӯю таркибдиҳандаи моҳияти инсон аст. Бе фаъолияти маънавии инсон фарҳанг — падидаи нав дар олам пайдо намешуд. Идеалиёту идеалнокӣ, маънавият, тафаккури ақливу мантиқӣ ба инсон имконият медиҳанд, ки фарҳангро эҷодкорона бунёд намуда, такмил диҳад, онро ба сифати воситаи маънавии дигаргунсозии олам истифода барад. Фарҳанг худ ба худ пайдо нашудааст ва бе инсон вуҷуд дошта наметавонад. Он — фарҳанги инсонӣ ва барои инсон аст.

Мафҳумҳои «табиати инсон» ва «моҳияти инсон» ҳарчанд, ки ба ҳам наздиканд, вале аз рӯи маънояшон фарқ доранд. Чи хеле пеш аз ин зикр кардем, вақте, ки дар бораи табиати инсон сухан меравад, пеш аз ҳама фарқияту бартариятӣ инсон нисбати ҳайвон дар назар дошта мешавад. Ҳайвон табиати додашуда дорад, аз ҳудуди он берун намебарояд. Инсон табиати яку якбора додашуда ва шахшуда надорад. Табиати ӯ доимо дар ҷунбишу тағйирёбӣ аст. Инсон мутаносибан бо протсесси таърихие, ки ӯ аз сар мегузаронад, табиати худро такмил медиҳад. «Инсон, —  гуфта буд К.Маркс, — ҳаракати мутлақи ташаккулёбӣ аст». Ин ҳаракат ногусастанист, то он даме, ки худи инсон ва ҷамъияти инсонӣ вуҷуд доранд. Мутаносиб бо пешрафти таърихии инсон табиати он ҳам такмил меёбад ва дар як ҳолат намемонанд, сифатҳои нав пайдо мекунад.  Иштибоҳ мебуд, агар мегуфтем, ки инсон бо табиати худ аблаҳу доно, некхоҳу бадхоҳ, худпарасту худнамо, ҷангҷӯю сулҳхоҳ, ғулому подшоҳ, демократу коммунист аст. Инсон табиати универсалӣ дорад. Ҳамаи сифатҳои номбаршуда ва ба ин монанд садҳо сифатҳои дигарро инсон дар зиндагии худ пайдо ва гум мекунад.

Инсон дар системаи табиии мавҷудоти зинда, ҳамчун ҳайвони хосса аз олами ҳайвонҳо берун баромадааст, инсон ҳамчун намояндаи «зоти инсон» (рода «человек»), яъне намояндаи инсоният, инсон ҳамчун фард, шахс. Фақат инсон анъана, хотираи таърихӣ, эҳсосоти олӣ, қобилияти фикр кардан, ҳисоб кардан, расм кашидан ва ба хаёлот дода шуданро дорад. Барои ҳамин ҳам бо як мафҳум ва як ҷумла муайян кардани табиати инсон басо мушкил аст. Ҳамаи сифатҳое, ки дар боло номбар шуданд, таърифи пурраи табиати инсонро ифода карда наметавонад ва дар айни замон зуҳуроти паҳлӯҳои гуногуни онанд.

Кӯшишҳои муайян намудани табиати мутлақи инсон натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Мушкилоти муайян намудани табиати он ба табиат ва ҷамъият, ба тан (бадан) ва рӯҳонияту маънавият мансубият доштани он аст. Гап дар мувозинату созгории тан ва рӯҳ (маънавият), паҳлӯҳои табиӣ ва иҷтимоии он аст. Дар ин мувозинату созгорӣ тарафи муайянкунанда иҷтимоият аст. Пеш аз ҳама барои он, ки дар эволютсияи пай дар пай ва зинавӣ давомёбандаи материя шакли ҳаракати иҷтимоии он аз шакли ҳаракати биологии он боло меистад, шакли олии он аст.

Дар фарҳанги аврупоӣ оид ба табиату моҳияти инсон се назария вуҷуд дорад: кайҳонмарказӣ(космосентризм), худомарказӣ (теосентризм), инсонмарказӣ (антропосентризм). Мутаносибан, ин назарияҳо дар Дунёи қадим, Асрҳои миёна ва Замони нав пайдо шуданд.

Кайҳонмарказӣ маънои онро дорад, ки кайҳон яктову ягона ва инсон дар он кайҳони хурд (микрокосм) ё модели зиндаи он аст, ҳама он чизе, ки дар кайҳон ба вуқӯъ мепайвандад, дар шакли хурд дар зиндагиву фаъолияти инсон низ ба вуҷуд меояд. Дар тасаввуроти юнониёни қадим, инсон бо ашёҳо зинда аст ва фақат барои кайҳони ҷинсҳои физики вуҷуд дорад. Беҳуда нест, ки фалсафаи қадимаи юнониён асоси ҳамаи он чизеро, ки дар олам вуҷуд дорад, дар унсурҳои материалӣ — об, оташ, ҳаво, ва хок ҷуста, бо онҳо муайян мекард, масалан дар мактаби фалсафии Милет. Дар тасаввуроти юнониёни қадим, сараввал калимаи «идея» маънои «симои дидашаванда» ва «намудҳои зоҳирӣ» — ро дошт. Ҳатто калимаи «рӯҳ», чи хеле, ки А.Ф.Лосев, дар тадқиқотҳояш муайян кардааст, «идеяҳо»-и Афлотун («ашёҳо»-и эҳсосшаванда, сояи «идеяҳо») дар дохили ашёҳо вуҷуд доранд ва онҳоро ба ҳаракат медароранд: аз ин ҷост, ки нафақат инсон, ҳайвонҳо, балки растаниҳо ҳам ҷон доранд. Дар тасаввуроти юнониёни қадим, инсон бо тамоми баданаш фикр мекунад, барои беҳтар фикр кардан, ӯ бояд тез, чолокона давида тавонад, хубтар дискро партояд, аз камонак хубтар тир паронад,  бо маҳорати баланд гуштин гирад. Дар таълимотҳои кайҳонмарказӣ манзараи олам ба табиат, инсон, ҷамъият ҷудо карда намешавад, балки онҳо ҳамчун як системаи том ва аз ҳамдигар канданашаванда тасаввур карда мешаванд.

Мувофиқи таълимоти худомарказӣ, дар оғози таърихи олам худои яккаву ягона истодааст. Инсонро худо ба худ монанд ва мувофиқи тарзи зиндагии худ офаридааст. Вале инсон дар назди худо гунаҳгор аст, чунки бар хилофи иродаи худо рафтор кард (инҷо гап дар бораи «гуноҳ»-и дар биҳишт содир кардаи Бобои Одам ва Момоҳаво меравад). Худо муайянкунандаи рафтору кирдор ва амали инсон, зиндагӣ ва марги он аст. Инсон ба худ эътимод надорад, ба худо эътиқод дорад. Вай ба он дунё, ба охират нигаронда шудааст, зиндагиаш дар ин дунё фонӣ ва даргузар аст. Ин дунё, мисли худи инсон, дар таълимотҳои худомарказӣ дар воқеияти ҳақиқии онҳо баррасӣ нашуда, фақат ҳамчун лаҳзаи ҳаракати онҳо ба сӯи худо маънидод карда мешавад. Инсон худ ба худ бори вазнини гуноҳ ва манбаъи ғаму андӯҳ аст. Дар таълимоти худомарказӣ ҷони «абадзинда» ва «тани миранда» муқобил гузошта мешавад. Ин таълимот ба инсонҳо талқин мекунад, ки ба наҷот додани ҷон диққат диҳанд ва ба парастиши тани хеш машғул нашаванд, чунки ҷон ва худо якдигарро ба худ ҷазб мекунанд. Таълимоти худомарказии муосир ҳеҷ кадом категорияи кайҳонмарказии қадимро, аз ҷумла субстансия, сабаб, заруратро эътироф намекунад, чунки ҳисобида мешуд, ки ин категорияҳо барои фаҳмиши муносибати «инсон», худо ва он дунё татбиқнашавандаанд. Зиндагии инсон дар ҳамаи зуҳуротҳояш «иродаи худо» аст. Бе иродаи худо инсон ягон донишро пайдо карда наметавонад, донишро ба ӯ худо медиҳад, бе иродаи худо ҳатто як тор мӯи сари ӯ канда намешавад.

Симои инсонӣ дар Замони нав антропотентрӣ-инсонмарказӣ аст. Мазмуни фалсафаи инсонмарказиро ақидаву тасаввуротҳое ташкил медиҳанд, ки мувофиқи онҳо, одамон ба олам аз рӯи мавқеи манфиату талаботҳои худашон муносибат мекунанд. Ин таълимот инсонро дар маркази олам мегузорад, оламро аз рӯи мақсаду ниятҳо, манфиату талаботҳои он баррасӣ ва маънидод мекунад.  Гузариш аз кайҳонмарказӣ ба инсонмарказӣ бо номи Суқрот алоқаманд аст. ӯ табиати инсонро тавре муайян мекунад, ки доимо дар ҷустуҷӯ ва такмилдиҳии худ аст. Вале зиндагии инсон набояд «гуфтугӯ бо худ» — монологӣ, балки «гуфтугӯ бо дигарон» — диалогӣ бошад. Инсон ба саволҳое, ки зиндагӣ ба пеши ӯ мегузорад, ҷавоб дода, ба туфайли он ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон ҷавоб медиҳад, мавҷуди дорои масъулиятшиносӣ ва субъекти ахлоқ мешавад.

Антропосентризм системаи ақидаҳоест, ки мувофиқи он инсон маркази олам ва мақсади ҳамаи рӯйдодҳое, ки дар он ба вуқӯъ мепайванданд, мебошад. Дар айни замон антропосентризм фалсафаи ҳал намудани проблемаҳое аст, ки на аз олам ба инсон бармеоянд, балки баръакс, аз инсон барои олам бармеоянд. Аввалин бор ин фаҳмиш аз ҷониби файласуфони давраи Эҳё ба миён гузошта шуда буд.

Декарт дар формулаи худ «меандешам, пас вуҷуд дорам» асоси мутлақи вуҷуд доштани худо, «ҷони ҷовидонӣ», «олами анҷомёфта» ва мақоми инсонро дар он ифода мекунад. И.Кант дар шаклҳои априории эҳсосот ва фаъолияти ақливу фикрии инсон асоси вуҷуд доштани ҳам табиат ва ҳам маърифати мутлақ, ҳамчунин дар «идеяҳои модарзодии ақл», (худо, ҷони ҷовидон, иродаи озод) принсипҳои танзимсозии фаъолияти амалӣ ва назариявии инсонро мебинад. Дар ҷавоб ба ҳукмронии идеяҳои идеализми мутлақ ва логитсизми (панлогизми Гегел) солҳои 30-уми асри XIX, аз як тараф, антропологизми натуралистии Л.Фейербах ва аз тарафи дигар, антропологизми ирратсионалистии Киеркегор дар шакли экзистенсиализм ба вуҷуд омад, ки баъдтар дар мактаби «фалсафаи антропологӣ», персонализм ва хусусан экзистенсиализми К.Ясперс, М.Хайдеггер (Олмон) Ж.-П.Сартр (Франсия) инкишоф дода шуд.

Антропосентризм протсесси маърифати оламро бо қобилияти аз ҷониби инсон баҳо додан ба олам муайян мекунад, оламро «олами инсоншуда», яъне ҳамчун оламе маънидод мекунад, ки аз рӯи андозаи инсон бунёд шудааст. Оламу одам дар таъбири антропосентризм параллел ва ба таври изоморфӣ вуҷуд доранд. Дар ин таълимот худо аз зиндагии инсон берун бароварда мешавад, яъне инсон аз худо ҷудо мешавад. Акнун вай фақат ба худаш бовар мекунад. Антропосентризм ба ҷои худо «одамхудо»-ро мегузорад.

Рене Декарт кашфиёти нав кард — инсонро «ашёи тафаккуркунанда» номид. Чашмони одамон, ки асрҳои зиёд ба осмон нигаронида шуда буданд, ба ботини худи инсон нигаронида шуданд. Субъективияти инсон воқеияти аз ҳама воқеитар муайян карда шуд. Бар замми он, ҳама он чие, ки вуҷуд дорад, субъективияти инсон эълон карда шуд. Формулаи зикршудаи Декарт — «меандешам, пас вуҷуд дорам», дар хусуси эҳё гардидани ратсионализми дунёи қадим ҳамчун оппозитсия ба теосентризм шаҳодат медиҳад. Антропосентризм маърифатро соҳаи асосии фаъолияти инсон эълон кард. Мувофиқи он, оламро қонунҳое идора мекунад, ки ба қонунҳои хиради инсонӣ рост меоянд. Ҳаргуна лоиҳаи иҷтимоӣ, ҳатто лоиҳаҳои ормонӣ (утопиявӣ), ба туфайли мувофиқаташон ба ин қонунҳо метавонанд воқеӣ гардонида шаванд. Тарзи воқеӣ гардонидани ин лоиҳаҳо маърифат ва тарбия мебошанд. Муносибати инсон ба табиат — муносибати ҳукмронӣ ва итоаткорӣ ба он аст. Идеяи насронии ҳаракат ба мулки илоҳӣ ба идеяи пешрафти ҷамъиятӣ иваз мешавад. Худи инсон ашё, предмет аст (таъбири Х.Ортега-и-Гассет), бо ашёҳо вуҷуд дорад ва бо ашёву предметҳо кор мекунад. Ин гуна ақидаҳо оғозёбии «парадигмаи фаъолиятнокӣ» аст, ки дар ҳудуди он инсони Замони нав худро маърифат мекунад ва мешиносад. Парадигмаи фаъолият ва фаъолиятнокӣ бештар дар таълимотҳои Гегел, Фихте, Фейербах, Маркси ҷавон таҳлилу баррасӣ шудааст.

Проблемаи инсон дар антропологияи постмодерн (солҳои 80-уми асри ХХ ба вуҷуд омад, намояндагони он Ж.Деррида, Ж.Батай, П.Рикер, Р.Барт, Ю.Хабермас) ба таври хеле хосса ва ғайримуқарарӣ баррасӣ ва муҳокима карда мешавад. Инсоншиносии постмодерн ба фалсафаи ирратсионалии охири асри XIX-аввали асри ХХ такя карда, аз арзишҳои ақлонӣ даст мекашад. Дар постмодерн зиндагӣ ва озодии шахсӣ барои инсон аз тамоми дигар арзишҳо муҳиму воло аст. «Инсон бояд беҳадду ҳудуд», «ҳоло ва инҷо» зиндагӣ кунад, рафтору кирдор ва амалҳои худро бо ақли худ андоза накунад, зиёда аз он, ба таъбири постмодерниён, инсон ақли мулоҳизаронӣ ва баҳодиҳӣ надорад. Ақл инсониятро ба тангкӯчаи сарбаста даровард ва ба фалокати глобалӣ (ҷаҳонӣ) дучор гардонд. Аз паи ҳақиқатҳои устувору раднопазир ва ғояҳои абстрактӣ шуда, ақл инсониятро гирифтори ҷангу инқилобҳо гардонд. Аз инҷост, ки постмодерниён ба хулосае омаданд, ки ба ақл, мантиқ ва илм бовар кардан мумкин нест. Инсон на аз рӯи ақл, балки бо ҳукми эҳсосоту интуитсия ва ҳаргуна бозиҳо амал мекунад. «Инсони оқил» имрӯз дар ягон ҷабҳаи зиндагӣ ақл нишон дода наметавонад. Проблемаҳои ҳақиқат, пешрафту камолоти инсоният ва дигар проблемаҳое, ки фалсафа баррасӣ ва «ҳал» мекунад, бардурӯғанд, мегӯянд постмодерниён. Илм — майдони донишҳои ҳақиқӣ не, балки майдони донишҳои эҳтимолист, тамоми илм фарзӣ аст, тамоми маданият аз «архетипҳои ҳастӣ» иборат аст. Забон тобеи қонунҳои мантиқ аст. Зарур аст, ки он аз ин қонунҳо озод карда шавад. Ба ҷои мафҳуму калимаҳо ба забон «симулякр»-ҳо – аломатҳо ва имову ишораҳоеро ворид сохтан лозим аст, ки лаҳзаҳо ва ҳолатҳои ҳар вақт тез-тез дар одамон пайдошударо ифода кунанд. Имову ишораҳо, аломатҳо — симулякрҳо пурра ва айниятнок аз одам ба одам дода мешаванд, муносибатҳои зудтағйирёбандаи инсонро ба ин ё он вазъияту рӯйдодҳои зиндагӣ айниятнок ифода мекунанд. Эҳсосот аз забон дида муҳимтар аст, вазъиятҳои барои инсон муҳимро пурра ва саҳеҳ ифода мекунанд.

Барои постмодерниён арзиши аз ҳама муҳиму воло дар зиндагии инсон «чизи нав» аст. Чизи нав худ ба худ арзишнок аст ва ба гузашта ягон муносибате надорад. Ҷустуҷӯи робитаҳои сабабӣ-натиҷавии байни наву кӯҳна, ҳозираву гузашта, руйдодҳои гузашта ва ҳозира дар таърих натиҷае намедиҳад. «Ҳозира – ин нав аст», арзиши асосии ҳастӣ ҳаст. Озодии эҷодкорӣ, озодии шахс дар маданият ба бесарусомонӣ оварда мерасонад. Дар маданият озодӣ худсариро, шарҳдиҳӣ дар илм озодии бофатаву сохтакориҳо ва ҳаёлотро, дар ахлоқ иваз намудани вазифа ва ӯҳдадориҳо бо бозӣ фитнагариҳоро муҳим мегардонад.

Демократияро дар ҷамъият постмодернизм бо озодии эътиқод, плюрализми арзишҳо иваз мекунад ва чунин ҳисоб мекунад, ки демократия бояд системаи арзишҳоро дар ҷамъият валангор созад, ҳудудҳои олами ботин ва олами зоҳири шахсро аз байн барад, он чие ки дар ҷамъият барои инсон равост ва он чие ки барои он норавост, набояд аз якдигар фарқ кунанд.


 Калидвожаҳо: ТАБИАТ, МОХИЯТ ВА МАВЧУДИЯТИ ИНСОН, Табиати инсон, мохияти инсон.

ҚаблӣРОБИТАИ БИОЛОГИЯТ ВА ИҶТИМОИЯТ
БаъдӣФАРД, ФАРДИЯТ, ШАХС