Тағйири шакли реша

Дар решаи баъзе рустаниҳо (сабзӣ, турб, шалғам, лаб- лабу ва ғайраҳо) моддаҳои захиравӣ ғун мешаванд. Чунин решаҳо боавҷ ғафс гардида, ба худ шаклҳои гуногунро мегиранд. Онҳоро одатан бехмева (ё решамева) (39) меноманд. Бехмева дар аксари ҳолатҳо аз решаи асосӣ ва ё аз қисми поёнии поя ҳосил мешавад.

Рустаниҳои бехмевадор аксаран рустаниҳои дусолаанд. Онҳо дар соли якуми ҳаёташон гул накарда, танҳо бехмева ҳосил мекунанд. Дар бехмеваашон миқдори зиёди моддаҳои органикии ғизоиро захира мекунанд. Дар соли дуюми ҳаёташон аз ин моддаҳои захирашуда истифода бурда, гул мекунанд ва меваю тухм мебанданд. Рустаниҳои дусола пас аз ҳосил кардани меваю тухм хушк мешаванд.

Дар гули кавкаб (картошкагул), қосидгулак ва батат (картошкаи ширин) моддаҳои захиравӣ дар решаи асосӣ ғун нашуда,  балки дар решаҳои паҳлуӣ ё иловагӣ захира (39) мешаванд.  Дар натиҷа, дар як рустанӣ бо миқдори зиёд лӯндабех (ё лӯндаи реша) (39) ҳосил мешавад.

Расми 39. Тағйири решаҳо

Дар рустании ашақа (плющ) решаҳои махсуси паҳлуии часпон инкишоф меёбанд ва рустанӣ ба туфайли онҳо ба танаи девор ё дарахтон маҳкам мечаспад. Бо ёрии чунин такягоҳ ашақа ба боло сабзида, баргу пояашро ба равшанӣ мебарорад.

Дар тана ва шохаҳои ғафси дарахтони тропикӣ решаҳои иловагӣ месабзанд. Онҳо сабзида то ба замин мерасанд ва вазифаи такягоҳро (39) иҷро мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар решаҳои паҳлуии себарга, нахӯд, юнучқа ва дигар рустаниҳои лӯбиёгӣ тағйироти гуногуншаклро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар решачаҳои ҷавони паҳлуии онҳо бактерияҳои махсус сокин шуда, дар он ҷо лӯндачаҳоро ба вуҷуд меоваранд. Аз ин сабаб онҳоро бактерияҳои лӯндарешагӣ мегӯянд. Онҳо хусусияти аз худ кардани нитрогени озоди таркиби ҳаворо доранд. Бо кумаки ин бактерияҳои лӯндарешагӣ рустанӣ бо ғизои нитрогенӣ таъмин карда мешавад ва таркиби хок низ аз ин ғизои маъданӣ бой мегардад. Бинобар он, дар баъзе хоҷагиҳо тирмис (люпин), себарга, юнучқаро ба сифати нурии сабз барои ҳосилхез кардани хок истифода мебаранд.


  1. Бехмева чи тавр хосил мешавад?

3. Лундабех дар кучо хосил мешавад ва дар кадом рустанихо дида мешавад?

Нафаскашии реша

ҚаблӣНафаскашии реша
БаъдӣМаълумот дар бораи РЕША (ботаника)