Нафаскашии реша

Реша низ чун дигар узвҳои рустанӣ ба оксигени ҳаво эҳтиёҷи калон дорад. Реша дар вақти нафаскашӣ оксигени ҳаворо нафас гирифта, гази карбонатро хориҷ мекунад. Инро бо таҷрибаи одӣ исбот кардан мумкин аст. Агар ниҳоли мушунги (лӯбиё ё нахӯди) дар аррамайда сабзонидашударо гирифта, аррамайдаҳояшро афшонда ба дохили пробирка гузорем (38) ва пас аз 35-40 дақиқа онро аз он ҷо берун карда, чӯбаки даргиронро ба он дохил кунем, вай хомӯш мешавад. Вале дар пробиркаи дигари тамоман холӣ чӯбаки даргироншуда сӯхтанашро давом медиҳад. Ин таҷрибаҳо исбот мекунанд,  ки  дар  пробиркаи  таҷрибавӣ   оксиген мавҷуд нест. Зеро решаҳои мушунг оксигени ҳаворо нафас кашидаанд.

Ҳамин тавр, ҳангоми парвариши рустанӣ ба он бояд диққат дод, ки реша бо ҳавои тоза мунтазам таъмин бошад. Барои ин хокро пайваста нарм кардан лозим аст.

Аз норасоии оксиген хусусан рустаниҳое, ки дар гилзамин ва шибарзамин нашъунамо доранд, зарар мебинанд. Дар ин гуна заминҳо об ҳаворо фишурда мебарорад ва нафаскашии реша номуътадил мегардад. Хусусан, рустаниҳое, ки дар шибарзамин ва ботлоқзамин мерӯянд, суст инкишоф меёбанд.

Бо асбобҳои нармкунанда нарм кардани замин аҳамияти дигар ҳам дорад. Чунин нармкуниҳо дар қитъаҳои замин боиси нигоҳ доштани намӣ мегардад ва бар зами ин сафолаки замин барҳам дода мешавад. Бо ин тадбирҳо бухор шудани об аз қабатҳои чуқуртари хок қатъ мегардад. Аз ин рӯ, нарм кардани заминро баъзан «обёрии хушк» мегӯянд. Ё ин ки бо ибораи халқӣ: «Ба ҷойи ду бор бад об мондан, як бор нағзакак нарм кардани замин беҳтар аст».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тавр, нашъунамои муътадил ва ҳосилнокии рустаниҳо ба суръати нафаскашии решаи рустаниҳо зич вобастагӣ дорад.

  1. Чи тавр исбот кардан мумкин аст, ки реша нафас мекашад?
  2. Барои чи бехи рустанихоро нарм мекунанд?

Нурӣ. Нуриҳои органикӣ ва маъданӣ

ҚаблӣДар баёни одоби панду насиҳат
БаъдӣТағйири шакли реша