Адабиёти точик ба забони порсии дари (асри IX)

гуфтахои бузургон, панду андарзи бузургони точики

Адабиёти точик бо забони порси дар асри 9. Аз адабиёти тоҷик ба забони форсии нав, ки онро порсии дарӣ ё форсии дарӣ мегуфтанд, ҳамагӣ чанд пораи манзум боқӣ мондааст. Яке аз нахустин намунаҳои шеър ба забони порсии дариро ба шоире бо номи Язид бинни Муфарриғ (ваф. 678/688 ) нисбат медиҳанд, ки ин аст:

Об асту набиз[1] аст,
Асороти забиб[2] аст,
Самия[3] рӯсапид[4] аст.

  • [1]   Набиз, набид – бода.
  • [2]   Забиб – бандагӣ.
  • [3]   Самия – номи зане.
  • [4]   Рўсапид, руспӣ – фоҳиша, сабукпо.

Пораи дигар ҳамон шеъри масхараомези аҳли Балх аст дар ҳаққи гумоштаи араб дар Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ ва баёни ҳоли табоҳаш пас аз шикаст дар Хуталон дар соли 726:

Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия,
Овор[5] боз омадия,
Хушку низор[6] омадия.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • [5]   Овор – овора.
  • [6]   Хушку низор – шармандавор.

Шеъри Абулянбағии Самарқандӣ (ваф. 824) низ аз аввалин намунаҳои шеър ба забони порсии дарӣ мебошад ва дар он муаллиф бо як дарду ҳасрати бузург аз харобазорҳои зодгоҳаш, ки як замон ободон ва рашки Шош буд ва яқинан пас аз ҳамлаи араб ба ин ҳол афтода буд, сухан мегӯяд:

Самарқанди кандманд,[7]
Баз-инат[8] кӣ афганд?
Аз Шош[9] та[10] беҳӣ,
Ҳамеша та хуҳӣ.[11]

  • [7]   Кандманд – хароб, нообод.
  • [8]   Базинат – ба ин ҳол.
  • [9]   Шош – номи қадимаи Тошканд.
  • [10]   Та – ту.
  • [11]   Хуҳӣ – хубӣ.

Маълум мешавад, ки адибони эронитабор на танҳо адабиёти қадимии худро, ки ба забонҳои форсии қадим ва миёна эҷод шуда буд, ба воситаи тарҷума ба забони арабӣ ва офаридани асарҳои тоза дар он забон зинда нигоҳ доштанд, балки ҳамзамон кӯшиш намуда буданд, ки ба забони форсии нав асар эҷод кунанд ва онро идома диҳанд.

Хусусиятҳои лафзӣ ва маънавии нахустин намунаҳои адабӣ ба забони форсии тоҷикӣ ба таври равшан гувоҳӣ бар он медиҳад, ки онҳо дар заминаи адабиёти китобӣ ва шифоҳии қадим, ки ба забонҳои форсии миёна, аз ҷумла суғдӣ, бохтарӣ ва паҳлавӣ буд, ба вуҷуд омадаанд. Онҳо монанди шеъри қадимии эронӣ иқоӣ буда, дар онҳо миқдори ҳиҷоҳо ва ҷойи такя (зада, вақфа, пауза) ба эътибор гирифта мешуд. Онҳо давоми ҳамон навъҳои шеърии қадимӣ суруд, чома, чакома, чағона ва таронак мебошанд.

Бо забони порсии дарӣ шеъри иқоӣ гуфтан аз охири давраи Сосониён оғоз гардида, дар замони истилои араб низ давом кардааст. Аз Абӯҳафси Суғдӣ (охири а. VII ва ибтидои а. VIII – 832) байте мондааст, ки далел бар он гуфта мебошад:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?!

Дар ин як байти зоҳиран сода шоири самарқандӣ бо калимаву тасвирҳои сирф заминӣ тавонистааст, ки як маънии олии инсонӣ, ҳолати сахти дурӣ аз ёрро барҷаста ва хоно бозтоб диҳад. Ин шеър ҳамчунин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки адабиёти форсӣ, хосса шеъри он, дар асри IХ ҳам аз лиҳози маънӣ ва ҳам аз ҷиҳати лафз ба таври назаррас такмил ёфтааст.

Оғози гуфтани шеъри арӯзӣ ба порсии дарӣ ба нимаи аввали асри IХ рост меояд. Ҳанзалаи Бодғисӣ (862/867-903), Муҳаммад бинни Васиф ас-Сиҷзӣ (Сагзӣ), Бассоми Курди Хориҷӣ, Муҳаммад бинни Мухаллад ас-Сиҷзӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравии ас-Сиҷзӣ (Сагзӣ) (ваф. 835/36), Фирӯзи Машриқӣ (ваф. 896/897), Абӯсулайки Гургонӣ, Масъуди Марвазӣ ва чанде дигарон аз аввалин шоироне буданд, ки дар гуфтани шеъри порсии дарӣ аз арӯз истифода намудаанд. Ин давра замоне буд, ки дар адабиёти тоҷик суннатҳои адабии адабиёти қадими худӣ ва адабиёти араб ба ҳам омезиш ёфтанд. Дар ин падида саҳми он шоирону адибони арабизабони эронитабор хеле муассир мебошад. Онҳо шоирони дузабона – зуллисонайн буданд. Ва ин омӯзиши онҳо огоҳона ва аз рӯйи зарурат буд. Шиносоӣ бо адабиёти араб, улуми адабии он ва таҷрибаи эҷод ба забони арабӣ ба онҳо имкон дод, ки адабиёти хосси худро ба забони порсии дарӣ ташаккул диҳанд. Арӯзи форсӣ, улуми адабии форсӣ, навъҳои шеъри форсӣ аз арӯзи арабӣ, улуми адабии арабӣ ва навъҳои арабӣ моҳиятан фарқ мекунад. Шеъри ҳамосӣ (дар баҳрҳои мутақариб ва ҳазаҷ), навъҳои шеърии дубайтӣ ва рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, мусаммат ва мухаммас, шеъри панд комилан бар пояи суннатҳои шеъри китобӣ ва шифоҳии эронӣ ба вуҷуд омадаанд, ки назирашон дар адабиёти сирф арабӣ набуд.

Давраи ташаккули адабиёти тоҷик ба забони форсии дарӣ дар нимаи дувуми асри IХ ба замони истиқлоли сиёсӣ гирифтани қавмҳои эронӣ ва ташкили давлатҳои ниммустақили Тоҳириён (821-873), хосса Саффориён (867/873-903) ва Сомониён (875-999) баробар омад.

Ривояте машҳур аст: шоирон ба шарофати ғалабаи Яъқуб бинни Лайси Саффорӣ (867-879) дар ҷанги Ҳирот ба арабӣ қасидаҳо гуфтанд. Амир, ки арабӣ намедонист, ба онҳо мегӯяд, ки барои ман шеъри порсӣ гӯед ва Муҳаммад бинни Васиф яке аз аввалин касоне буд, ки шеъри порсӣ гуфт.

Дар байни мероси боқимондаи Муҳаммад бинни Васиф, ки ҳама пораҳое аз қасида мебошанд, дар мадҳи Яъқуб бинни Лайс қасидае ҳаст, ки байти оғозаш ин аст:

Эй амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ом
Бандаву чокару мавлову сагбанду ғулом.

Дар пайравии Муҳаммад бинни Васиф шоирон Бассоми Курд, Муҳаммад бинни Мухаллад ва Абӯсулайки Гургонӣ низ ба порсии дарӣ мадҳ сурудаанд.

Афсӯс, ки аз аввалин намунаҳои шеъри форсии дарӣ низ хеле кам боқӣ мондааст. Миқдори умумии онҳо дар ҳудуди 60 байт аст. Аз онҳо маълум мешавад, ки дар адабиёти тоҷики асри IХ гуфтани шеърҳои ошиқона, пандомез ва ҳамосӣ маъмул будааст. Ҳанзалаи Бодғисӣ дар шеъре аз он ёд овардааст, ки ёраш ба оташ сипанд меафканд, то аз чашми баде ба вай газанде нарасад. Ин як одати маъмулест дар байни мардум ва зикри он ҳанӯз осори ҳунарӣ нест. Вале вақте ки ӯ мегӯяд ёри ӯро сипанду оташ ба кор нест, зеро рӯйи вай ҳамчу оташ асту холаш чун сипанд, маънии шоиронаи зебоест ва як тасвири гӯё ва заминие аз зебоиҳои ёраш мебошад.

Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд.
Ӯро сипанду оташ нояд ҳаме ба кор
Бо рӯи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.

Абӯсулайки Гургонӣ маънии ошиқонаро бо ҳазли малеҳе омехтааст. Ӯ лаби дилбарро ба қозию мижгони ӯро ба дузд монанд намудааст ва ба шигифт афтодааст, чӣ тавр мешавад дилбар, ки бо мижааш дили ӯро бибурд, аз ӯ музд мехоҳад. Ва савол медиҳад, ки магар дуздӣ ба музд ҳам мешавад:

Ба мижа дил зи ман бидуздидӣ,
Эй ба лаб қозию ба мижгон дузд!
Музд хоҳӣ, ки дил зи ман бибарӣ?
Ин шигифтӣ кӣ дид: дузди бамузд?

Мавод ба сомонаи DONISHJU.NET тааллуқ дорад

Маҳмуди Варроқ ба нигори хеш гуфтааст, ки ту гаронбаҳоӣ, арзон намедиҳам, ҳатто ба нақди ҷони хеш. Чун домани васлатро ба даст гирифтам, ҷон медиҳам, вале домони туро раҳо нахоҳам кард:

Нигорино, ба нақди ҷонт надҳам,
Гаронӣ дар баҳо, арзонт надҳам.
Гирифтастам ба ҷон домони васлат,
Ниҳам ҷон аз кафу домонт надҳам.

Пораи дигаре, ки аз Ҳанзалаи Бодғисӣ мондааст, панд аст. Дар он сухан аз он меравад, ки агар меҳтариро, бузургиро мехоҳӣ, рав, худро ба хатар андоз ва онро аз коми шер биҷӯй, зеро роҳи дигаре нест: ё бузургию иззату неъмату ҷоҳ ё бояд чун мардон дар марги рӯёрӯй бимурд. Чунин имтиҳон дар таомули шаҳрёрӣ маъмул буд, тоҷи шоҳиро миёни ду шери жаён меандохтанд ва талабгори тахти шоҳӣ онро мебоист аз он миён мегирифт ва ба сари хеш мегузошт:

Меҳтарӣ гар ба коми шердар аст,
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардонт марги рӯёрӯй.

Абӯсулайки Гургонӣ низ ба худро қурбон намудан барои нарехтани оби рӯй даъват менамояд ва мегӯяд, ки хуни худро бар замин рехтан беҳтар аз он аст, ки оби рӯй бирезонӣ. Тавре ки аз гуфтаҳои ӯ дар байти дувум бармеояд, шоир бутпарастиро, ки барои фарзанди мусулмон гуноҳи кабира аст, беҳтар аз мардумпарастӣ мешуморад:

Хуни мардум гар бирезӣ бар замин,
Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор,
Бут парастидан беҳ аз мардумпараст,
Панд гиру кор банду гӯш дор!

Масъуди Марвазӣ аз шоирони охири асри IХ буда, аз се байте, ки аз ӯ боқӣ мондааст, маълум мешавад, ки таърихи Аҷамро аз оғоз то замони фурӯпошии Сосониён дар қолаби маснавӣ дароварда будааст.

Нахустин Каюмарс омад ба шоҳӣ,
Гирифташ ба гетӣдарун подшоҳӣ.

Чу сӣ соле ба гетӣ подшо буд,
Ки фармонаш ба ҳар ҷое раво буд.

Сипаррӣ шуд нишони хусравоно,
Ки коми хеш ронданд дар ҷаҳоно.

Адабиёти тоҷик дар асри IХ заминаро барои дар садаи Х комилан шакл гирифтани адабиёти форсии тоҷикӣ ва пайдо шудани шоироне монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосими Фирдавсӣ омода сохт.

Адабиёти точик ва мархилахои инкишофи он