Таърихи ҳуқуқи инсон

Таърихи ташаккули ҳуқуқи инсон баъди омӯзишу таҳлилӣ тадқиқотҳои илмӣ[1] ва санадҳои таърихию ҳуқуқӣ[2] оварда шудааст.

  1. Пайдоиши ақидаҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар таърихи ҷаҳон. Ибтидои ғояҳои ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи инсонӣ ба таърихи ҳазорсолаи Х-VII пеш аз милод рафта мерасад. Ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи фитрӣ сарчашма мегирад. Ҳуқуқи фитрии инсон ин маҷмӯи имконият ва ҳолатҳое аст, ки табиатан ба инсон вобаста буда, бидуни он махлуқ ҳамчун инсон зиндагӣ карда наметавонад. Дар даврони сохти авлодии ҷамоаи ибтидои инсон чунин ҳуқуқҳои табииро доштанд: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба никоҳ, ҳуқуқ ба шикор, ҳуқуқи иштирок намудан дар маҷлиси умумии авлод ва қабила, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқи истифода аз одатҳо ва анъанаҳо, ҳуқуқ ба тоат ва иштирок дар маросимҳои динӣ, ҳуқуқ ба ҳаракат дар ҳудуди муайян, ҳуқуқи кудакон ба таъминот ва ҳифзи зиндагӣ аз ҷониби волидон ва ҳоказо.
  2. Роҳҳои мухталифи рушди ҳуқуқи инсон дар таърихи тамаддунҳо. Таърихи ҳуқуқи инсон ва шинохти ҳуқуқи инсон ба ду poҳ ба инкишоф рӯ овардааст: якум, бо роҳи давлатӣ, ки ҳуқуқи инсон дар сарчашмаҳои расмии давлатӣ (Авесто-бо қисмати Вандидод, Хвешкори редагон, Шояст нашояст, Эъломияи Куруши Кабир, Қонунномаи Сосониён, Қуръон, Ҳадисхо, асарҳои олимони ҳуқуқ, Насиҳатномаи Тоҳир ибн Ҳусайн, Фармонҳои амирон ва ҳокимон) инъикоси худро ёфтааст ва дуюм, дар сарчашмаҳои маънавӣ ва фарҳангӣ, ки дар эҷодиёти олимон ва файласуфон (Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абунасри Форобӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ – Низомулмулк, Муҳаммади Ғазолӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ) арзёбӣ гардидааст.
  3. Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон. Эътироф ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар тамаддуни мардуми эронӣ ва тоҷикон хело ғанӣ ва ибратомӯз мебошад. Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ чунин аст: Авесто-бо қисмати Вандидод; Хвешкори редагон; Шояст нашояст; Эъломияи Куруши Кабир; Қонунномаи Сосониён; Қуръон; Ҳадисҳо; Асарҳои олимони ҳуқуқ; Насиҳатномаи Тоҳир ибн Ҳусайн; Фармонҳои амирон ва ҳокимон. Дар қисмати Вандидоди Авасто нахустин маротиба дар сарзамини Тоҷикистони таърихӣ ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба ҳаёти осоишта, ҳуқуқ ба муносибати хуб, ҳуқуқ ба бастани шартномаҳо, ҳуқуқ ба ҳаёти кудаки тавлиднашуда, ҳуқуқ ба тандурустӣ, ҳуқуқ ба никоҳ ва ҳоказо расман эътироф ва эълон шудааст. Дар Хвешкори редагон оиди ҳуқуқҳои кӯдакон ва ӯҳдадориҳои томактабию мактабии онҳо ва дар Шояст ва нашояст бошад оиди амалҳои иҷозатдодашуда ва манъшуда батафсил мулоҳизаҳо баён шудааст. Дар Эъломияи Куруши Кабир соли 539 қабл аз милод нахустин маротиба дар таърихи инсоният ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил ва ҳуқуқ ба моликият расман эълон шуда мавриди ҳифз қарор мегирад. Қонунномаи Сосониён намунаи нахустини амалияи судии ҳуқуқшиносони форсу тоҷик аст, ки ба сифати сарчашмаи ҳуқуқӣ расман баромад мекард. Қуръон сарчашмаи нахустин ва асосии ҳуқуқи исломӣ аст, ки дар қатори меъёрҳои динӣ ва ахлоқӣ меъёрҳои зиёди ҳуқуқиро, ки масоили ҳуқуқи инсонро ҳал менамоянд, дар бар мегирад. Дар ҳадисҳо идеяҳои инсондустӣ, адлпарварӣ, додварзӣ, ҳимояи мазлумон, ҳаққи ҳамсоягон ва бегонагон ба тадриҷ баёни худро ёфтааст. Дар қатори сарчашмаҳои ҳуқуқии меьёрӣ инчунин сарчашмаҳои ҳуқуқие буданд, ки аз ҷониби донишмандони динӣ бахусус фақеҳон ва муҷтаҳидон баён карда шудаанд. Ба монанди, «Захиратулмулук»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Насиҳатномаи Тоҳир ибни Ҳусайн аз зумраи ҳуҷҷатҳои давлатию ҳуқуқӣ аст, ки аз маҳорати баланди таҷрибаи давлатдорӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, инсондустӣ ва адлу адолатпарварии шахсиятҳои сиёсии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад.
  4. Ғояҳои ҳуқуқи инсон дар афкори мутафаккирони форсу тоҷик. Мардуми форсу тоҷик аз қадим ба инсон ҳамчун мӯъҷизаи марказии олам муносибат намуда ҳамеша дар боби ҳурмату эҳтироми ҳаққи инсон, волоияти мақоми он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва озодии он фикрҳои судманд гуфтаанд. Ақидаҳои асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ роҷеъ ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бештар ба ҷанбаҳои ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон бахшида шуда, дар он омилҳои табиӣ ва иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқҳои барҷомондагон ва пиронсолон бахусус таъкид шудааст. Гарчанде Абунасри Форобӣ падари фалсафаи сиёсии араб ба шумор равад, ҳам андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва тақвияти ақидаҳои ҳуқуқии мардуми форс хеле назаррас аст. Ба хусус дар асари «Шаҳри накӯкорон» ӯ ба ташкили ҷомеаи адлпарвар, кӯшиш намуда роҳҳои нигоҳ доштани идоракунии адолатнок ва таъмини некӯаҳволии мардумро муайян намудааст. Ба ақидаи ӯ санъати идоракунии ҳоким бояд ба таъмини шароити мусоид ба хушбахтии одамон мувофиқат кунад. Ақидаҳои Абулкосим Фирдавсӣ ба воситаҳои сиёсии ҳифзи ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд. Дар назарияи Абулкосим Фирдавсӣ баробарии инсонҳо аз баробарии онҳо дар назди Офаридгор манша мегирад. Ба ақидаи ӯ ҳама мулку давлатҳо, бою гадо ва шоҳу дарвеш тобеи қудрати Офаридгор буда, назди ӯ масъуланд. Дар баробари он ба ақидаи Фирдавсӣ Офаридгор инсонҳоро баробар эътироф намуда, подшоҳонро ба сӯи некӣ, меҳрпарварӣ ва додгарӣ даъват мекунад. Абӯалии ибни Сино роҷеъ ба адолати иҷтимоӣ изҳори назар намуда, аввалин шуда зарурати фардикунонии шахсони мансабдори давлатиро таъкид кардааст. Тибқи ақидаи ӯ як шахс дар як вақт наметавонад ҳам низоми идории шаҳрро бар ӯҳда дошта бошад ва ҳам низоми идории деҳро. Дар чунин сурат ҳуқуқҳои инсонҳо поймол мегардад, зеро шаҳр барои қонеи талаботи худ нерӯи муайянро доимо талаб дорад ва деҳ бошад мутобиқан сарвари худро бояд дошта бошад.

Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ – Низомулмулк дар «Сиёсатнома» ба давлату давлатдорӣ диққати махсус дода назарияи идоракунии шарқиро, ки аз таҷрибаи пешқадами шоҳони пешин ва замони исломӣ сарчашма мегирифт, барои давлатҳои курунивустоӣ ҳамчун намунаи моделӣ тарҳрезӣ намудааст, ки дар он хушбахтии инсон ва ҳимояи ҳаққу инсоф нисбат ба он мавқеи марказиро ишғол менамояд. Ақидаҳои сиёсию ҳуқуқии Муҳаммади Ғазолӣ ба таъмини адолат байни инсонҳо бахшида шудааст. Мутафаккир ҳимояи ҳуқуқи инсонро бо роҳи тарбия намудани мақомоти роҳбарикунанда талқин менамояд. Ақидахои Саъдии Шерозӣ ба назарияи баробарӣ ва дастгирии маъюбон бахшида шудааст. Ӯ дар шинохти инсон берун аз табиати халқ, миллат ва дин ҳарф зада ягонагии онҳоро новобаста аз забону нажоду динашон арза медорад. Таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ҷиҳатҳои динию фалсафии ҳифзи шаъну шараф ва эътиборро дар бар мегирад. Ӯ дар асари безаволаш «Маснавии маънавӣ» пайванди ногусастании дӯстии мардуми форс, араб ва туркро суруда дар либоси назм ҳамдигарфаҳмию гуфтугӯи воқеии намояндагони динҳои масеҳият, насрония ва исломро бо маърифати баланди инсонӣ нишон додааст. Ақидаҳои инсондӯстӣ, баландҳимматӣ ва идоракунии Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки консепсияи идоракунии давлати ҳуқуқиро тасвиб менамояд, аз ҳар ҷиҳат ба хонанда аҳамияти илмию амалиро дорост. Мақоми ӯ, махсусан, дар воизиву тарғиби ахлоқи ҳамида шоистаи таваҷҷӯҳ аст. Амали намудани ғояҳои ҳуқуқи инсон дар афкори мутафакирони форсу тоҷик дар давлатдорӣ ва ҳуқуқэҷодкунии муосир аз аҳамият холи нест, чунки дар онҳо арзишҳои умумибашарии инсонӣ инъикос гардидаанд.


[1] Ниг.: Тоҳиров Ф.Т. Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ. – Душанбе: Эҷод, 2007; Холиқов А.Ғ. Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон (аз давраи пайдоиш то интиҳои асри ХIХ). Қисми 1. – Душанбе: Матбуот, 2002; Холиқов А.Ғ. Ҳуқуқи исломӣ. (Васоити таълимӣ). – Душанбе: Ҷиёнхон, 2003; Холиқов А.Ғ. Мухтасар аз таърихи ҳуқуқи инсон. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2007 ва ғ.

[2] Ниг.: Коран. Перевод смыслов и комментарии И.В. Пороховой. – М.: Аль-Фуркан, 2004; Тахиров Ф.Т., Халиков А.Г. Декларация Великого Кира, как исторический источник о правах, свободах человека. // Духовная культура таджиков в истории мировой цивилизации. Сб.ст. – Д., 2002. – С. 113-126; Халиков А.Г. Хадис как источник мусульманского права. (Монография). – Душанбе: Шарки озод. 1998; Халиков А.Г. Правовая система зороастризма (древнее право). – Душанбе: Маориф ва фарханг, 2005; Хрестоматия по истории государства и права зарубежных стран (Древность и Средние века) / Составитель: д.ю.н., проф. В.А. Томсинов. – М.: Зерцало, 1999; Хрестоматия по истории государства и права зарубежных стран (Новое и Новейшее время) / Составитель: д.ю.н., проф. Н.А. Крашенинникова. – М.: Зерцало, 1999 ва ғ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣПредмет ва методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон
БаъдӣМафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон