Механизми ба амалбарории нархи мувозинатӣ дар бозор

Механизми ба амалбарории нархи мувозинати дар бозор.


Нархи мувозинати чист? НАРХИ МУВОЗИНАТӢ нархест, ки имконияти фурӯхтани ҳамаи миқдори молҳоро медиҳад ва истеҳсолкунандагон (фурӯшандагон) барои фурӯхтани он бо чунин нарх розӣ мебошанд.

Дар график чӣ гуна фаъолият кардани механизми бозориро дида мебароем.

Ҳолати мувозинати бозорро дар график омӯхтан мумкин аст, агар дар он каҷхатаи талабот ва таклифотро баробар тасвир намоем. Чӣ хеле ки мо мебинем, дар расми 3.8 дар яке аз нуқтаҳо онҳо якдигарро буридаанд. Аз нуқтаи буриши каҷхатаи талабот ва таклифот поён рафта, дар перпендикулярҳои хатти ордианатӣ «Нарх» ва дар абстсисса «Шумораи дучархаҳо» нишон дода шудаанд ва дарк менамоем, ки ин нуқтаҳо (ҳангоми қисман доирашакл) дар координатҳои 68 ва 1250 ҷой доранд.

Ба ибораи дигар, график нишон медиҳад, ки танҳо ҳангоми нарх баробари 1250 воҳиди пулӣ будан дар бозор ҳолати махсус ба вуҷуд меояд: яъне миқдори молҳое, ки истеҳсолкунандагон тайёр ҳастанд, онҳоро ба бозор (68 воҳид дучарха) пешниҳод намоянд, ба миқдори молҳое, ки харидорон метавонанд харид намоянд, баробар мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нуқтаи буриши каҷхатаи талабот D ва таклифот S ҳолати мувозинати бозориро ифода мекунанд.

Дар ин расм маълум аст, ки ҳамаи се ҳолате, ки дар бозор имконпазир аст: мувозинати бозор ҳангоми нарх Р* ва ҳаҷми харид Q* ); изофагии молҳо (ғункунӣ) ҳангоми нархи бозорӣ аз нархи мувозинатӣ баланд, яъне Р1 будан; камчинӣ (норасоӣ)-и молҳо ҳангоми нархи бозорӣ аз нархи мувозинатӣ, яъне Р2 будан ба вуҷуд меоянд.

Таъсири мутақобилаи талабот ва таклифот дар бозор
Расми 3.8. Таъсири мутақобилаи талабот ва таклифот дар бозор

Дар расми 3.9 раванди муваффақшавӣ ба мувозинати бозорӣ нишон дода шудааст. Дар ин ҷо аввал фурӯшандагон ба миқдори Q 1 молҳоро бо нархи Р1 ба фурӯш пешниҳод намуданд (нуқтаи В). Лекин бо ин нарх харидорон ҳаҷми кам тари ин молҳоро харидорӣ кар да метавонистанду халос.

Он ба Q 2 баробар аст (нуқтаи А). Дар бозор ҳолати изофагии молҳо (ғункунӣ) дар ҳаҷми (Q 1–Q 2) пайдо мешавад. Барои фу рӯхтани ҳамаи молҳои ис теҳ солшуда фурӯшандагон маҷбур ҳастанд, ки нархро то сатҳи Р2 (нуқта С) паст намоянд. Маҳз ҳамин нарх ро онҳо дар оянда барои фаҳмидан ҳангоми муайян кардани ҳаҷми пешни ҳо ди миқдори на ви мол ҳо ба бозор қабул намуданд.

Ҳангоми паст будани сатҳи нарх онҳо ҳаҷми молро баробари Q 3 миқдор пешниҳод карда метавонанду халос (нуқтаи D), лекин аллакай харидорон имконияти бештар (Q 1) харид кардани молҳоро доранд. Пас дар бозор ҳолати камчинии молҳо дар ҳаҷми (Q 3–Q 1) пайдо мешавад. Маълум аст, ки мол камчин гашт, фурӯшандагон нархро баланд мебардоранд, то он вақте ки харидорон ба сатҳи харид намудани ҳамаи ҳаҷми молҳо Q 3 муваффақ нашаванд. Дар натиҷа нарх дар бозор то сатҳи Р3 (нуқтаи Е) баланд мегардад. Лекин бо чунин сатҳи нарх барои фурӯшандагон минбаъд ба бозор пешниҳод намудани ҳаҷми бештари мол (Q 4) (нуқтаи F) фоиданок мегардад. Боз ҳолати мазкур изофагии молҳоро ба вуҷуд меорад. Фурӯшандагон маҷбур мешаванд, ки сатҳи нархро то сатҳи Р4 паст карда, минбаъд онҳо ба бозор Q 5 миқдори молҳоро пешниҳод намоянд.

Ҳар вақт раванди мувофиқгардонии бозории манфиатҳои фурӯшандагон ва харидорон ба ташаккулёбии ҳаҷми фурӯш ва нарх оварда, ба ҳолати мувозинатӣ ҳар чӣ бештар наздик мешаванд. Дар графики 3.9 ба он нуқтаи буриши каҷхатаи талабот ва таклифот дар координатаҳо (Q*, Р*) мувофиқат мекунад.

Сабабҳои ба вуҷуд омадани камчинӣ ё ин ки изофагии молҳо
Расми 3.9. Сабабҳои ба вуҷуд омадани камчинӣ ё ин ки изофагии молҳо
Ҳолати муваффақшавии бозор ба мувозинат («тортанакшакли мувофиқатии бозор»)
Расми 3.10. Ҳолати муваффақшавии бозор ба мувозинат («тортанакшакли мувофиқатии бозор»)

Мутаассифона, ин нуқтаро танҳо дар китоби дарсӣ пайдо кардан осон мебошад. Дар ҳаёт бузургиҳои мувозинати бозориро бо усулҳои санҷиш ва иштибоҳ ёфтан зарур мешавад. Лекин агар раванди ташаккулёбии нархи бозорӣ бе ягон монеа гузарад, он гоҳ ҳолати мувозинатии бозор ба вуҷуд меояд.

Тағйирёбӣ аз рӯи «доми мувофиқшавии бозорӣ» (он дар графики 3.10 пайвасткунии нуқтаҳои А, В, С, D, E, F, G, H­ро ифода мекунад), яъне, бозор ба фурӯшандагон ва харидорон барои муайян кардани он нархе, ки тамоми ҳаҷми моли ба фурӯш пешниҳодшуда харидорӣ карда мешавад, кумак мерасонад. Бояд қайд намуд, ки ин механизм ҳам дар ҳолати изофагӣ (ин вариантр о дар боло дида баромадем) ва ҳам дар ҳолати камчинӣ баробар фаъолият мекунад.

Оё ташаккулёбии мувозинати бозорро идора кардан мумкин аст? Албатта. Барои ин дар таҷрибаи бизнес як қатор воситаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо тарғиб (реклама) мебошад.

Реклама яке аз усулҳои куҳнатарини ҳавасмандкунии фурӯш ба ҳисоб меравад. Муҳлати дуру дароз реклама ҳамчун усули монополикунонии фаҳмиши харидорон ҳукмронӣ намуд. Дар вақтҳои охир нуқтаи назари дурандешона бартарӣ пайдо кард, ки реклама дар худ танҳо шакли иттилоотдиҳиро ифода намуда, натиҷаи он аз хусусияти иттилооти интиқолшаванда вобаста мебошад. Бо вуҷуди ин воқеан нисбат ба таъсири рекламаҳо ба рафтори бозории харидорон бо нафаре баҳс кардан кори басо душвор аст.

Мутобиқкунии механизми бозории манфиатҳои фурӯшанда ва харидорро таҳлил намуда, Адам Смит дар китоби машҳури худ «Тадқиқот оид ба табиат ва сабабҳои бойигарии халқ», ки соли 1776 аз чоп баромадааст, чунин навишта буд: «Ҳар як инсон танҳо оид ба манфиати худ андеша мекунад, лекин дасти ноаёне ӯро ба самти дигар нигаронида, ба натиҷае меорад, ки вай худаш тамоман андеша накарда буд».

Он чизе, ки ба «дасти ноаён» тааллуқ дорад, имконият медиҳад, ки низоми иқтисоди бозорӣ фаъолияти миллионҳо одамонро ба ҳамдигар мувофиқ гардонад. Истилоҳоти зеринро дар замони Адам Смит иқтисодчиён механизми нарх номиданд, ки дар иқтисоди бозорӣ нақши марказиро мебозад. Маҳз нарх барои ҳамаи фурӯшандагон ва харидорон сарчашмаи асосии иттилоот оид ба вазъи кору фаъолият дар бозор гашта, таносуби пешниҳоди молҳо ва талаботро ба онҳо муайян мекунад.

Механизми нарх чист? МЕХАНИЗМИ НАРХ ташаккул ва тағйирдиҳии нархи бозор аст, ки дар зери таъсири зиддияти манфиатҳои харидорон ва фурӯшандагон ташаккул ёфта, барои қабули қарори мувофиқ мусоидат мекунад.

Иттилоот маънои сетарафа дорад:

  • агар нарх баланд шавад, пас, маълум аст, ки ба бозор мол кам ворид шудааст, нисбат ба он ки харидорон бо ин сатҳи нарх тайёр ҳастанд харидорӣ намоянд;
  • агар нарх паст шавад, пас, маълум аст, ки ба бозор мол бисёртар во-рид шудааст, нисбат ба он ки харидорон бо ин сатҳи нарх тайёр ҳастанд харидорӣ намоянд;
  • агар нарх қариб бетағйир монад, пас маълум аст, ки ба бозор ҳамон қадаре мол ворид шудааст, ки харидорон тайёр ҳастанд бо ин сатҳи нарх ҳамон миқдор молҳоро харидорӣ намоянд.

Азбаски аз сатҳи нарх ҳам бузургии даромади фурӯшандагон (яъне даромади шахсии онҳо дар шакли фоида) ва ҳам хароҷоти харидорон вобастагии бевосита дорад, он гоҳ нархҳо ба «чароғак»­и ба худ хос барои ҳамаи иштирокчиёни бозор табдил меёбанд.

Ба истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон онҳо огоҳӣ медиҳанд, ки оё истеҳсол ва фурӯхтани ин ё он намуди мол зарурат дорад ва то чӣ андоза ҳангоми сатҳи нархи мавҷудбуда фоидаовар мебошад. Ба харидорон онҳо барои қабули қарори дуруст иттилоъ медиҳанд: яъне оё онҳо имконияти харидорӣ кардани молро доранд. Бинобар ин бозоре, ки низоми нарх дар он озод ташаккул меёбад, аз рӯи натиҷаи савдо байни фурӯшанда ва харидор доимо ҳамаи иштирокчиёни бозорро маҷбур мекунад, ки чунин фаъолият намоянд ва ҳолати мувозинат ба вуҷуд ояд.

Бозор дар холати мувозинат имконпазирии созиши беҳтарин байни манфиатҳои фурӯшандагон ва харидорон аст.


Саволҳо

  1. Мафҳуми талаботро шарҳ диҳед.
  2. Чандирӣ чист?
  3. Мафҳуми таклифотро шарҳ диҳед.
  4. Чандирии таклифотро аз рӯи нарх шарҳ диҳед.
  5. Мафҳуми изофагӣ ва камчиниро чӣ тавр мефаҳмед?
  6. Механизми ба амалбарории нархи мувозинатӣ чӣ гуна аст?
ҚаблӣТашаккули нархи бозорӣ, изофагӣ ва камчинӣ
БаъдӣМавзӯъ. Гурӯҳбандии бозор вобаста ба шаклҳои рақобат. Таъсири инҳисор ба вазъи бозор