Сабзиш ва тақсимшавии ҳуҷайра

Олимон сохти ҳуҷайраро бо ёрии микроскоп омӯхта, мушоҳида карданд, ки ҳуҷайраи аксари узвҳои рустанӣ қобилияти сабзида ба камол расидан ва тақсим шуда афзоиш карданро дорад. Дар натиҷа ҳуҷайраҳои нав ба вуҷуд меоянд.

Тақсимшавии ҳуҷайра одатан хеле мураккаб мегузарад. Сараввал, ядрои ҳуҷайра калон шуда, дар он хромосомаҳо, ки ҷисмчаҳои одатан зуғӯташакл ё силиндрианд ва аломатҳои ирсиро аз ҳуҷайра ба ҳуҷайраи нав бавуҷудомада мегузаронанд, дучанд мешаванд ва ба хубӣ аён мегарданд.

Баъди ҷойивазкуниҳои мураккаб нисфи хромосомаҳо ба як қутби ҳуҷайра ва нисфи дигараш ба қутби дигари он ҷой иваз мекунанд. Дар қутбҳо ду ядрои нав пайдо мешавад, ки миқдори хромосомаҳои ҳар кадоми онҳо ба миқдори хромосомаҳои дар ядрои пеш ба тақсимшавӣ шурӯъкардаи ҳуҷайраи модарӣ баробар аст.

Сохти ҳуҷайраи рустанӣ (растанӣ)

Дар ин вақт дар дохили (ё байни) ситоплазмаи ҳуҷайраи тақсимшудаистода лавҳача (пластинка) пайдо мешавад. Вай ҳуҷайраро ба ду қисми баробар тақсим мекунад ва дар ҳар кадоми ин қисмҳо яке аз ядроҳои бавуҷудомада ҷойгир мешавад. Тамоми моддаҳои зиндаи ҳуҷайра низ дар байни ин ду ҳуҷайраи ҷавон (нав пайдошуда) баробар тақсим мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 16. Тақсим шудани ҳуҷайраи рустанӣ

Тақсимшавии ҳуҷайра дар баъзе ҳолатҳо ва дар баъзе организмҳои рустанигӣ бе ҷойивазкунии мураккаби хромосомаҳо низ рӯй доданаш мумкин аст.  Дар ин ҳолатҳо ядро ва ситоплазма бевосита ба ду ҳисса ҷудо шуда, ду ҳуҷайраи навро ба вуҷуд меоваранд. Ҳуҷайраҳои ҷавон аз ҳуҷайраҳои пир бо баъзе аломатҳояшон фарқ мекунанд. Андозаи онҳо хурд буда, асосан аз ситоплазма пур мебошанд ва инчунин, бисёр вакуолаҳои хурд доранд. Ядрои ҳуҷайраи ҷавон дар мобайни ҳуҷайра ҷой гирифтааст. Ҳуҷайраи калон (пир) одатан як вакуолаи калон ва ситоплазма дорад.  Дар ситоплазма ядро ҷойгир аст, ки ба лифофаи ҳуҷайра ҷафс аст.

Ҳамин тавр, тақсимшавии ҳуҷайра аз тақсимшавии ядро оғоз меёбад ва миқдори хромосомаҳои ҳар кадом ядро ба ду ҳуҷайраи ҷавон (нав) ва ядрои ҳуҷайраи аввала (то тақсимшавӣ) баробаранд. Ҳуҷайраҳои ҷавони аз нав ба вуҷудомада месабзанд, дарозрӯя мешаванд, ба андозаи ҳуҷайраҳои болиғ расида, худашон ҳам ба тақсимшавӣ шурӯъ мекунанд. Ҳамаи узвҳои рустанӣ (реша, поя, барг, гул ва ғайраҳо) ба туфайли тақсимшавӣ ва калоншавии ҳуҷайраҳо месабзанд ва қад мекашанд.


Саволҳо

  1. Ҳуҷайра чӣ тавр тақсим мешавад?
  2. Дар вақти тақсимшавии ҳуҷайра бо ядро чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
  3. Ҳуҷайраҳои ҷавон аз ҳуҷайраҳои пир чӣ фарқ доранд?
  4. Сабзиши узвҳои рустаниро чӣ гуна метавон шарҳ дод?

Сабзиш ва таксимшавии хучайра, Таксим шудани хучайраи рустани/растани

ҚаблӣҲаракати ситоплазма. Ба ҳуҷайра дохилшавии моддаҳо
БаъдӣБофтаҳо (Бофта чист?)