Ташкилотҳои иҷтимоӣ (сотсиология)

Ташкилотхои ичтимои (социология).

Ташкилотҳои иҷтимоӣ бо ниҳодҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд мебошанд. Бисёр сотсиологҳо ташкилотҳои иҷтимоиро яке аз навъҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ- ниҳодҳои мураккаб меҳисобанд.

 Истилоҳи «ташкилот» дар ҳамаи соҳаҳо васеъ истифода мешавад. Дар кибернетика, иқтисодиёт, биология, илмҳои техникӣ вай ҳамчун муродифи «тартибнокӣ» баромад менамояд. Дар сотсиология фардҳо, гурӯҳу умумиятҳои иҷтимоӣ, ки ба фаъолияти якҷоя ворид шудаанду вазифаҳои иҷтимоии муайянро иҷро менамоянд, объекти «тартибнокӣ» ба ҳисоб мераванд.

 Ташкилоти иҷтимоӣ шомили баъзе хусусиятҳои хос мебошад:

 1)Вай табиати мақсаднок дорад, яъне барои амалӣ сохтани мақсадҳои муайян сохта мешавад ва тавассути ноилшавӣ ба мақсадҳо баҳогузорӣ карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар зери мафҳуми «ташкилот» восита ва ё олотеро бояд фаҳмид, ки вазифаи муттаҳид сохтану ба танзим даровардани рафтори одамонро барои ин ё он мақсад, ки дар алоҳидагӣ наметавонад амалӣ гардад, иҷро менамояд.

 2)Барои ноилшавӣ ба мақсад аъзоёни ташкилот маҷбуранд нақшу мақомҳоро байни худ тақсим намоянд. Пас, ташкилоти иҷтимоӣ як системаи мураккабу баҳамалоқаманди мақом ва нақшҳои иҷтимоист, ки аз тарафи аъзоёни он иҷро мегарданд. Ташкилоти иҷтимоӣ ба шахс имконият медиҳад, ки талаботу манфиатҳои худро дар он ҳудуде, ки ба ӯ мақоми иҷтимоии ӯ, нақши иҷтимоии ӯ тибқи муқаррароти меъёру арзишҳои иҷтимоии барои ин ташкилоти иҷтимоӣ хос имкон медиҳад, қаноатманд созад.

 3)Ташкилот дар асоси тақсимоти меҳнат ва тахассуснокӣ мутобиқи вазифа бунёд меёбад. Бинобар ин дар ташкилотҳои иҷтимоӣ сохторҳои мухталифи уфуқӣ вуҷуд доранд. Аммо барои фаҳмидани ташкилот ҳамин чиз муҳим аст, ки онҳо ҳамеша ба таври вертикалӣ (иерархӣтақсимоти вазифаҳо аз поён ба боло), ки дар он зерсистемаҳои идоракунандаю идорашаванда дақиқ аз ҳам фарқ менамоянд, сохта мешаванд. Зарурати системаи идоракунанда бо талаботи ба ҳам мутобиқ намудани фаъолияти гуногунсамтаи сохторҳои уфуқӣ асоснок карда мешавад. Ба таври иерархӣ бунёд ёфтани ташкилот амалишавии мақсади ягонаро таъмин намуда, ба он устуворӣ ва маҳсулнокӣ мебахшад.

4)Зерсистемаҳои идоракунанда воситаҳои махсуси танзиму назоратро аз болои фаъолияти ташкилот ба вуҷуд меоваранд. Дар байни ин воситаҳо меъёрҳои ниҳодӣ ё дохили ташкилотӣ, ки бо фаъолияти ниҳодҳои махсуси ваколатдор ба вуҷуд оварда мешаванд, нақши муҳим мебозанд.

5) Ташкилотҳои иҷтимоӣ системаи томи иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.Дар асоси муттаҳид сохтани унсурҳои мухталифи ташкилот дар том маҳсулнокии якҷоя ё ташкилотӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Маҳсулнокии ташкилотӣ шомили маънои синергия, яъне афзоиши нерӯи иловагӣ, ки аз ҷамъи нерӯи иштирокчиёни инфиродии онҳо зиёдаст, мебошад. Ин маҳсулнокӣ аз куҷо ҷамъ мешавад? Муҳаққиқон се унсури таркибии онро ном мебаранд: а) ташкилот талошҳои бисёр аъзоёни худро муттаҳид месозад, яъне якборагии бисёр талошҳо афзоиши нерӯро таъмин месозад; б) худи воҳидҳо-унсурҳои ташкилот ба он ворид шуда, то андозае дигаргун мешаванд: онҳо ба унсурҳои қисман тахассусӣ, яъне унсурҳои яксамтае, ки танҳо вазифаҳои муайянро иҷро менамоянд, табдил меёбанд. Ин амали яксамтаи тахассусии фард имкон медиҳад, ки нерӯи ӯ пурқувват гардад, зеро нерӯ ба як нуқта мутамаказ мешавад; в)ба шарофати зерсистемаи идоракунанда амалҳои одамон яквақта мегарданд, ки ин ҳолат низ ба сифати сарчашмаи тавонои афзоиши нерӯи умумии ташкилот хидмат менамояд.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ

ҚаблӣОила ҳамчун муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ (сотсиология)
БаъдӣТашкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. Бюрократия ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ