Зиндагиномаи Саноии Газнави / Ғазнавӣ (биография)

Саноии Газнави, Саноии Ғазнавӣ, Sanoii Gaznavi

Зиндагиномаи Санои Газнави биография на таджикском языке. Хаёт ва фаъолияти Саноии Газнави. Саноии Ғазнавӣ (1080/81 – 1141/42). Саноии Ғазнавӣ шоире буд, ки бузургтарин сӯфии дунё Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ худро аз ҷумлаи пайравони ӯ шуморидааст.

Аттор рӯҳ буду Саноӣ ду чашми ӯ,
Мо аз пайи Саноию Аттор омадем.

Саноӣ дар зодгоҳаш таълиму тарбият ёфта, дар баробари омӯзиши Қуръон, ҳадис, калом, луғат ва адаб аз илмҳои нуҷум, тиб, мусиқӣ ва ҳикмат баҳра бардоштааст. Вай бо унвони «ҳаким» шуҳрат меёбад ва дар сафаре, ки баъдҳо ба Нишопур карда буд, ба ҳаким Умари Хайём ошно мешавад. Пас аз он ба сабаби озурдагии хотире, ки аз аҳли Ғазна дошт, ба Балх меравад ва дар он ҷо дӯстони қадрдоне пайдо менамояд. Аз Балх ба ҳаҷ меравад ва баъд аз бозгашт аз Балх ба Сарахс меояд ва дар он ҷо нисбатан тӯлонӣ боқӣ мемонад. Саноӣ дар тӯли умраш ба Ҳирот, Марв ва Хоразм низ сафарҳо доштааст ва пас аз бист соли дурӣ аз зодгоҳаш дар соли 1124/1125 ба Ғазна бозгаштааст ва умрашро дар ҳамин ҷо дар манзиле, ки яке аз дӯстони мухлисаш барояш фароҳам оварда буд, ба поён расонидааст. Бинобар ривояте дар вопасин нафасҳояш зери лаб чизеро замзама менамудааст ва дӯстонаш гӯш ба даҳонаш бурда будаанд ва ӯ ин байтро мегуфт:

Бозгаштам, з-он чи гуфтам, з-он ки нест
Дар сухан маънию дар маънӣ сухан.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Абдурраҳмони Ҷомӣ, яке аз шахсиятҳои барҷастаи илму адаби форсии тоҷикӣ ва аз сӯфиёни маъруф, ин ривоятро аз қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ нақл кардааст ва гуфтааст, ки азизе инро бишунид ва гуфт: «Аҷаб ҳолест, ки дар вақти бозгаштан аз сухан низ ба сухан машғул буд».

Саноӣ агарчи гуфтааст, ки: “Аз кешу тариқатам чӣ пурсӣ, Ишқ аст маро тариқату кеш”, пеш аз он, ки ишқро – сӯфигариро тариқату кеши худ қарор диҳад, дар аввал сӯфӣ набуд, балки шоири мадеҳасарои дарбори Ғазнавиён буда, баъди инқилоби дарунӣ ба сӯфигарӣ рӯ овардааст. Дар ин бора худи ӯ чунин шаҳодат медиҳад:

Якчанд дар ислом фарас тохтаем,
Якчанд ба куфру кофирӣ сохтаем.
Чун қоидаи ишқи ту дарёфтаем,
Аз куфр ба ислом напардохтаем.

Сабаби инқилоби дарунии Саноии Ғазнавиро ҳар навъ шарҳ додаанд. Баъзеҳо ривоят кардаанд, ки гӯё шоир рӯзе аз назди майкадае мегузашт ва ба гӯшаш садои девонаи лойхӯре (дурдиошоме) мерасад, ки ба кӯрии султон Иброҳими Ғазнавӣ ва ҳам ба кӯрии чашми Саноӣ, ки ӯро мадҳи беҳуда мекунад, қадаҳ мебардошт. Гӯиё Саноӣ пас аз ин тарки мадҳиясароӣ карда ва рӯй ба ирфон овардааст. Аммо иллати аслӣ дар он буд, ки шоир ба таълимоти сӯфигарӣ ошно мегардад ва маҳз ин шиносоӣ кори беҳуда будани гуфтани мадҳияро барояш ошкор месозад ва баъд аз ин ӯ шеъри ҳазлу фаҳшро аз шеъри ҷид, яъне, шеъри сӯфиёна, ҷудо менамояд.

Эй дареғо, ки дар замонаи мо
Ҳазл ояд ба корхонаи мо.

Ҳазлро хостгор бисёр аст,
Занаху ришханд даркор аст.

Майли эшон ба ҳазл бештар аст,
Ҳазл, алҳақ, зи ҷид азизтар аст.

Мардро ҳазл бар гуноҳ барад,
Ҷид сӯйи олами Илоҳ барад.

Чун ту ҷид ёфтӣ, бибур аз ҳазл,
То аз он мамлакат набошӣ азл.

Ман чу з-ин шева рух битофтаам,
Ҳар чӣ кардам талаб, биёфтаам.

Аз вазъи бади замонаи Саноии Ғазнавӣ, ҳолати ногувори худи ӯ, муносибаташ бо замонаву аҳли он як қасидаи ҳолияи шоир хеле хуб гувоҳӣ медиҳад ва қасидаҳои монанди Носири Хусравро ба ёд меорад, ки ҳамчун каси оқилу фозил аз дасти ҷоҳилон ва мутаассибон гирифтори зиндони сангии Юмгондара гардида буд. Мухтасари он қасидаи машҳур чунин аст:

Мансух шуд муруввату маъдум шуд вафо,
З-ин ҳар ду монда ном чу симурғу кимиё.

Шуд ростӣ хиёнату шуд зиракӣ сафаҳ,
Шуд дӯстӣ адовату шуд мардумӣ ҷафо.

Гаштаст божгуна ҳама расмҳои халқ
З-ин олами набаҳраву гардуни бевафо.

Ҳар оқиле ба зовияе монда мумтаҳан,
Ҳар фозиле ба доҳияе гашта мубтало.

Он кас, ки гӯяд аз раҳи маънӣ кунун ҳаме
Андар миёни халқ мумаййиз чу ман куҷо?

Девонаро ҳаме нашиносад чу ҳушёр,
Бегонаро ҳаме бигузинад бар ошно.

Бо вуҷуди ҳама сахтиҳо ва хорию зориҳо, нодориҳо ва саргардониҳо Саноӣ кӯшиш намудааст, ки озодии хешро ба бандагӣ ба шоҳону зимомдорони замонаш нафурӯшад. Аз як номаи Саноӣ маълум мешавад, ки Баҳромшоҳи Ғазнавӣ ӯро ба дарбораш даъват карда, хостааст, ки ба хоҳари худ хонадор намояд. Вале ӯ ин даъват ва пешниҳодро рад намудааст:

Дарвеш наям, агарчи кам мекӯшам,
Девона наям, агарчи кам шуд ҳушам.
Гар бебаргӣ ба барг молад гӯшам,
Озодиро ба бандагӣ нафрӯшам.

ҚаблӣЗиндагиномаи Умари Хайём (биография)
БаъдӣТахлили микроиктисоди: предмет ва методология