Оила ҳамчун муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ (сотсиология)

Оила хамчун мухимтарин ниходи ичтимои.


Намунаи классикии ниҳоди иҷтимоии оддӣ оила аст. Оиларо А.Г.Харчев ҳамчун иттиҳоди одамоне таъриф додааст, ки ба никоҳ ва хешутабории хунӣ асос меёбаду ҳамзамон бо умумияти ҳаёти маишӣ ва масъулияти тарафайн алоқаманд мебошад. Асоси ибтидоии муносибатҳои оилавиро никоҳ ташкил менамояд. Никоҳ- ин шакли иҷтимоии таърихан тағйирёбандаи муносибати байни зан ва мард аст, ки тавассути он ҷомеа ҳаёти ҷинсии онҳоро ба тартиб дароварда, ҷоиз мешуморад ва ҳуқуқу вазифаҳои хешутаборию занушавҳарии онҳоро муқаррар месозад. Аммо оила нисбат ба никоҳ аз низоми мураккаби муносибатҳо иборат мебошад, зеро вай метавонад на танҳо зану шавҳар, балки фарзандон ва ҳатто дигар хешовандонро низ муттаҳид созад. Бинобар ин, оила бояд на ҳамчун гурӯҳи никоҳшаванда, балки чун ниҳоди иҷтимоӣ, яъне чун системаи робитаҳо, ҳамкориҳо ва муносибатҳои фардҳое, ки вазифаи азнавистеҳсолнамудани насли инсониро иҷро намуда, тамоми робитаю ҳамкориҳо ва муносибатҳоро дар асоси арзишу меъёрҳои зери назорати иҷтимоӣ қарордошта (тавассути муҷозоти мусбию манфӣ) ба танзим медарорад, баррасӣ гардад.

Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ як қатор марҳилаҳоро паси сар менамояд, ки пайдарҳамии онҳо даври оилавӣ ё даври ҳаётии оиларо бунёд месозад. Муҳаққиқон миқдори гуногуни марҳилаҳои ин даврро қайд менамоянд, лекин дар байни онҳо асосӣ инҳоянд:

1)никоҳ намудан- бунёди оила;

2)оғози фарзанддорӣ- таваллуди кӯдаки якум;

3)анҷоми фарзандтаваллудкунӣ-таваллуди кӯдаки охирин;

4) «кӯлбаи холӣ»-никоҳшавӣ ва аз оила ҷудошавии кӯдаки охирин;

5)қатъёбии мавҷудияти оила- марги яке аз ҳамсарон. Дар ҳар як марҳила оила шомили сифатҳои иқтисодию иҷтимоии махсус мебошад.

Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ бо ташаккулёбии ҷомеа пайдо шудааст. Раванди ташаккулёбӣ ва фаъолият намудани оила аз танзимсозандаҳои меъёрӣ-арзишӣ , чун : нигоҳубин, интихоби ҳамсари никоҳӣ, меъёрҳои шаҳвонии рафтор, меъёрҳое, ки зану шавҳар, падару модар ва фарзандон ба роҳбарӣ мегиранд, инчунин муҷозот барои иҷро накардани онҳо вобастагӣ дорад. Ин арзишҳо, меъёру муҷозот аз шаклҳои таърихан ивазшавандаи муносибатҳои байни зан ва мард иборат мебошанд, ки тавассути онҳо ҳаёти шаҳвонии онҳо ба тартиб дароварда мешаваду ҳуқуқу вазифаҳои ҳамсарӣ, волидайн ва хешутаборӣ муқаррар мегардад.

Дар марҳилаҳои ибтидоии рушди ҷомеа муносибатҳои байни зан ва мард, наслҳои калонсолу хурдсол бо урфу одатҳои авлодию қабилавӣ, ки ба тасаввуротҳои ахлоқию динӣ такя мекард, ба танзим дароварда мешуд. Бо пайдоиши давлат танзими ҳаёти оилавӣ хусусияти ҳуқуқӣ касб намуд. Дар доираи талаботи қонун ба расмият даровардани никоҳ на танҳо ба ҳамсарон, балки ба давлат, ки иттифоқи онҳоро машруият мебахшад, вазифаҳои муайянро ҳамл менамояд. Баъд аз ин назорати иҷтимоӣ на танҳо аз тарафи афкори умум, балки аз тарафи органҳои давлатӣ низ сурат мегирад.

Вазифаи асосӣ ва аввалини оила, тибқи таърифи А.Г.Харчев, репродуктивист, яъне азнавистеҳсолкунии аҳолӣ тибқи нақшаи ҷамъиятӣ ва қаноатманд сохтани талабот ба кӯдакон тибқи нақшаи шахсӣ. Қобили зикр аст, ки баъзе муаллифони дигар вазифаи аввалини оиларо аз батанзимдарории талаботҳои шаҳвонии зан ва мард ва қонеъсозии онҳо иборат медонанд.Дар қатори ин вазифаҳо оила боз як қатор вазифаҳои муҳими иҷтимоиро низ иҷро менамояд. Аз ҷумла:

а) тарбиявӣ, яъне иҷтимоисозии насли ҷавон, аз ҷиҳати фарҳангӣ азнавистеҳсолсозии аъзоёни оила;

б) хоҷагӣ-маишӣ, яъне нигоҳ доштани саломатии ҷисмонии аъзоёни оила, нигоҳубини кудакон ва аъзоёни кӯҳансоли оила;

в) иқтисодӣ, яъне бо неъматҳои моддӣ таъмин намудани баъзе аъзоёни оила аз тарафи аъзоёни дигар, дастгирии махсусан ноболиғону аъзоёни ба меҳнат ноқобили оила;

г) соҳаи назорати ибтидоии иҷтимоӣ, яъне танзими ахлоқии рафтори аъзоёни оила дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, инчунин ба танзим даровардани масъулияту вазифаҳо байни ҳамсарон, волидайну падарон, хурдсолону калонсолон;

д) вазифаи инкишофи маънавӣ, яъне инкишофи шахсиятҳои аъзоёни оила, бою ғанӣ сохтани олами маънавии онҳо;

е) иҷтимоӣ- мақомӣ, яъне пешниҳод намудани мақоми иҷтимоии махсус ба аъзоёни оила, азнавистеҳсолсозии сохтори иҷтимоӣ;

ж) фароғатӣ, яъне ашкили фароғати оқилона барои аъзоёни оила;

з) эмотсионалӣ, яъне таъмини фазои равонии мусоид дар оила, дастгирии эмотсионалӣ ва равонии аъзоёни оила.

Барои фаҳмидани моҳияти оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ таҳлили нақшҳо дар оила аҳамияти калон дорад. Нақши оилавӣ яке аз навъҳои нақши иҷтимоии инсон дар ҷомеа мебошад. Нақшҳои оилавӣ бо мақом ва вазифаҳои фард дар оила, ки пеш аз ҳама ба вазифаҳои ҳамсарӣ (зан ва мард), вазифаҳои волидайнӣ (модар ва падар), вазифаҳои фарзандӣ (духтар, писар, хоҳару бародар), дохилинаслӣ ва байнинаслӣ (бобою бибӣ ва калонсолу хурдсол ҷудо мешаванд, муайян мегарданд. Иҷрои нақши оилавӣ аз иҷрои баъзе шартҳо, пеш аз ҳама дуруст таъин намудани нақшҳо вобаста аст. Фард бояд дуруст тасаввур намояд, ки шавҳар ва ё зан будан, дар оила калон ё хурд будан чӣ маънӣ дорад, чӣ гуна рафторро аз ӯ интизоранд. Барои он ки рафтори худро дуруст муайян намояд, бояд мақоми худ ва мақоми дигаронро дар оила дуруст муайян намояд. Масалан, оё ӯ нақши сардори оила, яъне тақсимотчии асосии неъматҳои моддиро иҷро карда метавонад ё не? Шахсе, ки шомили иродаи заиф аст, агарчанде синну солаш калон бошад ҳам, ё мақоми нақшаш калон аст, масалан шавҳар дар шароити муосир ба вазифаи сардори оила на ҳамеша мувофиқ меояд.

Муносибатҳои байниҳамдигарии нақшҳо дар оила, ки зимни иҷрои вазифаҳои муайян шакл мегиранд, метавонанд бо ризоияти нақшҳо ё низоъи нақшҳо тавсиф ёбанд. Сотсиологҳо қайд месозанд, ки низоъи нақшҳо аз ҳама бештар дар шаклҳои зер ба зоҳир мерасанд: 1)низоъи нақшҳо, ки бо нодуруст муайян намудани ин нақшҳо дар як ё якчанд аъзои оила алоқаманд мебошад; 2)низоъи байнинақшӣ, ки дар он ихтилоф дар байни иҷрои нақш ва нақше, ки аз ӯ интизорӣ меравад, сурат мегирад.Чунин навъи низоъ бештар дар оилаҳои бисёрнасл, ки ҳамсарон бояд ҳам нақши волидайн ва ҳам нақши фарзандонро иҷро намоянду онҳо бояд ин ду нақшро дар рафтори худ ба мувофақа оранд, ба мушоҳида мерасад;3) низоъи дохилинақшӣ, ки зимни он худи ҳамон як нақш талаботҳои пурихтилофро дарбар мегирад. Дар оилаҳои муосир чунин навъи мушкилот бештар ба нақши зан хос мебошад. Махсусан, вақте зан нақши анъанавии занро дар оила (соҳибхоназан, тарбиятгари фарзандон, рӯбучин баъди хӯроку хуфтухези аъзоёни оила ва ғайра) бо нақши муосир, яъне иштироки баробари ҳамсарон дар таъмини оила бо неъматҳои моддӣ якҷоя менамояд, чунин навъи низоъ ба мушоҳида мерасад.

Низоъ шакли тезутундро касб менамояд, агар зан дар соҳаи иҷтимоию касбӣ мақоми нисбатан баландро ишғол намояду вазифаҳои нақшии худро ба фазои дохилиоилавӣ ҳамл намояд. Дар чунин ҳолатҳо қобилияти ҳамсарон барои моҳирона иваз намудани нақшҳо бисёр муҳим мебошад. Дар эҷоди низоъи нақшӣ баъзе мушкилот, чун омодагии равонӣ барои иҷрои нақшҳо, ки бо чунин сифатҳои ҳамсарон, мисли камолоти нокифояи ахлоқию эмотсионалии онҳо, тайёр набудан ба иҷрои нақши ҳамсар, ба хусус нақши волидон алақаманд мебошад, мақоми махсусро ишғол менамояд. Масалан, духтар ё писар хонадор шуда намехоҳанд, ки вазифаҳои хоҷагидориро дар шароити нав ба душ гиранд. Он маҳдудиятҳоеро, ки вазифаҳои падар ва модар ба души онҳо мегузорад, қабул накарда мехоҳанд ба тарзи пешина зиндагӣ намоянд.

Дар шароити муосир дар фарҳанги аврупоӣ раванди сустшавии оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, тағйирёбии вазифаҳои иҷтимоии он, муносибатҳои оилавии ғайринақшӣ ба мушоҳида мерасад. Оила мақоми асосии худро дар иҷтимоисозии фардҳо, дар ташкили фароғат ва дигар вазифаҳои муҳим гум карда истодааст. Нақшҳои анъанавӣ, ки зимни он зан корҳои хоҷагиро пеш мебурд, фарзанд таваллуд мекарду тарбия менамуд, аммо шавҳар хуҷаин буда, соҳибмулки ягона ба ҳисоб мерафт ва ҳамзамон мустақилияти иқтисодии оиларо таъмин менамуд, бо нақшҳое иваз шуда истоданд, ки зимни он аксари занҳо дар мамолики дар доираи фарҳанги масеҳию буддоӣ рушднамоянда дар фаъолияти истеҳсолию сиёсӣ, дар таъмини иқтисодии оила иштирок намуда, дар ҳалли масоили оилавӣ нақши баробар, баъзан нақши ҳалкунандаро бозида истодаанд.Ҳолати мазкур тарзи фаъолияти оилаҳоро иваз намуда, як қатор оқибатҳои ҳам мусбӣ ва ҳам манфӣ эҷод намуд. Аз як тараф, ҳолати мазкур ба инкишофи худшиносии занҳо , баробарӣ ба муносибатҳои ҳамсарӣ мусоидат намуд, аз тарафи дигар, вай вазъи муноқишавиро тезутунд намуда, ба раванди демографӣ таъсир расонд, яъне ба камшавии таваллуду афзоиши сатҳи фавт оварда расонида истодааст.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ

ҚаблӣНавъҳо ва вазифаҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ
БаъдӣТашкилотҳои иҷтимоӣ (сотсиология)