Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ

Умумиятхои ичтимои, ниходхои ичтимои, ташкилотхои ичтимои.


Ҷомеа ҳамчун низоми иҷтимоӣ-фарҳангии том аз бисёр зернизомҳо (зерсистемаҳо) иборат мебошад. Яке аз навъҳои муҳими низоми иҷтимоӣ умумиятҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Умумияти иҷтимоӣ – ин маҷмӯи фардҳои ба таври воқеӣ вуҷуддошта ва амалан қайдшаванда мебошад, ки бо томмияти нисбии худ фарқ намуда, ҳамчун субъекти мустақили амали иҷтимоӣ баромад менамояд. Дар таърифи мазкур чанд ҷанбаро бояд қайд намуд. Аввалан, умумиятҳои иҷтимоиро набояд ҳамчун мафҳумҳои бо ақл даркшаванда, ки олимон барои таҳлили ҳаёти ҷамъиятӣ эҷод сохта бошанд, тасаввур намуд, балки онҳо ба таври воқеӣ дар ҳаёт вуҷуд доранд. Мавҷудияти онҳоро амалан қайд намуда санҷидан мумкин аст. Сониян, умумиятҳои иҷтимоӣ танҳо ҷамъи фардҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ набуда, балки вуҷуди томме ба ҳисоб мераванд, ки шомили вижагиҳои низомҳои том мебошанд. Солисан, умумиятҳои иҷтимоӣ объектҳои ҳамкориҳои мутақобилаи иҷтимоӣ мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо худ сарчашмаи рушди хеш мебошанд. Ташаккулёбию фаъолияти умумиятҳои иҷтимоӣ дар асоси робитаю муносибатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилаи иҷтимоӣ сурат мегирад.

 Умумиятҳои иҷтимоӣ вобаста ба марҳилаҳои таърихию шароити ташаккулёбӣ аз навъу шаклҳои гуногун иборат мебошанд. Аз ҷиҳати миқдор онҳо метавонанд аз ҳамкории ду нафар то ҳаракатҳои сиёсию иқтисодии байналхалқии бисёршумора иборат бошанд. Аз ҷиҳати давомнокии мавҷудият бошад, умумиятҳои иҷтимоӣ метавонанд аз чанд лаҳзаю соат (иштироки одамон дар чорабинии намоишӣ) то садҳою ҳазорҳо сол (халқияту миллатҳо) давомнокӣ дошта бошанд. Аз ҷиҳати зичии робита байни фардҳо умумиятҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳам ташкилоту коллективҳои бо ҳам зич ва муттаҳид бошанд ва ҳам метавонанд маҷмӯи одамони парокандаю аморфӣ (мухлисони тими футболи яккачини Тоҷикистон) бошанд.

 Аммо бояд ёдовар шуд, ки дар таснифи умумиятҳои иҷтимоӣ муайян сохтани нишонаю аломати бунёдии низомсозанда бештар муҳим мебошад. Вобаста ба ин нишонаи бунёдӣ умумиятҳои фарҳангӣ, ҳудудӣ, этникию демографӣ ва ғайраро фарқ месозанд. Умумиятҳои иҷтимоӣ боз ба умумиятҳои оммавию гурӯҳӣ тақсим мешаванд.

 Умумиятҳои оммавӣ шомили сифатҳои зерин мебошанд:

1)маҷмӯи аморфии аз ҷиҳати сохтор тақсим нашуда, ҳайъати аз ҷиҳати миқдору сифат номуайян, надоштани принсипи мушаххаси воридшавӣ ба он;

2)барои онҳо хос будани тарзи лаҳзавии мавҷудият, яъне онҳо дар асоси ин ё он ҳадафи мушаххас пайдо мешаванду фаъолият менамоянд. Бинобар ин, ноустувор буда, вобаста ба ҳолати пайдоиш тағйир меёбанд.

3)барои онҳо гуногунии ҳайъат, яъне табиати байнигурӯҳӣ хос мебошад. Ба қавли дигар, онҳо ҳудудҳои этникию гурӯҳ ӣ ва синфиро мешикананд.

4)ба сабаби хосияти аморфии хеш онҳо наметавонанд, ки ба умумиятҳои васеътар ба сифати воҳиди таркибии онҳо ворид шаванд.

Намунаи маъмулии умумиятҳои оммавӣ метавонанд иштирокчиёни ҳаракатҳои экологию сиёсӣ (барои сулҳ, зидди таҳдидҳои ядроӣ, зидди ифлосшавии муҳити зист ва ғайра), мухлисони ситораҳои эстрадӣ, мухлисони тимҳои варзишӣ, аъзои иттиҳодияҳои дӯстдорони ин ё он навъи фаъолият ва ғайра бошанд.


Зермавзӯҳо:


Саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ

  1. Мундариҷаи мафҳуми «Умумиятҳои иҷтимоӣ»- ро кушоед.
  2. Навъҳои умумиятҳои иҷтимоиро вобаста ба миқдори фардҳо, давомнокии фаъолият ва зичии робита баён намоед
  3. Вобаста ба умумиятҳои динӣ-мазҳабӣ, фарҳангӣ, ҳудудӣ, этникӣ, демографӣ, касбӣ мисолҳо биёред.
  4. Умумият ва фарқияти байни умумиятҳои оммавӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоиро нишон диҳед
  5. Нишонаҳои асосии умумиятҳои этникиро баён намоед.
  6. Моҳияти мафҳуми «Ниҳоди иҷтимоӣ»-ро шарҳ диҳед.
  7. Барои ташаккули ниҳоди иҷтимоӣ кадом шартҳо заруранд?
  8. Навъҳои ниҳодҳои иҷтимоиро баён намоед.
  9. Моҳияти оила ва никоҳро ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ шарҳ диҳед.
  10. Зарурати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро чӣ тавр асоснок менамоед?
  11. Вазифаҳои оиларо баён намоед.
  12. Ифодаи    «Тақсими   дурусти      нақшҳои     оилавӣ ва           иҷрои бомасъулиятонаи онҳо – кафили ташаккули оилаи солим» – ро чӣ тавр шарҳ медиҳед?
  13. Сурат гирифтани тағйиротро дар иҷрои нақшҳои оилавӣ дар фарҳанги ғарбӣ ва таъсири онҳоро ба фарҳангҳои ғайр, аз ҷумла фарҳанги оиладории шарқӣ чӣ тавр шарҳ медиҳед?
  14. Умумият ва фарқияти байни ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмиро баён намоед.
  15. Ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии бюрократия шарҳ диҳед.

Мавзӯъҳо барои рефератҳо

1.Сотсиологияи ҷавонон ҳамчун назарияи махсуси сотсиологӣ.

2.Назарияҳои иҷтимоӣ доир ба проблемаи ҷавонон.

3.Мушкилоти ҷавонони ҷомеаи муосири тоҷик.

4.Сотсиологияи оила: проблемаҳои муосир.

5.Омилҳои асосии бӯҳрони оилаҳои муосир.

6.Тағйирёбии нақшҳои иҷтимоӣ дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ.

7.Мушкилоти мубрами маълумоти миёна ва олии муосир.

8.Маълумот ҳамчун арзиш.


Адабиётҳои асосӣ

1.Идиев Х.И. Сотсиология.-Душанбе, 2006.

2.Идиев Х.У.,Маслова О.М., Самиев Б.Ҷ., Гиёев Қ.Ҳ. Сотсиологияи амалӣ.-Душанбе.,2008.

3.Мирошниченко И.В. Сотсиология (иҷтимоиёт).Конспекти лексияҳо.Таҳия ва тарҷумаи Одинаев Ё. аз забони русӣ. –Душанбе,2008.

4.Решетников А.В. Социология медицины.М.,2007.

5.Фролов С.С.Общая социология:Учебник.-Москва:Проспект,2011.

6.Социология.Основы          общей                теории:Учебник для

вузов/Отв.ред.академик РАН Г.В.Осипов, действительный член РАЕН Л.Н.Москвичев.-Москва:Норма, 2005.

 Адабиётҳои иловагӣ

  1. Идиев Х.И. Фалсафаи иҷтимоӣ. Душанбе, 2013.
  2. Общая социология: Учебное пособие / Под общ.ред.проф. А.Г.Эфендиева.-М.: Инфра, 2000.
  3. Волков Ю.Г., Мостовая И.В. Социология: Учебник для вузов /Под ред.проф.В.И.Добренкова.-М.:Гардерика,2000.
  4. Тощенко Ж.Т. Социология :Обий курс. -2-е изд.доп. и перераб.-М.: Юнайт-Издат,20003.
  5. Гидденс Э. Социология.-М.,1999.

1.Сотсиологияи чавонон хамчун назарияи махсуси сотсиологи.
2.Назарияхои ичтимои доир ба проблемаи чавонон.
3.Мушкилоти чавонони чомеаи муосири точик.
4.Сотсиологияи оила: проблемахои муосир.
5.Омилхои асосии бухрони оилахои муосир.
6.Тагйирёбии накшхои ичтимои дар шароити иктисодиёти бозаргони.
7.Мушкилоти мубрами маълумоти миёна ва олии муосир.
8.Маълумот хамчун арзиш.

ҚаблӣТашхискунии омӯзандагӣ (педагогика)
БаъдӣГурӯҳҳои иҷтимоӣ-шакли асосии умумиятҳои иҷтимоӣ. Навъҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ