Зертипи трахеянафаскашхо. Синфи бисёрпойхо.
Ин зертип, асосан, буғумпоёни хушкигардро дар бар гирифта, тавассути трахея (хирной) нафас мегиранд ва ба ду синф: бисёрпойҳо ва ҳашарот ҷудо мешавад.
Синфи бисёрпойҳо. Дар дунё қариб 15 000 намуди бисёрпойҳо ё бо забони халқ чилпойҳо, ҳазорпойҳо маълум аст. Бисёрпойҳо дар зери хок, санг, хазон, рафҳои девор ва дигар ҷойҳо зиндагӣ карда, моддаҳои пӯсидаро мехӯранд. Баъзеашон даранда буда, ба ҳайвонҳои майда ва ҳатто калтакалос ҳуҷум мекунанд (расми 93).

Аз бисёрпойҳои заҳрдор дар Тоҷикистон ҳазорпойи ҳалқа-ҳалқа вомехӯрад. Бадани онҳо кирммонанди дароз буда, ба сар ва танаи аз буғумҳо (сегментҳо) иборатбуда ҷудо мешавад.
Дар аксарияти халқаҳои (сегментҳои) бадан пой доранд.
Бадани бисёрпойҳо аз буғумҳои сарҳадашон нағз на моён иборат буда, миқдори онҳо аз 18 то ба 181 адад мерасад. Бадани онҳо бо моддаи хитин пӯшида шудааст. Дар бисёрпойҳо ҷуфти якуми пойи тана ба ҷоғпой табдил ёфтааст, ки он вазифаи доштани сайд ва куштани онро иҷро мекунад.
Дар асоси ин пой ғадуди заҳрбарор дида мешавад. Заҳри ҷудомекардаи онҳо ба ҳайвоноти бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадор таъсир мерасонад. Масалан, агар чилпо дастро газад, варам мекунад. Дар заҳри баъзе намудҳояшон кислотаи синил дида мешавад.
Системаи ҳазми хӯроки бисёрпойҳо ба найчаи рост монанд буда, даҳонашон ба рӯдаи пеш пайваст аст. Дар аввали рӯда ғадудҳои луобҷудокунанда ҷойгиранд, ки луоби онҳо дар ҳазм кардани хӯрок иштирок мекунад. Ҳазмкунии пурра ва ҷабидани хӯрок дар рӯдаи мобайн ба амал меояд. Баъзе намудҳояшон баргҳои пӯсида ва боқимондаи рустаниҳоро мехӯранд.
Узви ихроҷ. Дар сарҳади рӯдаи мобайн ва қафо найчаҳои дарози сарбаста дида мешаванд, ки онҳо узви ихроҷ буда, найчаи малпигӣ номида мешаванд. Маҳсулоти ихроҷи онҳо дар шакли кислотаи шоша мебошад.
Системаи асабашон аз майнаи сар, торҳои назди гулӯ ва занҷири асаби шикамӣ иборат буда, дар ҳар як банд як ҷуфт ганглия (гиреҳ) дида мешавад.
Узви ҳис. Ин вазифаро мӯйлабҳо иҷро мекунанд. Чунки онҳо дар худ мӯякчаҳои ҳискунанда доранд.
Бисёрпойҳо аз 2 то 4 чашм доранд. Қобилияти биноиа- шон калон нест, барои ҳамин онҳо, асосан, дар ҷойҳои торик зиндагӣ мекунанд.
Узви нафаскашиашон трахея мебошад. Воридшавии ҳаво ба трахеяҳо, тавассути стигмаҳо (сӯрохии ҳаводаро) ба амал меояд.
Системаи гардиши хун дар бисёрпойҳо нағз тараққӣ кардааст. Онҳо ба ғайр аз дил боз рагҳои хунгарди паҳлугӣ доранд. Дилашон дар болои рӯда ба монанди найча буда, барқади тана ҷойгир шудааст ва қафои он сарбаста аст.
Аз дил аортаи сар кушода мешавад, ки хун тавассути он ба майнаи сар меравад. Дили онҳо мураккаб шудааст, чунки аз ҳар як ҳуҷра боз ду раги шарёни (артерияҳои) паҳлугӣ мебарояд. Дил ба девори тана ба воситаи мушакҳои болмонанд часпида, овезон аст. Ҳамаи рагҳои аз дил баромада торафт боз ба шохаҳои бориктар тақсим мешаванд ва онҳо хунро ба ковокии бадан ворид мекунанд. Хун аз он ҷо боз ба дил меравад.
Системаи ҷинсӣ. Ҳамаи бисёрпойҳо ҷудоҷинса буда, ға дудҳои ҷинсиашон ҷуфт мебошад. Нарина сперматофорҳо (лифофаи нутфадор)-ро дар узви тормонанди ҳосил кар дааш овезон мекунад, модина онҳоро ҷамъ карда мегирад ва ҳамин тавр бордоршавӣ ба амал меояд.
Афзоиши бисёрпойҳо. Тухмашон калон буда, аз зарда бой аст. Миқдори ҳалқаҳои насли аз тухм баромада пурра набуда, онҳо пас аз ҳар як пӯстпартоӣ пайдо мешаванд. Ин сегментҳо аз ҳисоби нуқтаи сабзиш, ки дар қафои тана ҷойгир шудааст, пайдо мешаванд.
Саволҳо
- Бисёрпойҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
- Танаи онҳо аз чанд қисм иборат аст ва бо чӣ пӯшида шудааст?
- Аҳамияти бисёрпойҳо аз чӣ иборат аст?
Тестҳо
1. Танаи бисёрпойҳо ба чанд қисм тақсим мешавад?
А) 1; Б) 2; В) 3; Г) 4.
2. Миқдори зиёдтарини бандҳои бисёрпойҳо ба чандто мерасад?
А) 121; Б) 141; В) 171; Г) 181.
3. Афзоиши бисёрпойдорон бо кадом роҳ ба амал меояд?
А) ғайриҷинсӣ; Б) ҷинсӣ; В) бо роҳи тақсимшавӣ; Г) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.





















