Типи Ҳалқакирмҳо – Халкакирмхо

Ҳалқакирмҳо нисбат ба дигар кирмҳо аз ҷиҳати сохт ва тарзи зист пешрафта мебошанд. Аксари намудҳояшон озодона зиндагӣ карда, баданашон ба қисми сар, тана ва дум тақсим шудааст. Ҳалқакирмҳо ҳайвонҳое мебошанд, ки баданашон аз 0,5 мм то 3 м дароз буда, тавассути пардаҳои дохилӣ ба ҳуҷрачаҳо ҷудо шудааст, ки онҳо ба ҳалқа монанданд.

Номи ҳалқакирмҳо низ аз ҳамин ҷост. Ҳалқакирмҳо ба монанди паҳнкирмҳо ва лӯндакирмҳо ба гурӯҳи ҳайвонҳои сеқабата ва таносуби баданашон дутарафа дохил мешаванд. Дар ҳалқакирмҳо, баръакси паҳнкирмҳо ва лӯндакирмҳо, як қатор узвҳои нав пайдо шудаанд. Масалан, ковокии дуюми бадан (селома)-и онҳо девори мустақили худро дорад ва он дар ҳар як ҳалқа дида мешавад.

Дар ҳалқакирмҳо системаи гардиши хун пайдо шудааст. Системаи асабашон нисбат ба дигар кирмҳо мураккабтар буда, дар онҳо узвҳои ҳис, чашм, мӯйлабчаҳои эҳсос, қилҳо, узвҳои поймонанд (параподия) пайдо шудаанд. Муҳити зисти ҳалқакирмҳо обҳои баҳр, обҳои ширин ва хокҳои нам мебошад. Дар дунё 12 ҳазор намуди ҳалқакирмҳо маълум аст. Аз ин даҳҳо намудашон дар Тоҷикистон вомехӯранд.


Халкакирмхои хок

Ҳалқакирмҳои хок. Намояндаи хеле маъмули типи ҳалқакирмҳо кирми лойхӯрак буда, 8-10 см дарозӣ дорад (расми 73).

Ранги баданаш сурхчатоб мебошад. Дар Тоҷикистон 10 намуди кирми лойхӯрак муайян шудааст. Онҳо дар ҳамон хокҳое вомехӯранд, ки аз пору ва боқимондаи рустаниҳои пӯсида бой мебошанд. Кирмҳои лойхӯрак, асосан, шаб фаъоланд. Онҳо рӯзона пас аз борони сел (бисёртар дар фасли баҳор) ба рӯйи Замин мебароянд, чунки имконияти нафаскашиашон маҳдуд мешавад. Аз ин ҷост, ки номи дигари ин кирм – кирми борон аст. Хӯроки кирми лойхӯрак маҳсулоти пӯсидаи рустанӣ аст. Қисми пеши бадани он нӯгтез буда, дар он ҷо даҳон ҷойгир аст. Ҷойи ғафсшудаи баданро миёнбанд меноманд, ки вай луоб мебарорад. Аз ин луоб пила ҳосил шуда, кирми лойхӯрак тухми бордоршудаашро дар дохили ҳамин пила дар хок гӯр мекунад. Дар қафои бадан сӯрохии мақъад ҷойгир аст. Дар кирми лойхӯрак мушакҳои барқад ва ҳалқашакл мавҷуданд. Аз ҳамин сабаб ин ҳайвон, баръакси лӯндакирмҳо, метавонад баданашро кӯтоҳ ва ғафс ё дарозу борик кунад. Дар вақти кашиш хӯрдани мушакҳои ҳалқашакл бадани кирм дарози борик шуда, ба пеш ҳаракат мекунад. Аз кашиш хӯрдани мушакҳои барқад қисми ақиби бадан ба пеш кашида мешвад. Ҳамин тариқ, тавассути бо навбат кашиш хӯрдан ва суст шудани мушакҳои ҳалқашакл ва барқад кирми лойхӯрак ҳаракат мекунад. Дар ҳалқаҳои кирми лойхӯрак аз тарафи шикам қил мавҷуд аст. Майли қилҳо ба ақиб равон буда, миқдори онҳо дар як ҳалқа чорҷуфтӣ аст. Қилҳо дар вақти кофтани роҳ дар зери хок аҳамияти такягоҳӣ доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кирми лойхӯрак ҳангоми дар хоки мулоим ҳаракат карданаш, бо қисми пеши бадан заррачаҳои хокро аз сари роҳаш дур карда, барои худ роҳ мекушояд. Дар хоки нисбатан сахт кирми лойхӯрак метавонад хокро аз рӯдааш гузаронида, ба худ роҳ кушояд. Одатан, онҳо дар хокҳои нам зиндагӣ мекунанд. Баробари саршавии хушкӣ ё хунукӣ кирмҳои лойхӯрак ба қабатҳои чуқури хок мераванд.


Халкакирмхои бахр

Ҳалқакирмҳои баҳр. Аз ҳалқакирмҳои баҳр бештар нереида машҳур буда, дар Тоҷикистон вонамехӯрад. Нереида хӯроки муҳимми моҳиҳои саноатӣ мебошад (ба расмҳои 71 ва 75 нигаред).

Расми 71. Ҳалқакирмҳои баҳрӣ
Расми 71. Ҳалқакирмҳои баҳрӣ

Нереида дар рег ва лойқаи зери об хона сохта, зиндагӣ мекунад. Дар давраи афзоиш ба болои об мебарояд. Ранги баданашон сурхчатоб, сабз ё гуногунранг аст. Ҳалқаҳои пеши бадан аз дигар ҳалқаҳо ба куллӣ тафовут дошта, қисми сарро ҳосил мекунанд.

Дар сар даҳон, варамиҳо ва якчанд ҷуфт мӯйлабчаҳо (узви ломиса), ду ҷуфт чашм ва аз қафои онҳо ду сӯрохӣ (онҳо узви шомма мебошанд) дорад. Дар паҳлуи ҳар як ҳалқа як ҷуфт варамиҳои бадан бо дастаи қилҳои дароз мавҷуд аст (ба расми 75 нигаред). Онҳо пойи одӣ – параподия доранд, Нереида тавассути онҳо дар зери баҳр ҳангоми ҷустуҷӯи хӯрок (ҳайвонҳои майдаи баҳрӣ, обсабзҳо) шино мекунанд, мехазад ва ба зери хок медарояд.


Саволҳо

  1. Ҳалқакирмҳо дар кадом муҳитҳо зиндагонӣ мекунанд?
  2. Ҳалқакирмҳо аз рӯйи шакли берунӣ аз паҳнкирмҳо ва лӯндакирмҳо чӣ тафовут доранд?
  3. Кирми лойхӯрак дар куҷо зиндагонӣ мекунад ва тарзи ҳаётгузаронии он чӣ гуна аст?
  4. Бадани кирми лойхӯрак ба дарозӣ ва ғафсӣ чӣ тавр тағйир меёбад?
  5. Кирми лойхӯрак чӣ гуна ҳаракат мекунад?
  6. Монандӣ ва тафовути нереида ва кирми лойхӯрак аз рӯйи сохти беруниашон дар чӣ зоҳир мешавад?
  7. Дар Тоҷикистон чанд намуди кирми лойхӯрак мавҷуд аст?
ҚаблӣТарзи ҳаётгузаронии лӯндакирмҳо – лундакирмхо
БаъдӣСохти дохилӣ ва тарзи ҳаётгузаронии ҳалқакирмҳо