Тарзи хаётгузаронии лундакирмхо. Лӯндакирмҳои хок ва рустанӣ. Лӯндакирмҳои муфтхӯри инсон ва ҳайвон. Мубориза бо кирмҳои муфтхӯр
Лӯндакирмҳои хок ва рустанӣ
Лӯндакирмҳои хок ва рустанӣ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 намуди нематодҳои рустанӣ муайян шудаанд. Онҳо дар решаи пахта, пиёз, картошка, лаблабу ва дигар зироатҳои кишоварзӣ зиндагӣ мекунанд. Ранги баданашон қариб шаффоф буда, андозаашон 1,5 мм аст.
Як қисми нематодҳо дар решаи рустанӣ ва хок, гурӯҳи дигар дар поя ва барги рустанӣ, гурӯҳи сеюм дар гул ва меваи рустанӣ ҷой мегиранд. Узвҳои даҳонии нематодҳои рустанӣ халандаю макандаанд. Онҳо ба бофтаҳои рустанӣ моддаҳои махсус ҷудо карда, ҳуҷайраҳои бофтаро ҳал мекунанд.
Моддаи ҳалшуда тавассути қисми васеъшудаи сурхрӯда, ки ба монанди насос кор мекунад, ба системаи ҳозимаи кирм дохил мешавад. Комилан ҳазмшавии хӯрок дар рӯда ба амал меояд. Қисми ҳазмнашудаи хӯрок аз сӯрохии мақъад ба берун хориҷ мешавад. Нематодҳои рустанӣ ба хоҷагиҳои пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ зарари калон мерасонанд. Онҳо дар решаи пахта, картошка зиндагӣ карда, варами лӯндаро пайдо мекунанд, ки онро бузғунҷ меноманд. Қади рустаниҳои зарардида паст ва рангашон зард шуда, ҳосили кам медиҳанд.
Лундакирмхои муфтхури инсон ва хайвон
Лӯндакирмҳои муфтхӯри инсон ва ҳайвон. Дар Тоҷикистон 10 нематоди муфтхӯри инсон ва ҳайвон ба қайд гирифта шудааст. Аскаридаи одам, аскаридаи асп, аскаридаи хук, гиҷҷа ва ғайраҳо хеле васеъ паҳн шудаанд. Аскаридаҳо муфтхӯри рӯдаи борики «хӯҷаин» мебошанд. Бадани аскарида таранг ё сахти ғафс буда, аз берун бо қабати ғафс пӯшида шудааст.
Ба монанди дигар лӯндакирмҳо ҳаракати аскарида тавассути хам хӯрдан ба амал меояд. Аскарида хӯроки қисман ҳазмшудаи рӯдаи «хӯҷаин»-ашро мехӯрад. Системаи ҳозимаи аскаридаҳо ба монанди найча буда, дар ковокии бадан ҷойгир аст. Аскаридаи модина дар як шабонарӯз қариб 200 ҳазор тухм мемонад. Тухмҳои бордоршуда ба воситаи ахлоти одам ба замин меафтанд. Дар муҳити беруна дар ҳар як тухм пас аз 2-3 ҳафта кирминаҳои ҳаракаткунанда пайдо мешаванд.
Тухми аскарида дар вақти ношуста хӯрдани мева, обро наҷӯшонида истеъмол кардан ба инсон мегузарад. Тухми аскаридаро магасҳо бо пойҳояшон дар маҳсулоти хӯрокӣ паҳн мекунанд. Дар рӯдаи инсон аз тухм кирминаҳои хеле хурд мебароянд. Онҳо бо роҳи хойидани девори рӯда ба хун медароянд. Минбаъд тавассути ҳаракати хун ба ҷигар, дил ва шуши инсон мераванд. Кирминаҳо дар шуш каме калон шуда, бо роҳҳои нафаскашӣ дар шакли кирмина аз сари нав ба даҳон рафта, бори дуюм тавассути луоби даҳон фурӯ бурда мешаванд ва дар рӯда ба воя мерасанд (расми 69).

Дар рӯдаи ақиби инсон ва ҳайвон лӯндакирмҳои андозаашон майдатар – гиҷҷаро дидан мумкин аст. Дарозии гиҷҷаи инсон қариб 1 см, гиҷҷаи асп бошад, 18 см аст. Гиҷҷаҳои модинаи бордоршуда дар сӯрохии ахлотбарор муддати дароз зиндагӣ карда, касалии хоришро дар атрофи сӯрохии мақъад ба вуҷуд меоранд. Гиҷҷаҳо тухмашонро дар пӯсти назди сӯрохии мақъад мемонанд ва аз онҳо кирмина мебарояд. Кирминаҳо боз аз сари нав ба воситаи хӯроки ифлос ба рӯдаи инсон медароянд.
Мубориза бо кирмхои муфтхур
Мубориза бо кирмҳои муфтхӯр. Дар мамлакати мо ба муқобили кирмҳои муфтхӯри инсон ва ҳайвон корҳои зиёд анҷом дода мешаванд.
Дар бахши муайян кардани роҳҳои мубориза ба муқобили кирмҳои муфтхӯр хизмати олимон хеле калон аст. Олимон оид ба муайян кардани манбаъҳои паҳншавии кирмҳои муфтхӯр ва коркарди роҳҳои мубориза ба муқобили онҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакатамон тадқиқотҳои илмӣ мебаранд. Роҳҳои асосии мубориза, пеш аз ҳама, назорати қатъии риояи қоидаҳои тозагию санитарии об, санҷиши таркиби гӯшт дар қассобхонаҳо, муайян ва табобат кардани одамон ва чорвои хонагии бо кирмҳо сироятёфта мебошанд.
Хулоса
- Дар лӯндакирмҳо нахустин бор ковокии якуми бадан пайдо шудааст.
- Системаи ҳозимаи лӯндакирмҳо баръакси системаи ҳозимаи паҳнкирмҳо аз рӯдаи пеш, мобайн ва ақиб иборат аст.
- Аксарияти лӯндакирмҳо муфтхӯри хавфноки инсон, ҳайвон ва рустаниҳо мебошанд.
- Роҳҳои асосии мубориза, пеш аз ҳама, назорати қатъии риояи қоидаҳои тозагию беҳдоштӣ мебошад.
Оё медонед?
Оё медонед? Нематодҳо дар организми ҳайвон ва одам муфтхӯрӣ карда, ба зиндагӣ дар тамоми системаи узвҳои «хӯҷаин» мутобиқ шудаанд, аз ҷумла, рагҳои хунгард ва лимфагузар, майнаи сар ва ҳароммағз дар зери пӯст, дар дохили чашм, мушакҳо, рӯда, шуш, дил ва ғайраҳо. Як намояндаи типи лӯндакирмҳо коловратка буда, андозаи баданаш 0,04 – 2 мм аст. Намояндаи дигари ин тип кирми мӯймонанд буда, муҳити сукунаташ обанборҳо аст. Дарозии он 20 см ва паҳноиаш 1 мм аст.
Саволҳо
- Кадом лӯндакирмҳоро медонед ва онҳо чӣ тавр ба хоҷагии кишоварзӣ зарар мерасонанд?
- Инсон худро аз сироятёбии аскарида ва гиҷҷа чӣ тавр бояд муҳофизат кунад?
- Дар мамлакати мо барои кам кардани шумораи кирмҳои муфтхӯр чӣ гуна корҳо ё чорабиниҳо гузаронида мешаванд?
- Намояндагони асосии лӯндакирмҳоро номбар кунед.