Сохти дохилӣ ва тарзи ҳаётгузаронии ҳалқакирмҳо

Сохти дохили ва тарзи хаётгузаронии халкакирмхо.


Халтаи пӯсту мушак. Бадани ҳалқакирмҳо аз берун бо ҳуҷайраҳои пӯст пӯшида шудааст. Ҳуҷайраҳо луоб ҷудо карда, бадани ҳалқакирмҳоро аз таъсироти омилҳои муҳити беруна муҳофизат мекунанд. Дар зери пӯст ду қабат мушак хобидааст (расми 72).

Расми 72. Буриши кӯндалангии кирми лойхӯрак
Расми 72. Буриши кӯндалангии кирми лойхӯрак

Ҳуҷайраҳои пӯст аз ҷиҳати шакл, андоза ва вазифа ба ҳамдигар монанданд. Ҳуҷайраҳои мушакҳо аз ҳуҷайраҳои пӯст тафовут доранд, аммо аз ҷиҳати сохт ва фаъолияташон монанд мебошанд. Гурӯҳи ҳуҷайраҳое, ки аз ҷиҳати сохт, пайдоиш ва иҷрои вазифа бо ҳам монанданд, бофта ном доранд. Масалан, пӯсти кирм аз бофтаи пӯшиш иборат аст ва мушакҳо бофтаи мушакро ҳосил мекунанд.


Ковокии бадани халкакирмхо

Ковокии бадан. Дар зери пӯст ва мушакҳои ҳалқакирмҳо ковокии дуюми бадан (селом) ҷойгир аст, ки он бо моддаи моеъ пур буда, девори махсуси худро дорад. Дар ковокии бадан узвҳои дарунӣ ҷойгиранд.

Ковокии бадани ҳалқакирмҳо ба монанди ковокии бадани лӯндакирмҳо яклухт набуда, бо пардаҳои кӯндаланг, мувофиқи миқдори ҳалқаҳои беруна, ба ҳуҷрачаҳо тақсим шудааст. Аз ҳамин сабаб бо зарар дидани бутунии як-ду ҳалқа кирм намемирад. Чунки моеи ковокӣ фақат аз ҳамон ҳалқаҳои осебдида мебарояд. Инсон тарзи аз ҳалқаҳои мустақил иборат будани ковокии бадани ҳалқакирмҳоро омӯхта, қисми даруни қаиқҳо ва киштиҳои зериобиро ба ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда, санъати киштисозиро такмил додааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Системаи хозимаи халкакирмхо

Системаи ҳозимаи ҳалқакирмҳо аз ковокии даҳон, гулӯ, сурхрӯда ва рӯда иборат буда, ба берун тавассути сӯрохии мақъад кушода мешавад (расми 73).

Расми 73. Сохти кирми лойхӯрак дар буриши барқад
Расми 73. Сохти кирми лойхӯрак дар буриши барқад

Дар як қисми ҳалқакирмҳо, масалан, дар кирми лойхӯрак ҷиғилдон (сурхрӯдаи васеъшуда) ва меъда ташаккул ёфтааст. Ҳазмшавии хӯрок дар рӯда ба амал меояд. Моддаҳои ҳазмшуда бо рагҳои хунгарди девори рӯда ба хун ворид шуда, аз он ба тамоми узвҳо паҳн мешаванд. Қисми боқимондаи ҳазмнашудаи хӯрок ба берун бароварда мешавад.


Системаи гардиши хуни ҳалқакирмҳо

Системаи гардиши хун. Дар ҳалқакирмҳо баръакси паҳнкирмҳо ва лӯндакирмҳо, системаи гардиши хун ташаккул ёфтааст. Хуни бисёрашон сурх аст. Системаи гардиши хунашон аз рагҳои дар тарафи пушт ва шикам ҷойшуда иборат аст. Ин рагҳо ба воситаи рагҳои ҳалқашакл ба ҳамдигар пайваст шудаанд. Аз рагҳои пушт ва шикам рагҳои бориктари хунгард мебароянд. Ин рагҳо ба шохчаҳо тақсим шуда, ба рагҳои хеле борик – мӯйрагҳо (капиллярҳо) табдил меёбанд. Онҳо дар пӯст ва узвҳои дарунӣ тӯри ғафсро ҳосил мекунанд. Ҳаракати хун, асосан, тавассути кашишхӯрӣ ва сустшавии девори рагҳои ҳалқашакли қисми пеши бадан, ки вазифаи «дил»-ро иҷро мекунад, ба амал меояд. Хун дар рагҳо гардиш карда, моддаҳои ғизоиро аз рӯда ва оксигенро аз пӯст ба ҳамаи узвҳо бурда, онҳоро аз маҳсулоти нолозими дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо ҳосилшуда тоза мекунад. Хуни ҳалқакирмҳо доимо дар рагҳои хунгард ҳаракат мекунад. Ин гуна системаи гардиши хунро системаи гардиши хуни сарбаста меноманд (расми 73).


Системаи нафаскашии халкакирмхо

Системаи нафаскашӣ. Аксарияти ҳалқакирмҳо ба воситаи тамоми рӯйпӯши бадан нафас мекашанд. Узви махсуси нафаскашӣ фақат дар як қисм ҳалқакирмҳои баҳрӣ дида мешавад.

Ин узвҳо барҷастагиҳои пӯст буда, онҳоро ғалсама меноманд. Ин ғалсмаҳоро, ки дар ду тарафи бадан ҷойгиранд, доимо об мешӯяд ва мубодилаи газҳо ба амал меояд. Хун дар ҷараёни нафаскашӣ иштирок мекунад.


Системаи ихроҷи ҳалқакирмҳо

Системаи ихроҷ. Дар ҳар як ҳалқаи кирм як ҷуфт найчаи ихроҷ мавҷуд буда, онҳо тавассути қифҳо ба ковокии бадан кушода мешаванд. Моддаҳои нолозим аз ковокии бадан ба қифҳо ва аз онҳо минбаъд ба найчаҳо рафта, аз сӯрохии ихроҷ ба берун бароварда мешаванд.

Узви ихроҷи ҳалқакирмҳоро метанефридия меноманд ва он ба қиф монанд аст. Даҳони қиф дар ковокии бадан ҷой гирифта, тарафи қафояш ба берун кушода мешавад.


Системаи асаби халкакирмхо

Системаи асаби ҳалқакирмҳо. Системаи асаби ҳалқакирмҳо аз ҷуфти гиреҳҳои асаби майна ё гиреҳҳои пайвастшудаи асабҳои зер ва болои гулӯ ва гиреҳҳои асаби шикам, ки аз онҳо торҳои асабҳо мебароянд, иборат аст. Яъне системаи асабашон ба занҷир монанд аст. Аз гиреҳҳои асаби болои гулӯ торҳои асабҳо бо узвҳои ҳис, ки дар қисми пеши бадан ҷойгиранд, равон мешаванд. Рӯшноӣ ва дигар ангезандаҳо ба ҳуҷайраҳои ҳискунанда таъсир мекунанд. Ҳаяҷоне, ки дар онҳо пайдо мешавад, тавассути нахҳои асаб ба гиреҳҳои асаби наздиктар ва аз дигар нахҳо ба мушакҳо дода шуда, кашишхӯрии бадан ба амал меояд. Ҳамин тавр, ин ё он рефлекс ба амал меояд. Узви ҳис дар ҳалқакирмҳои серқилча хубтар инкишоф ёфта, як ҷуфт чашм доранд ва он дар сегменти якуми бадан аз тарафи пушт ҷойгир аст. Ба ғайр аз ин ҳалқакирмҳо узвҳои ломисасм (ламскунӣ), зоиқа (мазафаҳмӣ), сомеа (шунавоӣ) ва мувозинат доранд.


Афзоиши ҳалқакирмҳо

Афзоиш. Афзоиши ҳалқакирмҳо бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ – муғҷапайдокунӣ ба амал меояд. Дар байни ҳалқакирмҳо намудҳои хунсо ва ҷудоҷинса маълуманд. Кирмҳои лойхӯрак хунсоянд. Пеш аз тухммонӣ кирмҳои лойхӯрак қисми пеши баданашонро бо ҳамдигар наздик карда, ҳуҷайраҳои ҷинсии ҳамдигарро тавассути узви тухмқабулкунӣ иваз мекунанд (расми 74).

Баробари пухта расидани тухмҳуҷайра, миёнбанд моеи ғализ ҷудо карда, остинчаи часпакро ҳосил мекунад. Аз кашиш хӯрдани бадани кирм остинча лағжида, ба қисми пеши бадан меравад. Вақте ки остинча аз назди сӯрохие, ки дар он шохоби тухмдон ва тухмқабулкунак кушода шудаанд, мегузарад, ба даруни он тухмҳуҷайра ва моеъ ба нутфа афтида, бордоршавӣ ба амал меояд. Сипас, остинча аз бадани кирм лағжида, ба пила табдил меёбад, ки дар даруни он якчанд тухми бордоршуда мавҷуданд. Дар пила аз тухмҳо кирмҳои майда афзоиш мекунанд.

Кирмҳои баҳрӣ аксаран ҳайвони ҷудоҷинсаанд. Тухми онҳо дар об бордор мешавад. Кирминаҳои инкишофёфта сипас ба кирмҳои болиғ табдил меёбад.

Расми 74. Афзоиши кирми лойхӯрак
Расми 74. Афзоиши кирми лойхӯрак

Эҳё. Дар ҳамаи ҳалқакирмҳо ҳодисаи эҳё мушоҳида мешавад. Масалан, қисми пеши бадани кирми лойхӯрак қисми қафояшро ба осонӣ эҳё мекунад. Дар нереида ҳамон қисми бадан тез эҳё мешавад, ки дар вақти ҳосилшавии ҳуҷайраҳои ҷинсӣ гум шуда бошад, ё ин ки душман онро кандааст.


Саволҳо

  1. Барои чӣ рӯйпӯши бадани ҳалқакирмҳоро халтаи пӯстию мушакӣ меноманд?
  2. Ковокии бадани ҳалқакирмҳо аз ковокии бадани лӯндакирмҳо чӣ тафовут дорад?
  3. Системаи ҳозимаи ҳалқакирмҳо аз системаи ҳозимаи паҳнкирмҳо чӣ тафовут дорад?
  4. Сохти системаи гардиши хуни ҳалқакирмҳо чӣ гуна аст ва он кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?
  5. Хусусияти системаи асаби ҳалқакирмҳо чӣ гуна аст?
  6. Ҳалқакирмҳо чӣ гуна афзоиш мекунанд?
ҚаблӣТипи Ҳалқакирмҳо – Халкакирмхо
БаъдӣТаснифи типи ҳалқакирмҳо – халкакирмхо