Рефлексҳои шартӣ. Боздории рефлексҳо

Рефлексхои шарти. Боздории рефлексхо. Усулхо ва шароити ба вучуд омадани рефлексхои шарти.


Усулҳо ва шароити ба вуҷуд омадани рефлексҳои шартӣ

И. П. Павлов нишон дод, ки дар баробари рефлексҳои ғайришартӣ рефлексҳое ҳастанд, ки баъд аз таваллуд дар ҷараёни ҳаёт ба вуҷуд меоянд. Ин рефлексҳо дар шароити муайян пайдо мешаванд. Аз ҳамин сабаб онҳоро рефлексҳои шартӣ меноманд. И. П. Павлов рефлексҳои шартиро дар ҳайвонот (саг) омӯхтааст (расми 110).

Қоидаҳои асосии ҳосил намудани рефлексҳои шартӣ инҳоянд: 1) ба оромӣ риоя кардан; 2) аввал таъсиркунандаи шартӣ, баъдан ғайришартӣ истифода карда мешаванд; 3) таъсиркунандаи ғайришартӣ аз шартӣ зӯр аст; 4) ҳолати саломатии таҷрибашаванда муътадил мебошад.

Расми 110. Ҳосил кардани рефлексҳои шартии саг
Расми 110. Ҳосил кардани рефлексҳои шартии саг

Рефлексҳои шартӣ аз ғайришартӣ чунин фарқ доранд: 1) ин рефлексҳо баъд аз таваллуд дар ҷараёни ҳаёти фардӣ пайдо мешаванд; 2) барои ҳар як намуд алоҳида мегузаранд; 3) доимӣ нестанд, метавонанд нест ва аз нав барқарор шаванд; 4) ангезандаи махсуси худро надоранд. Аз ҳама гуна ангезандаҳое, ки дар вақти муайян истифода мешаванд, ба вуҷуд меоянд; 5) дар қабати қишри нимкураҳои мағзи сар ҳосил мешаванд; 6) фақат дар асоси рефлексҳои ғайришартӣ ба амал меоянд.

Ба ғайр аз ҳосилшавии рефлексҳои мусбат, ки дар натиҷаи таъсиркунандаи ғайришартӣ ба амал меояд, боз рефлексҳои шартии манфӣ мавҷуданд. Онҳо дар вақти истифодаи таъсиркунандаи шартӣ ва мустаҳкам накардани таъсиркунандаи ғайришартӣ оҳиста нест мешаванд. И. Павлов чунин рефлексро боздории рефлекторӣ номид. Ин боздорӣ ду хел мешавад: ғайришартӣ (берунӣ) ва шартӣ (дохилӣ). Рефлексҳои шартӣ ва ғайришартӣ аз таъсири ангезандаҳои бегона метавонанд суст ё нест шаванд. Дар сурате, ки агар ин таъсиркунӣ якчанд маротиба такрор ёбад, он гоҳ он метавонад дар организм мавқеи худро пайдо намояд.

Ҳамин тавр, тавассути ба вуҷуд омадани рефлексҳои шартӣ ва боздории онҳо организм ба шароити муайяни зиндагӣ дурусттар мутобиқ мегардад. Дар лабораторияҳои И. Павлов ва шогирдони ӯ Л. Орбелӣ, Э. Асратян, П.Анохин, Л. Воронин, А. Карамян ва олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Сафаров, Э. Нуриддинов, Н. Ивазов, М. Устоев ва дигарон гуногунии рефлексҳои шартиро дар ҳайвонот ва одам омӯхтаанд ва омӯхта истодаанд. Чӣ тавре ки дар боло қайд гардид, рефлексҳои шартӣ на танҳо дар таҷриба, балки дар ҳаёти ҳаррӯза ҳам ҳосил мегарданд. Масалан, одаме, ки як бор лимӯро чашидааст, бо як дидани он ё номашро гирифтан луоби даҳонаш зиёд ҷудо мешавад. Чунин мисолҳои ҳаётиро бисёр овардан мумкин аст.

Дониши худро санҷед:

  1. Кадом рефлексҳоро шартӣ мегӯянд?
  2. Кадом қоидаҳои ҳосил намудани рефлексҳои шартиро медонед?
  3. Усули И.П. Павлов барои ҳосил кардани рефлексҳои шартӣ чӣ хел аст?
  4. Рефлексҳои шартӣ аз ғайришартӣ чӣ фарқ ва чӣ аҳамият доранд?
  5. Кадом олимони тоҷик оиди рефлексҳои шартӣ таҳқиқот гузаронидаанд?
ҚаблӣФаъолияти олии асаб. Рефлексҳои ғайришартӣ ва аҳамияти онҳо
БаъдӣХусусиятҳои фаъолияти олии асаби инсон