Типи Инфузория

Инфузория аз калимаи юнонии «инфузиум» гирифта шуда, маънояш шира, қиём аст. Инфузория дар байни содатаринҳо аз ҳама хуб ташаккулёфта мебошад. Аксарияти онҳо дар обҳои шӯр ва ширин зиндагӣ карда, худашон фаъолона ғизо меёбанд. Намудҳои муфтхӯрашон хеле кам аст. Органеллаи воситаи ҳаракаташон мижгонакҳо мебошанд. Дар ҳуҷайраи онҳо ду шакли ҳаста – ҳастаи калон ва хурд вомехӯранд. Ҳастаи калон мубодилаи моддаро дар ҳуҷайра ба танзим медарорад, ҳастаи хурд дар афзоиши ҷинсӣ иштирок мекунад. Ин тип 7,5 ҳазор намуд дошта, ҳар кадоми онҳо аз ҷиҳати сохти тана, андоза, тарзи ҳаётгузаронӣ хеле гуногун мебошанд. Як намояндаи ин тип инфузорияи патакча мебошад (расми 37). Он зоҳиран ба патак монанд аст. Бадани инфузория бо пелликула пӯшида шудааст. Ситоплазмааш ба ду қабат – қабати беруна (эктоплазма) ва қабати дарунӣ (эндоплазма) ҷудо мешавад. Асоси мижгонҳо дар эктоплазма ҷойгир аст. Дар эктоплазма инчунин трихосистаҳо ҷойгир шуда, онҳо вазифаи муҳофизат аз душманро иҷро мекунанд. Дар мавриди хатар трихосистаҳо ба тарафи душман риштаи дарозро сар медиҳанд, ки он қобилияти беҳуш кардани сайд ё душманро дорад. Дар эндоплазмаи инфузория ҳаста, вакуолаи ҳозима ва кашишхӯранда мавҷуд аст. Мижгонакҳоро фақат дар зери микроскоп дидан мумкин аст, онҳо аз ситоплазмаи ҳуҷайра ҳосил мешаванд.

Расми 37. Инфузорияи патакча

Хӯроки инфузория, асосан бактерияҳо мебошанд. Ба воситаи мижгонҳо онҳо заррачаҳои хӯроки дар об бударо ба тарафи чуқурии бадан – қиф равон мекунанд. Хӯрок ба ситоплазма ворид шуда, дар атрофи он вакуолаи ҳозима ҳосил мешавад. Хӯроки ҳазмнашуда тавассути қафои бадан ба берун партофта мешавад. Нафаскашӣ ва ихроҷ ба воситаи рӯйпӯши бадан ва вакуолаи кашишхӯранда ба амал меояд.

Афзоиши инфузория дар тобистон бо роҳи ба ду қисм тақсимшавӣ ба амал меояд. Аввал ҳастаи хурд (микронуклеус) ба ду қисм тақсим шуда, онҳо ба қисми пеш ва қафои бадан мераванд, сипас ба ҳастаи калон (макронуклеус) тақсим мешаванд. Ҳастаҳо ба қисмҳои гуногуни бадан тақсим шуда, баъди ин ситоплазма тақсим меш авад ва бо ҳамин роҳ афзоиши ғайриҷинсии он ҳо ба амал меояд.

Афзоиши ҷинсӣ бо роҳи конюгатсия (ивазшавии ҳастаҳо) дар фаслҳои номусоиди сол, масалан, дар вақти хунукӣ ба амал меояд. Барои ин ду инфузория бо ҳам пайваст шуда, дар байни онҳо пулчаи ситоплазматикӣ ҳосил мешавад. Ҳастаи калон дар ситоплазма ҳал шуда, ҳастаи хурд ба чор ҳастача тақсим мешавад. Аз чор ҳастачаи ҳосилшуда 3-тояш ҳал шуда, як ҳастаи боқимонда боз ба ду қисм тақсим мешавад. Дар натиҷа, дар ҳар як инфузория яктогӣ ҳастаи беҳаракат ва як ҳастаи ҳаракатнок пайдо мешавад. Сипас, ҳастаҳои ҳаракатнок ба воситаи пулчаи ситоплазматикӣ ба ҳуҷайраи ҳамдигар гузашта, инфузорияҳо ҷудо мешаванд. Ҳастаҳои ҳаракатнок ба ҳастаҳои беҳаракат омехта шуда, ҳастаи нав (ҳастаи бордоршуда) ҳосил мешавад (расми 38).

Расми 38. Конюгатсияи инфузория

Баъди конюгатсия инфузорияҳо аз ҳам ҷудо шуда, ба афзоиши ғайриҷинсӣ бо роҳи ба ду тақсимшавӣ мегузаранд. Ҳодисаи конюгатсия қобилияти ҳаётгузаронии инфузорияро баланд мебардорад, зеро конюгатсияи ду инфузория боиси навшавии ҳаста мешавад ва хосиятҳои ду ҳуҷайраи конюгатсияшуда ба ҳам омехта мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шакли бадани инфузорияҳо вобаста ба ҷойгиршавии мижгонҳо дар ин ё он ҷойи бадан гуногун мешавад. Масалан, агар мижгонҳои калон фақат дар атрофи даҳон ҷойгир шуда бошанд, онҳоро гирдмижгондорҳо меноманд. Масалан, сувойка.

Муносибатҳои хешӣ дар байни ҳайвонҳои якҳуҷайра. Агар намояндагони типҳои гуногуни ҳайвонҳои якҳуҷайраро бо ҳамдигар муқоиса кунем, мушоҳида менамоем, ки бадани ҳамаи онҳо аз як ҳуҷайра иборат аст. Ин ҳуҷайра ҳамаи вазифаҳои ба ҳар як организми бисёрҳуҷайраи зинда хосбударо иҷро мекунад (ҳаракат, ғизо гирифтан, нафас кашидан, ихроҷ кардан ва ғайраҳо). Афзоиш ва тарзи ҳаёти худро дар шароити номусоид ҳифз карданашон ҳам монанд аст. Сохти қамчинаки эвгленаи сабз ва мижгонакҳои инфузория ба ҳам монанданд. Ин мисолҳо далели хешгарии байни гурӯҳҳои гуногуни ҳайвоноти якҳуҷайра мебошанд.

Пайдоиши якҳуҷайраҳо. Масъалаи он ки кадоме аз гурӯҳ ҳои организмҳои якҳуҷайра аз ҳама пештар пайдо шудаанд, то ҳоло пурра маълум нест. Баъзе олимон дар байни якҳуҷайраҳо аз ҳама қадимтар қамчинакдоронро ҳи соб мекунанд. Барои ин чунин далелҳоро пешниҳод менамоянд: онҳо ба монанди рустаниҳои сабз дар рӯшноӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаи органикӣ тайёр карда метавонанд; дар торикӣ бошад, моддаҳои тайёри органикиро истифода мебаранд. Эвглени сабз аз ҳамин гурӯҳ аст. Қамчинакдороне, ки хлоропласт доранд, дар байни обсабзҳои якҳуҷайра ва ҳайвонҳои якҳуҷайра зинаи мобайнро ишғол мекунанд. Пас, ин организмҳо бо ҳамдигар хеш буда, аз қамчинакдорони қадим пайдо шудаанд (расми 39).

Расми 39. Робитаи хешии содатаринҳо

Далели дигари хеш будани саркодовҳо ва қамчинакдорон ин аст, ки дар баъзе намояндагони онҳо (мастигоамёба) дар як вақт ҳам қамчинак ва ҳам пойҳои қалбакӣ мавҷуданд. Ба ақидаи олимон, қамчинакдорони қадим 1,5 млрд сол пеш аз ин дар рӯйи Замин зиндагонӣ мекардаанд.

Зоология – илм дар бораи ҳайвонот


Муносибатхои хеши дар байни хайвонхои якхучайра, Пайдоиши якхучайрахо, Робитаи хешии содатаринхо, зоология бо забони тоҷикӣ/точики, Типи Инфузория бо забони точики

ҚаблӣТипи Спорозоа
БаъдӣАҳамияти содатаринҳо дар табиат ва ҳаёти инсон