Содатаринҳои озодзиндагикунанда. Тавре ки дар мавзӯъҳои гузашта зикр шуд, дар дунё зиёда аз 70 ҳазор намуди содатаринҳо маълум буда, аксарияти онҳо организмҳои хурди микроскопианд. Ин ҳайвонҳои хурди якҳуҷайра дар табиат ва ҳаёти инсон нақши муҳим доранд. Содатаринҳо дар занҷири ғизогӣ барои ҳайвоноти обӣ (моҳӣ, харчанг) зинаи аввал ба шумор мераванд. Бактерияҳо хӯроки инфузорияи патакча буда, инфузорияи патакча хӯроки моҳичаҳо, харчангҳои обӣ, дафния, сиклоп ва кирминаи магасҳо мебошад. Ҳайвонҳои номбаршуда, дар навбати худ, хӯроки моҳиҳои калонтар ва дигар ҳайвонот мебошанд (расми 41).

Инфузорияҳо бактерияҳоро хӯрда, обро тоза мекунанд. Дар солҳои охир аҳамияти содатаринҳо ҳамчун нишондиҳандаи ифлосии оби нӯшокӣ исбот карда шудааст.
Дар обҳое, ки содатаринҳо вуҷуд доранд, моддаҳои органикии пӯсида, партовҳои корхонаҳои саноатӣ бисёранд ва ин обҳо манбаи ҳар гуна бактерияҳои касалиовари инсон мебошанд. Аз ҳамин сабаб бисёр намудҳои содатаринҳо заррачаҳои вайроншуда, бактерияҳоро истеъмол карда, дар тоза кардани об нақши муҳим доранд, яъне онҳо аҳамияти санитарӣ низ доранд.
Дар баҳрҳо, уқёнусҳо ҳар сол миқдори зиёди содатаринҳои гӯшмоҳидор, фораминифераҳо, радиоларияҳо нобуд гардида, дар зери баҳрҳо ва уқёнусҳо ҷинсҳои кӯҳии оҳаксангро ҳосил мекунанд.
Бӯре, ки мо бо он ба тахтаи синф менависем ва оҳаки сохтмонӣ маҳсули гӯшмоҳии содатаринҳои баҳр мебошад.
Тавассути боқимондаҳои гӯшмоҳии дар зери оби баҳр ҷамъшудаи фораминифераҳо қабатҳои нафтдори Замин ва дигар канданиҳои фоиданокро муайян мекунанд. Ҳамин тариқ, як қисми содатаринҳои баҳрӣ нишондиҳандаи канданиҳои фоиданок низ мебошанд. Содатаринҳо дар раванди ҳосилшавии хок ҳам аҳамияти калон доранд.
Содатаринҳои муфтхӯр. Содатаринҳое, ки ба ин гурӯҳ дохил мешаванд, дар инсон ва ҳайвон касалиҳои вазнинро ба вуҷуд меоранд. Дар ҳамаи типҳои ҳайвонҳои якҳуҷайра намудҳои муфтхӯр низ вуҷуд доранд. Аз шумораи умумии содатаринҳо 3,5 ҳазор намудашон муфтхӯр аст. Як намуди хавфноки онҳо амёбаи исҳоли хунин (дизентерия) буда, касалии шикамравӣ, амёбиазро ба вуҷуд меорад (ба расми 36 нигаред). Ин муфтхӯр дар ҳолати систагӣ тавассути оби ноҷӯшидаи аз обанборҳои ифлос истеъмолшуда ё мева ва дастҳои ношуста, яъне дар сурати риоя накардани гигиенаи шахсӣ ба одам мегузарад. Амёбаҳо аз систа баромада, ба девори рӯдаи ғафс даромада, дар он ҷо захми рӯдаро ба вуҷуд меоранд.
Муфтхӯри хавфноки дигар лямблия буда, дар рӯдаи борик ва ҷигари одам муфтхӯрӣ мекунанд ва бемории лямблиозро ба вуҷуд меорад (ба расми 36 нигаред). Лямблия бисёртар дар кӯдакон вомехӯрад. Ба онҳо дар даври систагӣ мегузарад. Сироятёбӣ дар вақти истифодаи хӯроки бо систаи лямблия гирифторбуда ба амал меояд. Баъзан он тавассути маҷрои талхагузар аз рӯдаи 12-ангушта ба пуфаки талхадон гузашта, бемории талхаро ба вуҷуд меорад. Лямблия ба ғайр аз одам дар харгӯш, муш ва дигар ҳайвонҳо низ вомехӯрад. Аз инфузорияҳо муфтхӯри хеле хавфнок балантидиум буда, ба рӯдаи инсон зарар мерасонад. Инфузорияҳои муфтхӯр дар моҳиёни Тоҷикистон низ ёфт шудаанд.
Оё медонед? Аҳром (пирамидаҳо)-и Миср, қасрҳо ва ибодатхонаҳои шаҳрҳои Владимир, Суздал, Маскав ва Севастопол дар Русия, биноҳои куҳна дар шаҳрҳои Париж, Рим, Вена ва дигар шаҳрҳо аз оҳаксангҳои аз гӯшмоҳӣ ё садафи содатаринҳои гӯшмоҳидор ҳосилгардида сохта шудаанд. Дар 1м³ оби уқёнуси Ором аз 50 то 800 ҳазор, дар уқёнуси Атлантик то 3 млрд ва дигар ҷойҳо содатаринҳои гӯшмоҳидор мавҷуданд, аммо ин ҳам ҳадди охир нест. Қариб ҳама гурӯҳҳои асосии содатаринҳои озод зиндагикунанда дар хок сукунат доранд. Шумораи онҳо дар 1гр хок аз 150 ҳазор то ба 1млн адад ё фард мерасад. Яъне ба 1га замин 150-1000 кг, дар заминҳои корам бошад, ба 1 га замин то 8,5 тонна фарди содатаринҳо рост меояд.
Ахамияти содатаринхо дар табиат ва хаёти инсон, Содатаринхои озодзиндагикунанда, Содатаринхои муфтхур, зоология бо забони тоҷикӣ/точики