Мероси адаби ва илмии Носири Хусрав

Мероси адаби ва илмии Носири Хусрав

Мероси адабӣ ва илмии Носири Хусрав. Тақрибан ҳамаи асарҳои адабӣ ва илмии Носири Хусрав, ки имрӯз боқӣ мондаанд, пас аз сафари ӯ навишта шудаанд, ки муҳимтарини онҳо «Сафарнома», девони шеърҳо, «Зод-улмусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин», маснавиҳои «Рӯшноинома» ва «Саодатнома» мебошанд. Муаллиф илова ба ин асарҳо аз соҳиби девони арабӣ ва рисолаҳо ба ин забон буданаш низ шаҳодат додааст ва гуфтааст:

Бихон ҳар ду девони ман, то бибинӣ
Яке гашта бо Унсурӣ Буҳтуриро.

Ин фахр бас маро, ки ба ҳар ду забон
Ҳикмат ҳаме мураттабу девон кунам.
Ҷонро зи баҳри мидҳати оли Расул
Гаҳ Рӯдакию гоҳе Ҳассон кунам.

Мутаассифона то ҳол аз девони арабии шоир хабаре нест, агарчи ба вуҷуд доштани он дар замонааш ҳеч шакку шубҳа нест.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Носири Хусрав, пеш аз ҳама, ҳаким, файласуф ва донишманд аст, барои ҳамин ҳам дар байни мероси ӯ асарҳои фалсафӣ ҷойи асосиро ишғол мекунанд. Онҳо ба паҳлуҳои гуногуни сарчашма ва асосҳои таълимоти мазҳаби исмоилия ва дини ислом бахшида шудаанд ва аз беҳтарин ва муътамадтарин таълифот дар ин замина ба шумор мераванд. Шеър барои ӯ воситаю василаи ифодаи андешаҳои фалсафӣ, таблиғоти таълимот ва ғояҳои сиёсию ахлоқии мазҳаби исмоилия будааст:

Мар маро бар роҳи пайғамбар шинос,
Шоирам машнос, агарчи шоирам.

Носири Хусрав бар он ақида аст, ки мурод аз гуфтани шеър баёни панд (насиҳат), ҳикмат (хирад, илм, дониш) ва зуҳд (дин) аст. Ӯ шеъреро, ки дар панд, ҳикмат ва зуҳд аст, «панднома», «шеъри ҳикмат» ё «сухани ҳикматӣ» ва «шеъри зуҳд» ё «суханони динӣ» номидааст ва баръакси онро аз ҷинси «гуфтори беҳуда», «гуфтори расво», «вайронсухан», «урёнсухан» ва «хирасухан» шумурдааст ва бар асоси ҳамин назариёти хеш шеъри шоирони дигарро арзёбӣ намудааст. Вай ба шеъри Рӯдакӣ, Унсурӣ, Ҳассон ва Саҳбон ба хотири шеъри панд, ҳикмат ва зуҳд гуфтанашон арҷ гузоштааст.

Эй хонда китобу карда равшан дил,
Баста зи илму ҳикмату панд озин.
Ашъори зуҳду панд басе гуфтаст
Он тирачашм шоири равшанбин.

 Эй Ҳуҷҷати замини Хуросон, ба шеъри зуҳд
Ҷуз табъи Унсурит нашояд ба ходимӣ.
Чу бо доно сухан гӯӣ, сухан неку шавад, зеро
Ки ҷуз дар мадҳи пайғамбар нашуд некусухан Ҳассон.

 Сухан чун ҳакимон наку гӯю кӯтаҳ,
Ки Саҳбон ба кӯтаҳсухан гашт Саҳбон.

Сабаби аз тарафи Носири Хусрав пазируфта нашудани мадҳу ғазалу ҳазл низ дар ҳамин назариёти адабии вижаи ӯ мебошад. Муаллиф ин навъҳои шеърии маъмулро маҳз ба сабаби он паст шуморида ва инкор кардааст, ки бино ба гуфтаи вай, онҳо бар асоси тамаъ, фаҳш ва лаҳв мебошанд, на бар панду ҳикмату зуҳд. Ӯ мегӯяд:

Эй шеършиносони Хуросон, бишиносед
Ин жарф суханҳои маро, гар шуароед.
Бар ҳикмати мире зи чӣ пойед, чу аз ҳирс
Фитнаи ғазалу ошиқи мадҳи умароед.
Якто нашавад ҳикмат мар табъи шуморо,
То бар тамаъи мол шумо пушт дутоед.

 Ай ғазалгӯю лаҳвҷӯй зи ман дур, ки ман
На зи аҳли ғазалу руду фусуну лаҳвам.
Чу ту аз дунё гӯию ман аз дини Худой,
На ту они манию низ на ман они туам.

Носири Хусрав агарчи мадҳ ва шоирони маддоҳро бад гуфтааст, аммо мадҳиясароиро ба таври мутлақ рад накардааст. Фақат ӯ хоҳони на ҳама гуна мадҳ, балки мадҳи сазовор аст ва мисли Унсурулмаолии Кайковус дар гуфтани ин навъи мадҳ шартҳо гузоштааст. Бинобар гуфтаи ӯ, шоири маддоҳ бояд касеро ба ҳайси мамдӯҳи худ қарор диҳад, ки вай соҳиби ақл, ҳикмат, ҳиммат, адл, фазл, дину ҳунар ва тоату парҳез мебошад.

Сифат чанд гӯйӣ аз шамшоду лола,
Рухи чун маҳу зулфаки анбариро.
Ба илму ба гавҳар кунӣ мидҳат онро,
Ки мояст мар ҷаҳлу бадгавҳариро.
Ба назм-андар орӣ дурӯғу тамаъро,
Дурӯғ аст сармоя мар кофариро.
Писанд аст бо зуҳд Аммору Бӯзар
Кунад мадҳ Маҳмуд мар Унсуриро?
Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам
Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.

Азбаски Носири Хусрав аз шеър ба гунаи воситаи тарғибу ташвиқи афкори хеш дар миёни мардум истифода мекард, гумон мерафт, ки шеъри ӯ аз лиҳози ҳунарӣ ва фаннӣ камарзиш аст ва гӯиё шоир ба маънӣ ва муҳтаво диққати бештаре намуда, вале ба лафз ва шакли он камтар арҷ мегузоштааст. Гӯиё дар шеъраш аз ҷиҳати вазну баён сактаҳо ва ноҳинҷориҳо ба назар мерасад. Аммо тамоми назариёти муаллиф дар мавриди шеър ва амалияи офариниши ӯ ин тахминро қотеъона рад мекунад. Носири Хусрав бо огоҳии тамом аз арӯз ва балоғату салосати каломи бадеъ вазнҳоеро интихоб намудааст, ки ғолибан сангин (гоҳе номатбӯъ) ба назар мерасанд, вале дар асл ҳамеша мутаносиб ба мавзӯъ ва маънӣ мебошанд. Сабки шоирии Носири Хусрав ҳамоҳангии тамом ба андешааш дорад: устувор, пухта ва боҳайбат. Ӯ калимаву таркибҳоро ҷуз барои баёни мақсуд ба кор намебарад. Вай хеле кам дар пайи ороиши калом мешавад, магар он ки худ ба худ, ба таври табиӣ зуҳур намояд. Он ҳам барои боз ҳам пуртаъсиртар кардани андешааш аст.

Мероси адаби ва илмии Носири Хусрав аз DONISHJU.NET

Девони Носири Хусрав асосан аз қасида иборат мебошад ва онро ӯ барои баёни назариёти фалсафӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии худ мувофиқ гардонидааст ва намунаҳои барҷастаи шеъри зуҳду панду ҳикматро офаридааст ва бо ҳамин ба исбот расонидааст, ки қолаби қасида на танҳо барои мадҳу васф, балки барои баёни андеша низ муносиб мебошад. Каломи ӯ дар қасидаҳояш хоно, гӯё, расо, фошофош, бепарда, пухта, вазнин, сахт, дурусту рост, ҷасурона ва озодона аст.

Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро,
Гӯӣ забун наёфт зи гетӣ магар маро.
Дар ҳоли хештан чу ҳаме жарф бингарам,
Сафро ҳамебарояд з-андуҳ ба сар маро.
Гӯям чаро нишонаи тири замона кард
Чархи баланди ҷоҳили бедодгар маро.
Гар дар камоли фазл бувад мардро хатар,
Чун хору зор кард, пас, ин бехатар маро?!
Гар бар қиёси фазл бигаштӣ мадори даҳр,
Ҷуз бар мақарри моҳ набудӣ мақар маро
Не, не, ки чарху даҳр надонанд қадри фазл,
Ин гуфта буд гоҳи ҷавонӣ падар маро.

Шоир замонаашро, ки нисбат ба ӯ ҷаври азимеро раво дошта, аз ватан берун намудааст, донишу донишмандонро хор кардааст, аз рӯйи нафрат ва бадбинӣ дев, аждаҳои бадхӯ, мори бадхӯ, наҳанг ва жандапили маст, гурги мардумхор, рӯбоҳ, модари бадмеҳр, ҷоҳилу бедодгар, мурдахор, маккор, гандапири шӯкуши раъно, сифла, фиребанда, роҳзан, зани раънои ғар ва бофиреб, пири кӯжпушти куҳангашта, мунофиқ, ҳилагар, ҷодугар, пиразани зишт, Аҳриман, бевафо, бадкуниш, сароб, оби тираи жарф, зани ҷоду, ситамгар, бадмеҳр, бадхӯ, сифла, бозигар, дузд, пири ғаддор, зиндони торӣ, сарои баҳоим (ҳайвонот) ва ғ. номидааст.

Девест ҷаҳони пиру ғаддоре,
К-аш нест ба макру ҷодуӣ коре.

Боғест пур аз гули тарӣ, лекин
Бинҳуфта ба зери ҳар гуле хоре,

Гар нест мурод хастани дастат,
З-ин боғ басанда кун ба дидоре…

Зинҳор, машав фитна бар ӯ, зеро
Ҳурест зи дуру хубгуфторе,

Лекин чу ба доми хеш овардат,
Гургест ба феълу зиштгуфторе.

Бишкаст ҳазор бор паймонат,
Огаҳ нашудӣ зи хӯйи ӯ боре.

Сад солат агар зи макри ӯ гӯям,
Хонда нашавад хате зи туморе…

Ҳар рӯз яке либоси нав пӯшад
Аз баҳри фиреби навхаридоре.

Фарқе накунад миёни неку бад,
Масте нашиносад ӯ зи ҳушёре.

Морест, к-аз ӯ касе нахоҳад раст
Аз халқи ҷаҳон ба ҷумла дайёре.


Эй ситамгар фалак, эй хоҳари Оҳарман,
Чун нагӯйӣ, ки чӣ афтода туро бо ман?
Нарм кардастияму зард чу зардолу,
Қасд кардӣ, ки бихоҳим ҳамехӯрдан…
Зани ҷодуст ҷаҳон, ман нахарам зарқаш,
Зан бувад, он ки мар ӯро бифиребад зан.

Носири Хусрав замонро барои ҷавр, хунхорӣ, ситамгорӣ, беадолатӣ, бозигарӣ, ҷафопешагӣ, мардумхорӣ, бадмеҳрӣ, ҷоҳилӣ, бедодгарӣ, пастӣ, мунофиқӣ, бевафоӣ, бадкунишӣ, макру фиреб, бадхӯӣ, дунпарварию ҷоҳилпарвариаш бад мебинад, онро қабул надорад, аз вай гила ва шикоят мекунад ва мегӯяд:

Кору кирдори ту, эй гунбади зангорӣ,
На ҳамебинам ҷуз макру ситамгорӣ…
Бачаи туст ҳама халқу ту чун гурба
Рӯзу шаб бо бачаи хеш ба пайкорӣ.
Модаре ҳаргиз чун ту набидидастам,
Нест амон бо туву на бе ту, магар хорӣ.

Шоир, ки ба гуфтаи худаш, замонаро хуб шинохта буд, роҳи халосӣ аз ҷабри замонро дар омӯзиши пайвастаи илм (дониш, хирад, ҳикмат) ва тоату ибодат (дин) дар роҳи Офаридгор медонад ва аҳли замонаашро ба он даъват менамояд. Ӯ бовар бар он дорад, ки агар аҳли замона ҳама боилм, донишманд ва аз ҳикмат бохабар ва парҳезкору порсо бошанд, дар баробари замона монанди ӯ истодагарӣ хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд:

Тоат пеш ору илм ҷӯй, азеро-к
Тоату илм аст банду қайди замона.


Ман зи ҳарби ту чу Оҳарман кай тарсам,
Ки маро тоат теғ асту хирад ҷавшан.


Аз хатари оташу азоби абад
Дину хирад кард дар ҳисор маро.

Ҷавшани дигаре дар баробари ҷаври замона барои Носири Хусрав доштани ахлоқи ҳамида аст ва беҳуда нест, ки ин мавзӯъ ҳам дар қасидаҳояш ва ҳам дар навъҳои шеърии дигараш, хосса маснавиҳои «Рӯшноинома» ва «Саодатнома», мавзӯи меҳварӣ мебошад. Муаллиф шеъру маснавиҳояшро пандномаи маънавӣ номидааст. Шоир мардумонро ба некию накукорӣ, ба ҳалимию хушсуханӣ, тавозуъ, саховат, мардумӣ, қаноат, фурӯтанӣ, дод, адолат, ҳаё, сабр, касбомӯзӣ, дӯстӣ, лутфу марҳамат, хештандорӣ, ростию росткорӣ, парҳезкорӣ, порсоӣ даъват намуда, аз бадию бадкорӣ, тамаъ, беҳаёӣ, беҳунарӣ, душманӣ, бединӣ, кибр, ғурур, ҷоҳилӣ, бешармӣ, ҳасад, нодонӣ, бахилӣ, худбинию худхоҳӣ, пурхӯрӣ, беэҳтиромӣ, хашм, шаҳват, дуруғгӯйӣ, мунофиқӣ, рибохӯрӣ ва ғ. парҳез карданро маслиҳат медиҳад.

Дар девони шеърҳои Носири Хусрав қасидаест, ки аз тамоми қасидаҳои дигари шоир аз ҷиҳати муҳтаво ва сабки баён фарқ мекунад. Дар он тавоноии фавқулодаи Худои бузург ва қудратманд зикр гардидааст:

Худоё, арзу тӯли оламатро
Тавонӣ дар дили мӯре кашидан.

На вусъат дар даруни мӯр орӣ,
На аз олам сари мӯе буридан…

Умуми кӯҳи байни Шарқу Марғиб
Тавонӣ дар садаф ҷамъ оваридан.

Ту битвонӣ, ки дар як тарфатулъайн
Замину осмоне офаридан.

Ту дорӣ бар нахилоту наботот
Ба ҳикмат бодро ҳукми вазидан.

Биноҳо дар азал маҳкам ту кардӣ,
Уқубат дар раҳат бояд кашидан.

Тафовут дар банӣ инсу банӣ ҷон
Муайян гашт дар дидан, надидан.

Валекин дар баробари ин муаллиф дар хитоб ба Худо аз ӯ мепурсад, ки чаро вай ба баъзеҳо дар иҷрои тоат биҳишт ваъда медиҳаду ба баъзеҳо не, ҳол он ки онҳо агар баданд ё нек, хилқаташон аз худи ӯст.

Ту дар иҷрои тоат ваъда додӣ
Биҳишт аз музди тоат офаридан.

Вале он музди тоат бо шафоат,
Чӣ миннат аз ту мебояд кашидан?

В-агарна музди тоат нест ҳиммат,
Ба муздаш ҳар касе бояд расидан.

Касе, к-ӯ боядӣ, ёбад мукофот,
Наёбад фарқ бар мову ту дидан.

Агар бар неку бад қудрат бидодӣ,
Чаро бар неку бад бояд расидан?

Сириштам з-оҳану ҷавҳар надорам,
Надонам хеш ҷавҳар офаридан.

Агар сад бор дар кӯра гудозӣ,
Ҳамонам боз вақти боздидан.

Ба кас чизе, ки наспурдӣ, чӣ хоҳӣ?
Ҳисоб андар талаб бояд кашидан.

Ва ӯ саволи дигареро ба миён мегузорад, ки агар Худо мардумро барои тоат офарида буд, чаро Шайтон офарид?

Ту гар хилқат намудӣ баҳри тоат,
Чаро боист Шайтон офаридан?

Муаллиф иқрор мекунад, ки аз ин гуна пурсиданиҳо ва гуфтаниҳо бисёр дорад, вале ба баёни ҳамаи инҳо ҷуръат надорад, зеро метарсад. Вай мегӯяд, ки дар пурсидан ва гуфтани онҳо низ исрор нахоҳад кард, зеро медонад, ки Худо нисбат ба ӯ сахтгирӣ хоҳад кард ва маълум нест, ки дар қиёмат кораш чӣ хоҳад шуд. Аз ин рӯ ба Худо мегӯяд:

Агар мехостӣ, к-инҳо напурсам,
Маро боист ҳайвон офаридан.

Носири Хусрав дар хитоб ба Худо изҳор мекунад, ки рахна дар қалби башарҳоро ӯ додааст. Ӯст, ки ҳаворо бо ҳавас улфат дода, барои лаззати шаҳват чашидан, шикамҳоро ҳариси туъма карда, водор намудааст, ки шабу рӯз аз пайи неъмат бидавад, шунидани нағмаи барбату лаззат бурдан аз лаҳви лаъабро низ худи ӯ додааст. Ҳамчунин агар қасди даридани пардаи мардум надошт, чаро аз парда гулрухон, туркони Хиторо бо лабу дандони базеб берун овард ва ғ.

Ту додӣ рахна дар қалби башарҳо,
Фани Иблисро баҳри танидан.

Ҳаворо бо ҳавас улфат ту додӣ
Барои лаззати шаҳват чашидан.

Намудӣ тори рагҳо пур зи шаҳват
Барои рағбати берун кашидан.

Шикамҳоро ҳариси туъма кардӣ,
Шабу рӯз аз пайи неъмат давидан.

Намедонад ҳалоле ё ҳароме,
Ҳаме хоҳад ба ҷавфи худ кашидан.

Тақозо мекунад доим саги нафс,
Дарунамро зи ҳам хоҳад даридан.

Ба гӯшам қуввати масмӯъу сомеъ
Бисозад нағмаи барбат шунидан.

Ба ҷонам риштаи лаҳву лаъабро
Тавонам додӣ аз лаззат шунидан…

Лабу дандони туркони Хиторо
Набоистӣ чунин хуб офаридан,

Ки аз дасти лабу дандони эшон
Ба дандон дасту лаб бояд газидан.

Бурун орӣ зи парда гулрухонро
Барои пардаи мардум даридан.

Ба мо ту қуввати рафтор додӣ,
Зи дунболи накурӯён давидан.

Тамоми узв бо ман дар талошанд,
Зи доми ҳеч як натвон раҳидан.

Набудӣ, кош, дар ниъмот лаззат,
Чу хар боист дар саҳро чаридан.

Чаро боист аз ҳавли қиёмат
Чунин ташвишҳо бар дил кашидан?

Пас аз зикри ин далелҳо Носири Хусрав ба Худо мегӯяд, ки:

Худоё, рост гӯям, фитна аз туст,
Вале аз тарс натвонам ҷағидан…

Агар матлаб ба дӯзах бурдани мост,
Тааззур чанд бояд оваридан?…

Ба мо фармон диҳӣ андар ибодат,
Ба Шайтон дар рагу ҷонҳо давидан.

Ба мо исрор дорӣ дар раҳи рост,
Ба ӯ дар печутоби раҳ буридан.

Ба зоти безаволат дуни адл аст,
Ба рӯйи дӯст душманро кашидан.

Ту, к-аз даргоҳи хешат боз рондӣ,
Чаро боист бар мо раҳ буридан?

Ин мунозираи Носири Хусрав бо Худо чӣ маънӣ дорад? Магар мутафаккир ҳақиқати зоти Худоро инкор намудааст? Бояд гуфт, ки Носири Хусрав ба Худои ягона ва рисолати Ҳазрати Муҳаммад, пайғамбари барҳақи ислом имон дошт, ҳеч шаке наовардааст, чӣ ҷойи он ки онҳоро инкор намояд. Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки вай аз пешвоён ва марҷаъҳои аввали мазҳаби исмоилия мебошад.

Шакку шубҳаи мутафаккир на ба зоти Худованди яккаву ягона ва Расули Акрами он аст, балки ба тарзи зуҳури ҳастии парвардгор мебошад. Носири Хусрав Худоро ҳамчун вуҷуди муҷарради номушаххаси ақлрас, чунонки дар илоҳиёти исмоилия гуфта мешавад, мешиносад. Бинобар ин «анбоз додани мардумро ба Худо» рад мекард, чунки, бино ба гуфтаи ӯ, ҳангоми дар тимсоли одам шинохтани Худо тафаккур на ба тавҳид, балки ногузир ба ширк моил мешавад.

“Сафарнома”-и Носири Хусрав

«Сафарнома» ягона намунаи насри бадеии Носири Хусрав мебошад. Аз он худи муаллиф ҳамчун рӯзнома (ёддошти сафар) ҳангоми сифати масҷиди ҷомеи Байтулмуқаддас ёд овардааст: «Наздики ҳазира (чордевор) сангест ба болои марде, ки сари вай чунон аст, ки зилуи (гилем, ҷойи намоз) кӯчактар аз он мавзеъ афтад, санги ноҳамвор. Ва гӯянд, ин курсии Сулаймон будааст ва гуфтаанд, ки Сулаймон бар он нишастӣ, бад-он вақт, ки иморати масҷид ҳамекарданд, ин маънӣ дар ҷомеи Байтулмуқаддас дида будам ва тасвир карда ва ҳамон ҷо бар рӯзнома, ки доштам, таълиқ (навиштам) задам». Дарвоқеъ, «Сафарнома» рӯзномаест, ки Носири Хусрав дар он ҳар он чизеро, ки сари роҳи сафараш дидааст ва ба мушоҳида гирифтааст ва ё бо ӯ ва ҳамсафаронаш – бародараш ва ғуломи ҳинду рух додааст, ба таври мухтасар, чунонки ба ин навъи асарҳо хос аст, ёддошт намудааст. Баёни батафсил фақат дар он бахши «Сафарнома» ба назар мерасад, ки ба баёни сифати шаҳри Миср ва вилояташ, сияри султони Миср, сифати шаҳри Макка, Каъба ва ғ., ки дар он ҷо се сол зиндагӣ карда буд ва фурсат барои баёни муфассал дошт, бахшида шуда буд. Аз навъи рӯзномаи сафар будани он аз ин ҳам равшан аст, ки он бар хилофи анъанаи маъмул бо ҳамду наъту мадҳ оғоз намегардад ва ба ҳеч яке аз ҳокимони давр бахшида нашудааст.

Нависанда дар тӯли сафари ҳафтсолаи хеш аз 23 шаъбони соли 437 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 5 марти соли 1046 мелодӣ то 26 ҷимодиюлохири соли 444 ҳиҷрӣ, яъне 23 октябри соли 1053 мелодӣ, ки ба гуфтаи худаш, дар ин муддат «мудом дар сафар буда, ки ба ҳеч ҷой мақоме ва осоише тамом наёфта» будааст, ба ҳар шаҳре, кишваре, ки гузараш ба он ҷо афтодааст, ба чанд чиз таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст: рӯзу моҳу сол, масофа ва андозаи он ҷойҳо, меъморӣ ва иморот: масҷиду мадраса, мазорот, бозор, ҳаммом, будани об, обу ҳаво, табиат, меваҷоту наботот, маъдан, мавзеи ҷуғрофӣ, урфу одат, шахсиятҳои номии илму адаб ва ғ. Аз ин рӯ ин асар ҳам сафарнома, ҳам тазкира, ҳам таърих, ҳам ҷуғрофия, ҳам мардумшиносӣ ва ҳам фарҳангшиносист. Чунончи, ӯ менависад: «Ва аз Балх то ба Рай сесаду панҷоҳ фарсанг ҳисоб кардам ва гӯянд аз Рай то Сова сӣ фарсанг аст ва аз Сова то ба Ҳамадон сӣ фарсанг ва аз Рай ба Сипоҳон панҷоҳ фарсанг ва миёни Рай ва Омул сӣ фарсанг. Ва миёни Рай ва Омул кӯҳи Дамованд аст, монанди гунбаде, ки онро Лавосон гӯянд, бар сари он чоҳест, ки навшодир аз он ҷо ҳосил мешавад ва гӯянд, ки кибрит низ. Мардум пӯсти гов бибаранд ва пури навшодир кунанд ва аз сари кӯҳ биғалтонанд, ки ба роҳ натавон фуруд овардан.

Панҷуми муҳаррами санаи чорсаду сию ҳашт, даҳуми мурдодмоҳи санаи чорсаду понздаҳ аз тариқи Форс ба ҷониби Қазвин равона шудам ва ба деҳаи Кӯҳа расидам, қаҳт буд ва он ҷо як ман нони ҷав ба ду дирҳам медоданд.

Аз он ҷо бирафтам, нуҳуми муҳаррам ба Қазвин расидам, боғистони бисёр дошт ва бе девору хор ва ҳеч чиз, ки монеъ шавад дар рафтани роҳ, набуд. Ва Қазвинро шаҳре неку дидам, бо рӯйи ҳасин (устувор)ва кунгура бар он ниҳода ва бозорҳои хуб, илло он ки об дар вай андак буд, дар корез ба зери замин. Ва раиси он шаҳр марде алавӣ буд ва аз ҳама санноъҳо (косибон), ки дар он шаҳр буд, кафшгар бештар буд».

Қимати фавқулодаи гуфта ва навишта ва маълумоте, ки дар замина Носири Хусрав додааст, дар он мебошад, ки ӯро дар «Сафарнома» «дар ин ғаразе набуда ва нанавиштам, илло он чи дидам ва баъзе, ки шунидам ва навиштам, уҳдаи он бар ман нест».

Маълумоти Носири Хусрав ҳамчун донишманд, шоир ва нависанда дар бораи мулоқот, мубоҳиса ва суҳбатҳояш бо аҳли илму адаби кишвару шаҳрҳое, ки ба он ҷо сафар намудааст, аз ҳар ҷиҳат ҷолиб ва арзишманд аст. Ӯ вақте ки ба Симнон меояд ва талаби аҳли илм менамояд, ба ӯ мардеро нишон медиҳанд, ки ӯро устод Алӣ Нисоӣ мегуфтанд. Соҳиби «Сафарнома» навиштааст, ки: «Наздики вай шудам, марде ҷавон буд, сухан ба забони порсӣ ҳамегуфт, ба забони аҳли Дайлам ва мӯйкушуда, ҷамъ пеши вай ҳозир, гурӯҳе Иқлидус мехонданд ва гурӯҳе тиб ва гурӯҳе ҳисоб. Дар аснои сухан мегуфт, ки бар устод Абӯалӣ Сино, раҳматуллоҳи алайҳ, чунин хондам ва аз вай чунин шунидам.

Ҳамон ғарази вай он буд, ки то ман бидонам, ки ӯ шогирди Абӯалӣ Синост. Чун бо эшон дар баҳс шудам, ӯ гуфт: «Ман чизе сипоҳона донам ва ҳавас дорам, ки чизе аз ҳисоб бихонам».

Аҷаб доштам ва берун омадам, гуфтам: «Чун чизе намедонад, чӣ ба дигаре омӯзад?».

Ё мисоли дигаре. Носири Хусрав навиштааст, ки: «Дар Табрез Қатрон ном шоиреро дидам, шеъре нек мегуфт, аммо забони форсӣ неку намедонист, пеши ман омад. Девони Мунҷик ва девони Дақиқӣ биёвард ва пеши ман бихонд ва ҳар маънӣ, ки ӯро мушкил буд, аз ман пурсид, ба ӯ бигуфтам ва шарҳи он бинавишт ва ашъори худ бар ман хонд».

Дар навиштаи аввал маълумоти ҷолибе дар бораи забони аҳли Дайлам, барномаи таълимии мадрасаҳои он ҷо ва устодони онҳо дода шавад, дар дувумӣ оид ба вазъи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ дар Табрез ва шаҳрҳои дигари қаламрави забону адаби форсӣ сухан меравад.

Чун «Сафарнома» дар навъи рӯзнома навишта шудааст, муаллиф аз худ ва ҳамсафаронаш камтар сухан кардааст. Аммо гоҳ-гоҳе, ки аз ҳоли худ ва ҳамсафаронаш ҳикоят кардааст, он саҳнаҳо басо хотирмон, зинда, воқеӣ ва инсонӣ баромадаанд. Чунончи, ҳикоят намудааст, ки чун ба шаҳри Басра расидем, «аз бараҳнагӣ ва оҷизӣ ба девонагон монанда будем. Ва се моҳ буд, ки мӯйи сар боз накарда будем ва хостам, ки дар гармоба равам, бошад, ки гарм шавам, ки ҳаво сард буд ва ҷома набуд ва ман ва бародарам ҳар як ба лӯнгии (порчаи махсус дар ҳаммом) куҳна пӯшида будем ва палоспорае дар пушт баста аз сармо, гуфтам акнун моро кӣ ба ҳаммом гузорад? Хӯрҷинаке буд, ки дар ҳаммом ниҳодам, бифурӯхтам ва аз баҳои он дирамаке чанд сиёҳ дар коғазе кардам, ки ба гармобабон диҳам, то бошад, ки маро дамаке зиёдтар дар гармоба бигузорад, ки шух (чирк) аз худ бозканем. Чун он дирамакҳоро пеши ӯ ниҳодем, дар мо нигарист, пиндошт, ки мо девонаем, гуфт: «Биравед, ки ҳамакнун мардум аз гармоба берун меоянд ва нагузошт, ки мо ба гармоба бадар шавем. Аз он ҷо бо хиҷолат берун омадем ва бо шитоб бирафтем. Кӯдакон ба дари гармоба бозӣ мекарданд, пиндоштанд, ки мо девонагонем, дар пайи мо афтоданд ва санг меандохтанд ва бонг мекарданд. Мо ба гӯшае боз шудем ва ба тааҷҷуб дар кори дунё менигаристем».

Сипас Носири Хусрав зикр мекунад, ки ӯро «бо марди порсӣ, ки ҳам аз аҳли фазл буд, ошноӣ афтода буд» ва вайро бо вазири малики Аҳвоз Абулфатҳ Алӣ бинни Аҳмад , ки «марде аҳл буд ва фазле дошт аз шеъру адаб ва ҳам бо караме тамом ба Басра омада, суҳбате будӣ,… ошноӣ афтода буд». Ва ин мард аҳволи ӯро ба вазир бозгуфтааст. Ва вазир чун бишнид, «мардеро бо аспе наздики ман фиристод» ва назди худ хонд. Давоми воқеаро Носири Хусрав чунин баён доштааст, ки мисли бахши аввали саргузашти ӯ ва ҳамсафаронаш ҷолиб буда, аз бӯқаламуниҳои зиндагӣ хеле барҷаста шаҳодат медиҳад. Ӯ менависад: «Ман аз бадҳолӣ ва бараҳнагӣ шарм доштам ва рафтан муносиб надидам, руқъае (номае) навиштам ва урз хостам ва гуфтам, ки «баъд аз ин ба хидмат расам ва ғарази ман ду чиз буд, яке бенавоӣ, дувум гуфтам, ҳамоно ӯро тасаввур шавад, ки маро дар фазл мартабаест зиёдат, то чун бар руқъаи ман иттилоъ ёбад, қиёс кунад, ки маро аҳаммият чист, то чун ба хидмати ӯ ҳозир шавам, хиҷолат набарам. Дарҳол сӣ динор фиристод, ки инро ба баҳои тан ҷома бидиҳед. Аз он ду даст ҷомаи неку сохтам ва рӯзи севум ба маҷлиси вазир шудем, марде аҳл ва адиб ва фозил ва некуманзар ва мутавозеъ (фурутан) дидем ва мутадаййин (диндор) ва хушсухан…

Ва баъд аз ин ҳоли дунявии мо нек шуда буд, ҳар як либосе пӯшидем, рӯзе ба дари он гармоба шудем, ки моро дар он ҷо нагузоштанд, чун аз дар рафтем, гармобабон ва ҳар кӣ дар он ҷо буданд, ҳама бар пой хостанд ва биистоданд. Чандон ки дар ҳаммом шудем ва даллок (сартарош) ва қайим (нигоҳбон) даромаданд ва хидмат карданд. Ва вақте ки берун омадем, ҳар кӣ дар маслахи (рахткани) гармоба буд, ҳама бар пой хоста буданд ва наменишастанд, то мо ҷома пӯшидем ва берун омадем. Ва дар он миёна ҳаммомӣ ба ёре аз они худ мегӯяд: «Ин ҷавонон ононанд, ки фалон рӯз мо эшонро дар ҳаммом нагузоштем». Ва гумон бурданд, ки мо забони эшон надонем. Ман ба забони тозӣ гуфтам, ки: «Рост мегӯйӣ, мо онем, ки палоспораҳо дар пушт баста будем» Он мард хиҷил шуд ва узрҳо хост. Ва ин ду ҳол дар муддати бист рӯз буд. Ва ин фасл бад-он овардам, то мардум бидонанд, ки ба шиддате, ки аз рӯзгор пеш ояд, набояд нолид. Ва аз фазлу раҳмати Офаридгор… ноумед набояд шуд, ки ӯ раҳим (меҳрубон) аст».

Насри «Сафарнома» сода ва бидуни олоиш ва давоми суннатҳои адабии Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ буда, аз таъсири насри маснӯъ ва мутакаллиф озод мебошад.