Ушнаҳои сабз

Ушнаҳои сабз. Ушнахои сабз.


Аз рӯйи шакли морфологӣ (зоҳирӣ) ва анатомиашон ушнаҳоро ба ду гурӯҳи калон – ушнаҳои сабз ва торфӣ ҷудо мекунанд.

Ушнаҳои сабз нисбатан сернамоянда буда, тақрибан 14 ҳазор хелро дар бар мегиранд. Ушнаҳои сабз бо ранги сабзи баландашон, ки ба мавҷудияти миқдори зиёди хлоропласти донашакл вобаста аст, аз ушнаи торфӣ фарқ мекунанд.

Ушнаҳои сабз дар рӯйи замин васеъ паҳн гардида, онҳо бештар дар ботлоқзорҳо, ҷангалҳои сӯзанбарг, дар танаи дарахтон, рӯйи сангҳо, ҳамчун қолинисабз, пӯшиши яклухтро пайдо мекунанд. Андозаи ушнаҳо аз 30 то 40 см мерасад.

Яке аз намояндаи васеъ паҳнгардидаи ушнаҳои сабз ин ушнаи сабзи фохтазағирак мебошад 9.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 9. Афзоиши ушнаҳо (доираи инкишоф)
Расми 9. Афзоиши ушнаҳо (доираи инкишоф)

Фохтазағирак то 30 см қад кашида, танааш бо баргҳои сабзи борик пӯшида шудааст. Чун дигар ушнаҳо фохтазағирак решаи асосӣ надорад. Вале, аз пояи фохтазағирак ба замин ризоидҳои шохронда дохил мешаванд, ки тавассути онҳо ушнаи фохтазағирак аз замин об ва моддаҳои ғизоиро ҷаббида мегирад. Инчунин, ризоидҳо ушнаро дар ҳолати амудӣ (вертикалӣ) устувор нигоҳ медоранд. Дар ҳуҷайраҳои барги ушнаи фохтазағирак хлоропласт (ки доначаҳои хлорофилл дорад) дида мешавад, ки дар он ҷо раванди фотосинтез мегузарад.

Дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ ушнаҳо спораҳои (ҳогҳои) зиёд ҳосил мекунанд. Сипас, аз спораҳои навруста риштаи сабзи борики шохронда – пешсабзак (протонема) инкишоф меёбад. Баъд аз риштаи шохронда муғҷаҳо ва пояҳои баргдор (гаметофит) ба вуҷуд меоянд. Дар нӯги пояи як гурӯҳи рустаниҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина (антеридия) пайдо мешавад, ки дар он ҷо нутфа (сперматозоид) ҳосил мешавад. Дар нӯги пояи гурӯҳи дигари ушнаҳо ҳуҷайраи ҷинсии модина – архегония пайдо мешавад, ки дар он ҷо ҳуҷайратухм инкишоф меёбад. Бордоршавии онҳо фақат дар муҳити обӣ, ки боиси ҳаракати фаъоли нутфаҳо мегардад, ба амал меояд. Дар натиҷаи бо ҳамдигар омезиш ёфтани ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модина зигота (ҳуҷайратухми бордоршуда) ташаккул меёбад. Аз ҳуҷайратухми бордоршудаи рустании «модина» – поя ва ғӯза (спорофит) пайдо мешавад. Дар ғӯзача бо роҳи мураккаб спораҳо пухта мерасанд. Баъд ғӯзача кушода шуда, спораҳо ба берун пош мехӯранд. Аз спораҳои ба ҷойи шароиташ мувофиқафтода риштаҳои сабзи шохронда (пешсабзак) мерӯянд. Сипас, ин риштаҳои шохрондаи сабз ба пояи сабзи баргдор (гаметофит), ки дар нӯгашон ҳуҷайраҳои ҷинсӣ инкишоф меёбанд, табдил мешаванд.


Тест

  1. Вазифаи решаро дар фохтазағирак кадом узв иҷро мекунад?
  • А. Мӯякрешаҳо
  • Б. Решаҳои паҳлуӣ
  • В. Ризоидҳои шохронда
  • Г. Тирреша