Узви зоиқа (ҳисси чашоӣ, мазза, тамъ)

Анбӯҳи ретсепторҳои зоиқа дар пунбакҳои зоиқа воқеанд (расми 108), ки онҳо дар ғуррии пардаи луобии забон – пистонакҳои зоиқа ҷойгиранд.

Хусусан, онҳо дар нӯг, канораҳо ва бехи забон, дар деворҳои ҳалқ, коми нарм бисёранд. Муайян шудааст, ки асосан нӯги забон ширинӣ, канораҳои решаи забон туршӣ, паҳлуҳояш шӯрӣ, решаи забон талхиро (расми 109) ҳис мекунанд. Ретсепторҳои зоиқа аз таъсири моддаҳои дар об ё оби даҳон ҳалшуда ба ангезиш меоянд. Хӯроки хушк бе таъм менамояд.

Дар ковокии даҳон на танҳо ретсепторҳои зоиқа, инчунин ретсепторҳои ломиса, ҳароратдарккунанда низ ҷойгиранд ва барангезиши иловагии онҳо ҳисси таъмро пурзӯр мегардонад.

Ҳарорати хӯрок ҳам дар ҳисси таъм нақши муайян мебозад. Шояд бисёр касон мушоҳида карда бошанд, ки чойи ҷӯшон ё шӯрбои сӯзон лаззат надорад. Вале ҳамон чой ва шӯрбои хунукшуда болаззат,  хуштаъму лазиз мебошад. Барои фаҳмидани лаззати хӯрок ҳарорати он бояд +15-35°С бошад.

Бо таъсири ангезандаҳои хӯрок дар ретсепторҳои зоиқа ҳаяҷон ба вуҷуд меояд. Импулсҳои асаб тавассути торҳои асаби зоиқа ба мавқеи зоиқаи қабати қишри нимкураи калон гузашта, дар он ҷо таъми хӯрок қатъиян муайян карда мешавад. Таъми хӯрок ба маънои маъмули калима маҷмӯи ҳиссиётест, ки одам тавассути ретсепторҳои гуногун зоиқа, шомма, ломиса ҳосил мекунад. Ҳангоми зукоми сахт, ки ҳалқбинӣ пури луоб аст, хӯрок гӯё бемаза менамояд.

Лаззат ба одам дар муайян кардани сифати хӯрок ёрӣ расонда, боиси ҷудошавии шираи ҳозима ва раванди ҳазми хӯрок мегардад.


Мавзӯи пурра: Узвҳои мувозинат, ҳиссиёти мушакӣ ва ломиса, шомма ва зоиқа

ҚаблӣУзвҳои шомма (буйкунанда)
БаъдӣФаъолияти олии асаб. Рефлексҳои ғайришартӣ ва аҳамияти онҳо