Вазъи маъмурию ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроия

Конститутсияи ҶТ ташкил ва фаъолияти давлатдории муосири Тоҷикистонро аз рӯи принсипҳо ва арзишҳои дар ҷомеаи ҷаҳони эътирофшуда қарор додааст. Дар ташкили ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла ҳокимияти иҷроия принципи Конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ки ҳокимияти давлатиро ба 3 шоха қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим менамояд нақши ҳалкунанда дорад. Мақомоти ҳокимияти иҷроия, ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ мебошад, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати давлатию ҳокимятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд. Ҳолати ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроия дар хусусиятҳои зерини он ифода меёбанд.

  • Бо мазмуни конститутсионӣ мақомоти ҳокимияти иҷроия қисми таркибии дастгоҳи давлатӣ буда ҳокимияти қонунгузориро дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлати ҳамроҳи мекунад.
  • Мақомоти ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро дар асос ва барои иҷрои қонун пеш мебарад, яъне фаъолияти онҳо зерқонунӣ мебошад.
  • Мақомоти ҳокимияти иҷроия барандаи доираи муайяни вазифаҳои давлати ҳокимияти мебошанд. Ин вазифаи онҳо пеш аз ҳама дар қабули санадҳои ҳуқуқи дар доираи салоҳияти идоракуниашон амали мешавад.
  • Мақомоти ҳокимияти иҷроия бевосита ё ба воситаи зинаҳои болоӣ дар назди мақомоти намояндагии давлатӣ ҳисоботдиҳанда мебошанд.
  • Мақомоти ҳокимияти иҷроия аз коллективи меҳнатии муайяне иборат аст, ки аз тарафи давлат барои амали намудани мақсади муайян муттаҳид шудааст.
  • Мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар маҷмӯъ тасниф намуда, дар назар бояд дошт, ки аз номи онҳо дар муносибатҳои муайяни идоракуни шахсони мансабдори онҳо иштирок мекунанд.
  • Тартиби ташкилдиҳӣ, тағйирёбӣ ва барамдиҳии мақомотҳои иҷроия дар доираи муайянкардаи қонунгузори амали карда мешавад.

 Низоми мақомотҳои ҳокимияти иҷроияро гуногунрангии ин мақомотҳо ташкил мекунад. Оноҳро аз рӯи якчанд хусусиятҳояшон тасниф намудан мумкин аст.

1) Аз рӯи ҳудуди фаъолияташон мақомоти ҳокимияти иҷроия ба мақомоти иҷроияи марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ:

2) вобаста ба тарзи ҳалли масъалаҳо ба мақомоти яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

3) вобаста ба доираи салоҳияташон бо мақомоти, салоҳияти умумӣ, салоҳияти соҳавӣ, салоҳияти байнисоҳавӣ, салоҳияти махсусдошта:

4) вобаста ба шакли ташкилӣ- ҳуқуқӣ (ҳукумат, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумита, хадамот, агентӣ, марказ, нозирот (инспексия), саридора, департамент, идора) ва ғайра:

5) вобаста ба тарзи созмон, таъинӣ ва интихобӣ.

Низоми мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки тартиби ташкил ва фаъолияти онҳоро Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарар кардаанд дар асоси принсипҳои зерин амал мекунанд: принсипи мустақилияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, принсипи ягонагии мақомоти ҳокимияти иҷроия, принсипи қонуният, принсипи сарфакорӣ ва камхарҷӣ дар фаъолияти мақомоти иҶроия, принсипи ҳокимияти халқӣ, принсипи ошкорбаёни, принсипи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипи демократикунонӣ ва ғайра.

Дар асоси моддаи 64 Конститутсия Президенти ҶТ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавоми давлат, мураттаби фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риоя қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Доираи салоҳиятҳои Президент ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия дар соҳаи идоракунии давлатӣ хеле васеъ мебошанд, ки дар моддаи 69 Конститутсия ба танзим дароварда шудааст.

Мавқеъи маъмурӣ-ҳуқуқии ҳукумат. Ҳукумати ҶТ мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлати буда фаъолияти худро дар асоси дастаҷамъӣ амали намуда, низоми мақомоти идоракунии давлатро роҳбарӣ, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин менамояд. Ҳукумат фаъолияти худро дар асоси Конститутсия, қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармону амрҳои Президент, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, ба амал мебарорад. Ҳукумат дар фаъолияти худ принципҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимият, ошкорбаёнӣ, дастҷамъӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба роҳбари мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ҳукумат буда ба фаъолияти он роҳбари менамояд, барои татбиқи самарабахши ваколатҳояш тадбирҳо меандешад. Сохтори Ҳукумат аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ иборат буда онҳоро Президент таъсис ва барҳам медиҳад. Ҳайати Ҳукумат аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.

Салоҳиятҳои ҳукматро ба салоҳиятҳои умумӣ, соҳавӣ ва махсус тақсим намудан мумкин аст.

Ба салоҳиятҳои умумии Ҳукумат инҳо дохил мешаванд:

а) иштирок дар татбиқи сиёсати дохили ва хориҷии ҶТ,

б) таъмини роҳбарии самараноки иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ,

в) роҳбари ба низоми мақомоти ҳокимияти иҷроия,

г) таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ,

д) ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ.

Ба салоҳиятҳои соҳавӣ Ҳукумат инҳо дохил мешавад:

а) роҳбари ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомотҳои идоракунии давлат.

б) салоҳиятҳои ҳукумат дар соҳаи иқтисодиёт,

в) салоҳияти ҳукумат дар соҳаи буҷет, молия, пул, қарз ва андоз,

г) салоҳияти ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ,

д) салоҳияти ҳукумат дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ,

е) салоҳияти ҳукумат дар соҳаи истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист,

ё) салоҳияти ҳукумат дар соҳаи таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мубориза бар зидди ҷинояткорӣ,

 ж) салоҳияти ҳукумат оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ,

 з) салоҳияти ҳукумат дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмиллалӣ ва ғайра.

Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат маҷлиси Ҳукумат мебошад, ки моҳе камаш як маротиба гузаронида мешавад. Ҳукумат мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои ҶТ қарорҳо ва фармоишҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави ҶТ ҳатмист.

Санадҳое, ки хусусияти меъёри доранд, дар шакли қарорҳои ҳукумат қабул карда мешавад. Санадҳо оид ба масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ, ки хусусияти меъёри надоранд дар шакли фармоишҳои ҳукумат қабул карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ- мақомоте, ки дар ҳудуди воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор иҷрои Конститутсия қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъмин менамоянд. Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳуқуқи давлатӣ аз Раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, идораҳо кумитаҳо, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия иборат мебошанд.

Фаъолияти мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад: қонуният ва адолати иҷтимоӣ; ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; муносибати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ; ба таври демократӣ, ошкоро ва бо назардошти гуногунандешии сиёсӣ ҳал намудани масъалаҳо, масъулият барои натиҷаҳои фаъолияти худ дар назди аҳолӣ; мустақилият дар ҳалли масъалаҳои ваколати худ; ҳатми будани иҷрои санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколаташон қабул шудаанд, яккасардории фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон амалӣ намудани ҳуқуқҳояшон оид ба иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ анҷом медиҳанд. Раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия- намояндаи Президенти ҶТ ҳокимияти иҷроияро дар воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор сарварӣ мекунад.

ҚаблӣВазъи маъмурию ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ
БаъдӣХизмати давлатӣ