Реша ва калимахои хамреша

Реша ва калимаҳои ҳамреша дар грамматикаи забони тоҷикӣ. Реша чист?

Реша ҳиссаест, ки маънои асосии калимаро ифода намуда, дигар ба ҷузъҳои маънодор тақсим намешавад. Решаро бо камонак ( ) ишора мекунанд.

Боғбон, коргар, нодон, бекорӣ, гулистон, барвақт, суханвар, боадаб, панҷа, дастгоҳ.


Машқ. Хонед ва гӯед, ки дар маънои луғавии ин калимаҳо чӣ гуна умумият вуҷуд дорад.

Адаб, беадаб, боадаб, адабгоҳ, адабистон, адабӣ, беадабона, беадабӣ; даст, бедаст, ҳамдастӣ, даста, дастак, дастакӣ, дастгоҳ, дастор, дастпона, дастур, дастӣ, бедаста, ҳамдаст; омад, баромад, даромад, ноомад, фуромад, баромадгоҳ, даромадгоҳ, фуромадгоҳ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Калимахои хамреша

Калимаҳои ҳамреша аз ҷиҳати маъно гуногунанд: ҳамкор, коргар, корманд, ҳамкорӣ, бекорӣ, бекор, корзор.

Баъзе пасванду пешвандҳо фақат шакли калимаро тағйир медиҳанд, маънии калима дигар намешавад: хона-хонача; хона-хонаҳо; хона-хонае; дидам-бидидам.


Машқ. Бо калимаҳои ҳамрешаи зерин ҷумлаҳо созед.

 Баромад, даромад, ноомад, фуромад, баромадгоҳ, даромадгоҳ, фуромадгоҳ; шабакӣ, шабгоҳ, шабгун, шабина, шабона; гулзор, гулшан, гулистон.


Машқ. Ҳамрешаҳои калимаҳои ишорашударо нависед. Намуна: хона, хонагӣ, хонадон, ҳамхона.

Аввал таом, в-он гаҳ калом

Мо ба хона даромадем. Бой ба ҳеҷ кор, ҳатто ба намозхонӣ ҳам машғул нашуда, чӯту дафтарро ба пеши худ гирифт. Ӯ ҳай чӯт мезад, ҳай дафтарҳоро бо хату рақам сиёҳ мекард. Дар ин миён хизматгор ош кашида оварда, ба пеши по монд, аммо бой ба ош ҳам нигоҳ накарда кори худро давом дод. Ман, ки гурусна монда будам, ба ӯ гуфтам:

-Биёед, аввал таомро хӯрем, “аввал таом, в-онгаҳ калом” гуфтаанд.

Садриддин Айнӣ

ҚаблӣКалимасозӣ ва имло. Таркиби морфологии калима
БаъдӣШеърхо аз Мухаммад Икболи Лохури