Ёдгори Зарирон

«Ёдгори Зарирон» нахуст ба забони портӣ ба гунаи чакома (қасида) суруда шуда, дар замони Сосониён пас аз пазириши оини зардуштӣ ба ҳайси дини давлатӣ тарҷума шудааст. Агарчи матни ин асар бо гузашти замон аз асли портиаш, ки манзум буда, то ҷое дур рафтааст, ҳанӯз ҳам нишонаҳои он ба мушоҳида мерасад. Дар матн чанде аз вожаҳои портӣ ҳамчун луғати иқтибосӣ ба кор рафтаанд.

Дар «Ёдгори Зарирон» сухан аз ҷанги Виштосп (Гурҷосп) шоҳи Эрон ва Арҷосп – шаҳрёри хиюнон барои пазириши дини маздопарастӣ меравад.

Вақте ки Арҷосп огоҳ мешавад, ки Гуштоспшоҳ бо писарону бародарон ва шоҳзодагону ҳамроҳони хеш дини маздояснаро аз Ҳурмузд пазируфт, Видрафши ҷоду ва Номхости Ҳазоронро бо ду ҳазор сипоҳи баргузида ба Эрон мефиристад. Дар номае, ки онҳо оварданд, навишта шуда буд, ки агар шумо шаҳрёронро писандед ва ин динро раҳо кунед ва бо мо ҳамкеш бошед, он гоҳ шуморо ба шаҳрёрӣ парастем, он гоҳ сол ба сол бас зару бас аспи некӯ ва бас гоҳи (тахти) шаҳрёрӣ ба шумо диҳем. Ва агар ин динро раҳо накунед ва бо мо ҳамкеш набошед, он гоҳ бар шумо расем, сабзро хӯрему хушкро сӯзем ва чаҳорпову дупоро аз кишвар ғулом кунем ва шуморо ба тамоми гаронӣ ва душворӣ кор фармоем.

Таҳамтан сипоҳбади нек – Зарир, ки бародари Гуштосп буд, бо фармони Гуштосп номаро посух фармуд. Ва дар он ба Арҷосп – шаҳрёри хиюнон навиштанд, ки нахуст мо ин дини покро, ки аз Ҳурмузд пазируфтем, нагзорем ва бо шумо дигар моҳ анӯш хӯрем (дар набард шавем). Дар ин нома ҷойи ҷанг низ таъйин гардида буд – бешаи тиҳӣ ва марғи Зардуштон, ки на кӯҳи баланд аст ва на дарёчаи жарф.

Гуштоспшоҳ пеш аз набард аз Ҷомоспи вазир, ки донову бино ва шинохта буд, пурсид, ки чӣ хоҳад шуд? Ҷомоспи вазир ба зинҳор мегӯяд, ки фардо рӯз чун кӯбанд далер ба далер, гурд ба гурд, бас модар бе писару бас писар бе падар ва бас падар бе писару бас бародар бе бародар ва бас зани шӯйдор бе шӯй шаванд. Ва Видрафши ҷоду таҳамтан сипоҳбад Зарирро кушад ва аспи ӯ бибарад. Ва Номхости Ҳазорон Подхусрави Фрашевард порсои маздоясна, бародари дигари туро ва писари дӯстдоштаатро кушад ва аспашро ҳам бибарад. Хулоса, дар ин ҷанг аз писару бародар бисту се тан мурда буванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гуштоспшоҳ агарчи барояш душвор буд, эълом дошт, ки агар ҳама писарону бародарону шоҳзодагони ман мурда буванд, он гоҳ ман ин дини поки маздоясна, чунонки аз Ҳурмузд пазируфтам, нагузорам.

Дарвоқеъ, дар ҷанг бо Арҷосп – шаҳрёри хиюнон бародари Гуштосп – таҳамтан сипоҳбад Зарир кушта мешавад ва писари ҳафтсолаи ӯ Баствар ба майдон медарояд ва кини падар мехоҳад. Арҷосп ба муқобили Баствар – кӯдаки каёнӣ Видрафши ҷодуро бо ваъдаи додани духтараш Беҳистан, ки дар ҳама кишвари хиюнон зане аз ӯ хубрӯйтар набуд, мефиристад.

Вақте ки Баствар Видрафши ҷодуро мебинад, хитоб мекунад, ки «Дурванди ҷоду! Ба пеш фароз ой! Чи ман бораи Зарирон дорам, лек тохтан надонам. Ман тир андар тирдон дорам, лек андохтан надонам. Ба пеш фароз ой, то он ҷони хуш аз танам бигир, чунонки ба он таҳамтан сипоҳбади нек Зарир – падари ман кардӣ!» Видрафши ҷоду аз ин суханон густох шуд ва фароз ба пеш омад ва он сиёҳи оҳанинсумб, ки аспи Зарир буд, чун бонги Баст вар шунид, чаҳорпо ба замин истод ва нуҳсаду наваду нуҳ бонг кард. Видрафш табар зад, Баствар ба даст фароз пазируфт. Пас равони Зарир бонг зад, ки ин табар аз даст биафкан ва аз тирдони хеш тире ситон ва ин деви дурӯғро посух кун. Баствар табар аз даст биафканд ва аз тирдони хеш тире ситонд ва Видрафшро ба дил зад, аз пушташ гузашт ва бар замин афтонд ва кушт. Баъд Баствар мӯйи сафеди марворидашро афшонд, ҷомаи зарбафти Зарирро гирифт, ба аспи падараш нишаст ва аспи хешро ба даст фароз гирифт ва асп пеш ронду душман кушт. Чун Гаромикирд – писари Ҷомосп ва сипоҳи бузург ӯро диданд, барои Зарир гиристанд ва ба писараш гуфтанд, ки чаро ин ҷо омадӣ, чун туро ангушт ба тир озмуда нест ва дифои разм надонӣ. Мабодо хиюнон расанду туро кушанд, чунонки эшон Зарирро низ куштанд.

Баствар дар ҷавоб ба Гаромикирд – писари Ҷомосп гуфт, ки дирафши пирӯзон (парчами ғолибон) дор, чӣ агар зинда расам ба пеши Гуштоспшоҳ, гӯям, ки ту чӣ гуна ба некуӣ корзор кардӣ.

Пас Баствар асп пеш меронад, душман мекушад ва ба ҷое мерасад, ки Исфандёри ял корзор мекард. Дере нагузашта аз хиюнон ҳеч зинда намонд, магар як Арҷосп – шаҳрёри хиюнон. Ва Исфандёр – он яли нек Арҷоспро гирифт, як дасту як пой ва як гӯши ӯро бурид ва як чашми ӯро ба оташ сӯхт ва ӯро ба хари думбурида ба шаҳраш мефиристад ва мегӯяд, ки бирав бигӯй, ки чӣ дидӣ аз дасти ман, ки хиюнон низ донанд, ки чӣ бувад ба рӯзи Фарвардин дар аждаҳоразми Гуштоспон.

Ҳамин тавр, «Ёдгори Зарирон» намунаест аз қаҳрамониҳову фидокориҳои гузаштагони мо дар ҳифзи марзу буми хеш ва дину оини хеш, ки ҳама тайёранд нобуд шаванд, аз сипоҳбади таҳамтан Зарир то кӯдаки ҳафтсолааш Баствар, Гаромикирд – писари Ҷомоспи вазир, Исфандёри яли нек, вале дирафши пирӯзиро аз даст нагузоранд.


Маълумот дар бораи Ёдгории Зарирон

Дарахти Асуриг

ҚаблӣТалмех (талмеҳ дар адабиёт)
БаъдӣАдабиёти арабизабони точик (асрхои VIII ва IX)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед