Сиғаҳои феъл (сигахои феъл, грамматикаи забони тоҷикӣ)

Сигахои феъл.


Бо тағйир ёфтани шакли феъл тобиши нав гирифтани амалро сиға мегӯянд. Сиға ба тарзи хабар, эҳтимол, шарту хоҳиш ва ё амр ифода гардидани амал мебошад: рафт, рафтагист, равад, бирав.

Феъл чор сиға дорад: хабарӣ, шартӣ -хоҳишмандӣ, амрӣ ва эҳтимолӣ.


Машқи 396. Мисолҳоро муқоиса кунед ва гӯед, ки амалҳои онҳо аз якдигар чӣ фарқ доранд.

1.Рӯзи истироҳат соатҳои нуҳ аз хоб бархостам. (Ф. Муҳаммадиев) 2.Акнун роҳи шумо он қадар танг ва бадвоҳима нест, акнун ба боло нигоҳ кунед, осмони паҳновари кушодаро мебинед. (С.Айнӣ) 3. Ҳамшираи меҳрубон, биё, одамон, биёед, дар паҳлӯи ӯ бишинед, вай нақл кунад, шумо бишнавед! (Ҳ.Карим) 4. Акнун дигар одам намеомадагист. (Ф.Муҳаммадиев)

ҚаблӣФеълҳои монда ва гузаранда
БаъдӣСиғаи хабарӣ (сигаи хабари, грамматикаи забони точики)