Адабиёти арабизабони точик (асрхои VIII ва IX)

Дар ин мақола маълумот дар бораи адабиёти арабизабони точик ки ба асрхои 8-9 рост меояд оварда мешавад. Адабиёти точик дар асрхои 8-9 >>>

адабиёти точик

Давраи пас аз истилои араб то замони пайдоиш ва ташаккули адабиёти форсии тоҷикӣ, ки асрҳои VIII ва IX мелодиро фаро мегирад, марҳалаи хоси адабиёти тоҷик ба шумор меравад ва аз тамоми давраҳои дигари он фарқ мекунад. Дар ин давра адабиёти тоҷик ба забони арабӣ буд, агарчи ҳамаи шоирону нависандагоне, ки ин адабиётро ба вуҷуд оварда буданд, эронитабор буданд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, аз охири асри VII то охири асри IX зиёда аз панҷоҳ шоир ва нависандаи эронинажод дар эҷоди адабиёти арабизабони тоҷик иштирок кардаанд.

Сабаби ба забони дигар, дар айни замон арабӣ, асар навиштани адибони эронитабор он буд, ки бар асари истилои араб марказҳои адабию фарҳангӣ ва илмӣ ба забонҳои эронӣ аз байн рафта, ёдгориҳои маданӣ ва адабӣ нобуд гардида, забони арабӣ ҳамчун забони расмии хилофати араб ва дини ислом бартарӣ пайдо намуда буд. Дар ин вазъият аҳли адаби эронитабор роҳи наҷоти фарҳангу адаби қадимии худро дар тарҷумаи он аз забони форсии миёна ба забони арабӣ диданд ва муҳимтарин асарҳои манзум ва мансури қадимии хешро, аз қабили «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Маздакнома», «Достони Баҳроми Чӯбина», «Достони Рустам ва Исфандёр», «Достони Баҳром ва Нарсӣ», «Достони Доро ва бути заррин», «Достони Шаҳрбароз ва Хусрави Парвиз», «Хусрав ва Ширин», «Вис ва Ромин», «Худойнома», «Тоҷнома», «Оиннома», «Аҳди Ардашер» ва ғ. ба он забон баргардонданд.

Тарҷума аз забонҳои эронӣ боиси пайдо шудани як қатор асарҳои таълифии тоза дар забони арабӣ шуд, масалан, «Калила ва Димна», «Китоби Билавҳар ва Будосаф», «Китоби Синдбод»-и Абони Лоҳиқӣ, «Сирати Ардашер», «Сирати Анӯшервон», «Китоби Маздак» ва ғ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Падидаи ба забони дигар офаридани адабиёт аз тарафи шоирону нависандагони миллати дигар дар таърихи чандинҳазорсолаи адабиёти умумиҷаҳонӣ нав нест ва ин анъана имрӯз ҳам давом дорад. Барои мисол, нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов, шоири машҳури қазоқ Олжас Сулаймонов, нависандаи номии тоҷик Темур Зулфиқоров ба забони русӣ асар менависанд, вале ҳар як намояндаи комилҳуқуқи адабиёти миллии худ мебошанд.

Омӯзиши ҳаматарафаи назму насри таълифии арабизабони адибони эронитабори асрҳои VIII-IX ошкор сохт, ки он давоми бевоситаи адабиёти қадими тоҷик буда, марҳалаи хосси гузариши он ба адабиёти форсии тоҷикӣ пас аз вуруди ислом ба ҳисоб меравад. Ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди инкишофи адабиёти тоҷик ҳеч гоҳ, аз он ҷумла пас аз истилои араб, қатъ нагардида будааст ва маҳз ҳамин чиз заминаи боэътимоде барои равнақи беназири адабиёти форсии тоҷикӣ дар замони Сомониён шудааст.

Зуҳури адабиёти тоҷик дар қолаби забони арабӣ дар асрҳои VIII ва IX мелодӣ, ки аз он бо номи наҳзати тарҷумаи осори тоисломӣ ба забони арабӣ низ ёд мекунанд, алоқаи бевосита бо ҷунбиши шуубия дорад, ки дар нимаи аввали асри VIII ба вуҷуд омада, хусусияти истиқлолталабӣ ва эронгароӣ дошт ва адибони эронитабори арабизабон дохили он буданд. Ҳамин гаравиши онҳо ба ҷунбиши шуубия буд, ки умри бисёре аз онҳо ба таври фоҷиавӣ ба поён расид. Ибни Муқаффаъ, Башшор ибни Бурд, Исмоил ибни Ясор, Абдулҳамид ибни Яҳёи Котиб, Ҳаммоди Аҷрад ва ғ. бо туҳмати куфру зиндиқа кушта шуданд. Ибни Муқаффаъро дасту по бурида, ба танӯри оташ партофтанд ва танашро сӯхтанд.

Исмоил ибни Ясорро дар оби ҳавз ғарқ кунонданд.

Адабиёти арабизабони тоҷик моҳиятан зодаи тафаккуру андешаи эронӣ буда, тавонист, ки аз тариқи ҳифзу эҳёи дороиҳои фарҳангу адаби тоисломӣ ва ворид намудани он ба тамаддуни исломӣ растгории маънавии қавмҳои эронинажодро таъмин, ғояҳои миллӣ ва озодихоҳонро тарғиб ва заминаро барои барқарор кардани истиқлоли сиёсӣ ва адабию фарҳангӣ дар давраҳои баъдӣ омода намояд.

Муҳтавои асосии адабиёти арабизабони тоҷик аз ифтихори аслу насаб, гузаштаи пурифтихори ватан, мадҳи аҷдоди эронӣ, рӯҳи шикастнопазири эронӣ иборат мебошад.

Башшор ибни Бурд ифтихор аз он дорад, ки аз Хуросон асту аҷдодаш соҳиби шаъну шавкат буданд:

Аз Хуросонам, аҷдодам соҳиби шаъну шавкат.
Дар накукорӣ барам ман гӯйи сабқат (бозӣ).[1]

Ман аз он қавми родмардонам, ки Хуросон маскани онҳост,
Гӯйӣ онҳо дарахтанду ман шохае сарсабз аз он дарахт.

Абӯяъқуби Хураймӣ ифтихор аз он дорад, ки аз озодагони Суғд аст:

Ман марде аз озодагони Суғдам.
Рангу пӯстам аз нажоди поки эронист.

 Мутаваккилӣ худро аз дудмони Ҷам мешуморад:

Ман зодаи родмардонам аз дудмони (хонадони) Ҷам.
Вориси тахту тоҷи шаҳрёрони Аҷам ҳастам.

Исмоил ибни Ясор ошкор эълон медорад, ки бо забони арабӣ аз шуҳрати ҳамқавмонаш ва тоҷварони номдораш дифоъ мекунад:

Дифоъ кунам ман кунун бо ин забон
Аз шуҳрати ҳамқавмони худу тоҷварони номвар.

Мавзӯи дигар зикри бартарии Аҷам бар Араб, муқобилгузории онҳо буд, ки намунаи хуби онро Башшор ибни Бурд гуфтааст:

Мехоҳам ба араби худсито бифаҳмонам кӣ будани худрову ӯро, чун ӯ даҳон ба лоф кушодааст,

Ман вориси падару модари киромам. Дар Тухористон марзбонон ҳамзӯр бо ман буданд.

Ғизои мо буд кулчаҳои ширмол ва аз соғари симин буд шурби (нӯшокии) мо.

Хилъати мурассаъ бо ҷавоҳир (либоси ороста бо гавҳар) либоси базмии мо буд. Ҷомаи фохири (расмии) мо буд рашки бурди ямонӣ (либоси суннатии араб).

Рӯзгор, ки кунун дигар гаштааст, ғуломро ба арш (осмон) нишонду вологуҳарро ба фарш (замин).

Магар акнун, пас аз он ки бараҳна будӣ ва имрӯз ҳарир (шоҳӣ) ба бар кардаӣ ва май бо каримон (бузургон) мепаймоӣ.

Ва дирҳаме чанд дар ҷайб пайдо кардаӣ, қаля (қайла) мехӯрӣ ва хумор бо майи бунафш мешиканӣ,

 Ту, эй чӯпонзода, магар пеши қавми озодагон (ориёӣ) меболӣ? Бас аст, сухан бар газоф (беҳуда) магӯй!

Савганд бо номи падарам, танҳо хӯришат туро дигар шудааст, вале худат ҳамонӣ, ки будӣ.

Магар фаромӯш кардӣ, ки пештар,чун ташна ба оби гуворо (тоза) шудӣ, сагро дар нӯшидани оби гандидаи назди манзилат шарик будӣ?

Хӯрдани сари гамбуски бирён туро одат буд ва аз гӯшти дурроҷ (кабк) ҳазар доштӣ.

Шаб ба шикори хорпушт мебаромадӣ, рӯз сайди муш туро аз корҳои нек пайваста дур медошт.

Ҳасад мебурдӣ ба оне, ки бӯқаламун (хазанда) бирён мекард ва бӯй бурда ба наздаш ҳозир мешудӣ.

Болидани ту назди ман болидани муши даштию калтакалосро мемонад.

Вуҷуди ту байни мо нанг аст. Эй кош, коми оташи дӯзах туро фурӯ мекашид.

Ба мероси адибони асрҳои VIII ва IX танҳо дар матну батни замони пас аз истилои араб метавон аз рӯйи инсоф баҳо дод. Вагарна дар зоҳир баъзе аз гуфтаҳои онҳо дар бораи мардуми араб ва фарҳанги арабӣ ба таҳқир ва мазаммати рӯирост мемонад. Аз як тараф, аксарияти чунин асарҳо дар замонаш мухотаби муайяни худр о доштанд ва танҳо ба ӯ нигаронида шуда буданд. Аз тарафи дигар, як навъ вокунише ба даъвои арабҳо дар бораи бартариашон бар халқҳои дигари хилофат ва таҳқиру мазаммати мардумони ғайриараб аз тарафи Умавиён буд, на бештар аз он.

Онҳо зидди нажодпарастии арабҳо буданд.


[1]     Ин ҷо ва баъд аз ин тарҷумаҳо аз тарафи арабшиноси номӣ Низомиддин Зоҳидӣ аз арабӣ ба наср сурат гирифтааст. – А.С.

Адабиёти давраи қадим (адабиёти точик)

ҚаблӣЁдгори Зарирон
БаъдӣАдабиёти точик ба забони порсии дари (асри IX)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед