Тарҳи ададҳои натуралӣ

Масъалаи 1. Зане барои фурӯхтан ба бозор якчанд дона тухм овард. Ӯ 165 дона тухмро фурӯхт. Боз 85 дона тухм боқӣ монд.

Зан ҳамагӣ чанд дона тухм оварда буд?

Ин масъаларо бо тарзи ҷамъ кардани адади тухмҳои фурӯхташуда ва тухмҳои боқимонда ҳал кардан мумкин аст: 165+85=250. Пас, зан ҳамагӣ 250 дона тухм оварда будааст.

Акнун, масъалаи ба ҳамин монандро ҳал мекунем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Масъалаи 2. Зане барои фурӯхтан ба бозор 250 дона тухм овард. Ӯ то бегоҳ 165 дона тухмро фурӯхт. Чанд дона тухм нофурӯхта монд?

Бояд чунин адади x-ро ёбем, ки барои он 165+x=250 бошад. Азбаски 165+85=250 аст, пас ин адад 85 мебошад. Дар ин маврид адади 85 фарқи ададҳои 250 ва 165 номида шуда ин тавр навишта мешавад: 250–165.

Бинобар ҳамин, 250–165=85 аст.


Таъриф. Аз адади а тарҳ кардани адади b маънои ёфтани адади сеюми x-ро дорад, ки агар онро бо b ҷамъ кунем, адади а ҳосил шавад: x+b=а.

Дар ин навишт атарҳшаванда (камшаванда), b – тарҳкунанда ва x – фарқи а ва b номида мешавад.

Ҳамин тавр аз баробарии x+b=а баробарии зерин ҳосил мешавад. а–b=x.

Қоида. Барои ёфтани ҷамъшавандаи номаълум аз сумма ҷамъшавандаи маълумро тарҳ кардан лозим аст.

Барои адади дилхоҳи а баробарии a+0=а дуруст аст. Аз ин ҷост, ки а–0=а ё ки а–а=0 мешавад.

Тарҳи ададҳои натуралиро бо воситаи нури координатӣ маънидод намудан мумкин аст. Бигузор аз адади 13 тарҳ кардани адади 7 талаб карда шуда бошад. Дар нури координатӣ нуқтаи А(13)-ро қайд мекунем.

Аз он ба андозаи 7 порчаи воҳидӣ ба самти чап ҷой иваз намуда, ба нуқтаи В(6) меоем. Бинобар ҳамин 13–7=6 аст (ба расми 35 ниг).

Ҷамъи ададҳои натуралӣ


Мисоли 1. Нуқтаи С порчаи АВ-ро ба ду ҳиссаи АС ва СВ ҷудо мекунад (расми 36). Бигузор АВ=18 см буда, он аз дарозии порчаи СВ 3 см зиёд бошад. Дарозии порчаи АС-ро ёбед.

Азбаски 18–3=15 аст, пас дарозии порчаи СВ=15 см аст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дарозии порчаи АС=18–15=3 см аст.


Мисоли 2. Масоҳати шакли дар расми 37 тасвирёфта 124 см2 аст. Масоҳати квадрати он 64 см2 мебошад. Масоҳати росткунҷаи дар шакл тасвирёфта ба чанд баробар аст?

Азбаски 124–64=60 аст, пас масоҳати росткунҷаи дар расм тасвирёфта ба 60 см2 баробар мебошад.


Мисоли 3. Ба як халта 46 кг ва ба халтаи дигар 8 кг камтар шакар рехтанд. Ба халтаи дуюм чӣ қадар шакар рехтанд.

 Ҷавоб: 46–8=38 кг.


Keywords: Тархи ададхои натурали, тархшаванда, камшаванда, тархкунанда, фарки ададхо/ракам, минус бо забони точики.