Гуфтам, ки чун шаҳоби гурезони нимашаб
Аз осмони равшани ишқи ту по кашам,
Чун раҳрави шикастадили ошёнхароб
Пуштора сӯи манзили ноошно кашам.
Гуфтам чу барги мурдаи пойиздидае
Кутаҳ кунам зи домани нози ту дасти хеш,
Бархезам аз канори ту бо як видоъи сард,
Оташ занам ба пайкари оташпарасти хеш.
Гуфтам чу акси абр дар оғуши ҷӯйбор
Лабхушк сӯи соҳили ғамҳо шино кунам,
Бар мосаҳои гарми ғами бекасии хеш
Чун сояи сиёҳ танамро раҳо кунам.
Рӯям ба шӯразори фаромӯшият чу хор,
Бе ранги ошноиву бе барги ёди ту,
Дар гӯши боди сарди шабонгоҳ cap кунам
Дардофарин таронаи ҷаври зиёди ту.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Рафтам, зи ту гусастаму гуфтам ба хештан:
Аз баҳри дигаре кунам иншои номае,
Як сафҳа шуд сиёҳу ҳама буд номи ту,
Ларзид дасти лоғаре, афтод хомае…
Асадуллоҳи Ҳабиб