Мазмун ва мундаричаи газалиёти «Девони кабир»-и Мавлоно Чалолиддини Балхи.
Девон асосан ғазалиёти Ҷалолиддини Балхиро дар бар мегирад ва беш аз 50 ҳазор байт дар он гулчин шудааст. Ғазалиёти адиб беш аз 7 қарн аст, ки қалби ошиқони шайдоро гарм намуда, ба инсонҳо ғизои маънавӣ бахшидаанд.
Ғазалиёти Мавлоно на танҳо барои форсизабонони дунё маҳбубият, волоият, арзандагӣ доранд, балки барои ҳамаи мардуми олам мақбулу азизанд. Ӯ дар ғазалҳояш ишқи инсон, дарду ғами инсон ва бузургии инсонро ситоиш кардааст. Ҷалолиддини Балхӣ инсонҳоро ба якдигар баробар, бародар медонист. Барои ӯ мафҳуми миллат, халқ, дину мазҳаб як маъно доштанд ва онҳоро баробар ва яксон медонист. Душмани қаттоли ӯ Чингизхони хунхор маҳсуб шуд. Барои ӯ кишварҳо, давлатҳо, марзу бум гӯё вуҷуд надоштанд.
Оре, дарду ғами инсон, орзую омоли аҳли сайёра мағз андар мағзи ғазалиёти шоирро фаро гирифтааст. Дар бораи тавоноии ин шоири файласуфи лирикӣ қиссаҳо, ривоятҳо зиёданд, ки дар ҳамаи онҳо Ҷалолиддин тавсифу ситоиш ёфтааст. Мавлоно Афлокӣ дар бораи шахсиятҳои бузурги илму адаб дар асараш ҳикояте, нақлу ривояте овардааст.
Аз ҷумла, дар бораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳам чанд ҳикояте овардааст, ки ҳоло муносиб аст як нақли ӯро мазмунан ба шумо ҳикоят намоем. Ҷалолиддин ва Саъдӣ ҳангоми сайру саёҳатҳояшон ба Кунияю Шероз рафта якдигарро зиёрат карда буданд ва бо ҳам риштаи дӯстию бародарӣ ва ҳамкории адабӣ ҳам дошта буданд. Боре малик Шамсиддин ба Саъдӣ нома навишта хоҳиш менамояд, ки барояш ғазале иншо бикунад, ки он ғазал мазмуни ғариб ва санъатҳои аҷиб дошта бошад.
Шайх Саъдӣ ғазали Мавлоно Ҷалолиддинро, ки бо чунин матлаъ оғоз меёфт:
«Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?»
бо номае ба Шамсиддин фиристоданд ва дар он нома Саъдӣ чунин нигошта буд: «Дар иқлими Рум подшоҳе муборакқадам зуҳур кардааст ва ин нафоқат ӯрост. Аз ӯ беҳтар ғазале нагуфтаанд ва низ нахоҳанд гуфтан. Маро ҳаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва рӯйро ба хоки пойи ӯ бимолам».
Дар ҳамин мавзӯъ Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкираи хеш «Тазкират-уш-шуаро» гуфтае дорад, ки ёд кардани он айни савоб хоҳад буд: «Гӯянд дар хонаи Мавлоно сутуне буд. Чун ғарқи баҳри муҳаббат шудӣ, даст дар он сутун задӣ ва ба чарх омадӣ ва ашъори пуршӯр мегуфт ва мардум он ашъор менавиштанд».
Суханони боло гувоҳи онанд, ки Мавлоноро дар рӯзгораш дар байни бузургон чун Саъдӣ эътиқодмандон буданд ва эҳтиромаш мекарданд. Саъдӣ ба ғазалиёти Ҷалолиддин баҳои сазовор дода ва ӯро дар Куния зиёрат карда будааст. Ва ҳамчунон Ҷалолиддин ҳам ба дидори Шайх Саъдӣ мушарраф гардида будааст.
Мавзӯъҳои ғазалиёти Мавлоно хеле рангинанд. Ишқу муҳаббати илоҳӣ ва заминӣ, яъне ишқи поки инсонӣ ҳамсадои дили пуртуғёну меҳрангези ин ошиқу ин ориф будааст.
Дар ғазали «Маро чӣ ғам будӣ » Мавлоно ба мавзӯи мубрами рӯз баргашта, инсонҳоро ба сабру таҳаммул ҳидоят намудааст.
- Гарам симу дирам будӣ, маро мунис чӣ кам будӣ?
В-агар ёрам фақир астӣ, зи зар фориғ чӣ ғам будӣ? - Худоё, ҳурмати мардон, зи дунё фориғаш гардон!
Аз он ки фориғ астӣ, ӯ зи пеши ман чӣ кам будӣ? - Нигоро, гар маро оҳӣ в-агар ҳамдарду ҳамроҳӣ,
Макун оҳу махӯр ҳасрат, ки бахтам муҳташам будӣ. - Буто, зебову некуӣ, раҳо кун ин гадорӯйӣ,
Агар чашми ту сер астӣ, фалак моро ҳашам будӣ. - Зи тамъи одамин бошад, ки хеш аз ӯст бегона,
В-агар ӯ бетамаъ будӣ, ҳама кас холу ам будӣ.
Дар байти нахусти ғазал Мавлоно, яъне қаҳрамони лирикӣ, аз он ёд мекунад, ки агар ман молу сарват, симу зар дошта бошаму ёру дӯстонам муҳтоҷ, бароям ин хуш нест. Молу симу зар бароям мунис шуда наметавонанд. Дар байти дувум аз Худо илтиҷо мекунад, ки аз дунёпарастӣ, аз нафси бад дӯстонашро раҳо кун, наҷот деҳ. Дар байти сеюм шоир ба рӯзгори хеш бо ёри меҳрубонаш ишорат мекунад, ки агар меҳру муҳаббат ба ман дошта бошӣ, вафодор бошӣ, пас ба ҳамаи додаҳои Худованд шукрона бикун, дарду ҳасрат нанамо. Ана ҳамон вақт ман худро хушбахту саодатманд ҳисоб хоҳам кард. Гузашта аз ин, шоир рафиқашро ба шикастнафсӣ, назарбаландӣ ҳидоят менамояд ва таъкид кардааст, ки ҳаргиз гадотабъ набошад. Агар чашмат аз молу макони дунё сер бошад, ҳамин бахту иқболи ман шуда метавонад. Мурод аз байти чорум ҳамин аст.
Дар байти панҷум тамаъ ва тамаъҷӯйиро сахт мазаммат кардааст. Мавлоно Ҷалолиддин дар ғазали «Тавофи каъбаи дил кун» бузургии инсонро басо неку ситоиш ва тавсиф намудааст:
- Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ! - Тавофи Каъбаи сурат Ҳақат бад-он фармуд,
Ки то ба воситаи он диле ба даст орӣ. - Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,
Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ. - Хамӯш, васфи дил андар баён намегунҷад,
Агар ба ҳар сари мӯе дусад забон дорӣ.
Пеш аз он ки ғазалро таҳлил бикунем, зарур медонем, ки чанд сухан дар бораи Каъба, ки онро хонаи Худо гӯянд, ба арзатон бирасонем. Таърих гувоҳ аст, ки Каъбаро Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ бо писараш Исмоил бунёд кардаанд ва он ҷойгоҳ зиёратгоҳи ашхоси гуногунмазҳабу гуногуноин қарор гирифт. Ҳатто бутпарастон ба он ҷо омада, бутҳоро зиёрат мекарданд, тавоф менамуданд.
Пас аз он, ки дини ислом пайдо гардид, зиёрат кардани дину оинҳои ғайрро манъ карданд ва асли Каъбаро барқарор намуданд. Ин соли 9-уми ҳиҷрӣ, яъне соли 631 мелодӣ буд. Аз ҳамон вақту соат аҳли ислом ва умуман мусулмонони дунё ба Макка омада, Каъбаро зиёрат мекардагӣ шуданд. Ин мавзӯъ ва ин масъаларо бузургон баррасӣ намуда, чунин гуфтаанд:
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Каъба бунёди Халили Озар аст,
Дил гузаргоҳи Ҷалили Акбар аст.
Шоистаи гуфтан аст, ки ҳамин маънӣ дар ғазали «Тавофи каъбаи дил кун» хеле хуб инъикос ёфтааст, ки ҳоло бо ҳам онро таҳлил хоҳем кард.
Дар байти нахусти ғазал Мавлоно таъкид мекунад, ки агар дил дошта бошӣ, фаҳмишат, ақлу фаросатат бирасад, дили инсонҳоро зиёрат кун.
Зиёрат кардани дил чӣ маънӣ дорад? Ҳар як инсон дил дорад ва чунонки дар боло ёд кардем, нозуктарин аъзои инсон аст. Агар он таҳқир бубинад, касе нотавонаш бигирад ва ғаму андуҳ болояш нишинад, бисёр бад аст ва Худоро хуш наояд. Ашхосе, ки барои ранҷонидани диле саъю талош меварзанд, асло Парвардигор гуноҳи онҳоро намебахшад. Албатта, оятҳои «Қуръон» гуфтаҳои Худою Расули барҳақи вай Муҳаммади Мустафоро Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хонда, нағз дар ёд дошта. Бинобар ин ҳамин мавзӯъро аз нигоҳи хеш дар ғазали боло матраҳ кардааст. Акнун мегузарем ба таҳлили ғазал.
Дар байти аввал Мавлоно мегӯяд, ки агар ақл дошта бошӣ, Каъбаро дил бишмору онро зиёрат кун. Албатта, зиёрат кардани дил ҳадафи асосии Мавлоност. Он чӣ маъно дорад? Маънояш он аст, ки дили инсонро наранҷон, озор надеҳ, тавонӣ дар ғаму шодии соҳибдиле бошӣ, дилбардориаш намо, ғаму андуҳро аз дилаш барор. Агар ҳамин корро анҷом бидиҳӣ, шоиста бошад. Он чизе, ки мо гуфтем, маънии каъбаи дил ҳамин аст ва ҳаргиз онро нодида магир, гилаш мапиндор.
Дар байти дувум Ҷалолиддини Балхӣ хотиррасон кардааст, ки он ҷое ки зиёраташ мекунӣ, Каъбаи сурат аст ва он ҷойро ба он муроду мақсад зиёрат мекунӣ, ки дилеро ба даст орӣ ва ин дил дили Ҳақ аст. Давоми мантиқии ин байт дар байти сеюм равшантар зоҳир гардидааст. Дар ин маврид аз санъати муболиға бамаврид истифода бурда, таъкид менамоянд, ки агар ҳазор маротиба пиёда Каъбаро зиёрат кунию дили касеро биёзорӣ, зиёрати ту дар назди Худованд қабул нашавад.
Ғазали «Эй қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!» давоми мантиқии ғазали боло – «Тавофи каъбаи дил кун» буда, ашхоси сарсону саргардон- -ҳоҷиёнро хитоб менамояд, ки азобу ранҷ кашида, биёбону саҳро тай мекунанд ва дар ҷустуҷӯйи маъшуқанд. Вале ин маъшуқ дар гирду атрофи хонадони онҳо, дар деҳу шаҳри онҳо чашм ба роҳашон истодааст. Онон ашхоси мусибатзада, ғаму кулфатдида, ранҷу азобкашида–дарвешон, мардуми камбизоатанд. Ба онон кумак бирасонед, дили онҳоро ёбед, тавофи дили онҳо кунед, на аз пайи ҷустуҷӯйи сурате, буте бигардеду ба зоҳир бигардед. Аз ҳамин нигоҳ ғазали зерро таҳлил кунед ва ба ҳаёти имрӯз, ба гуфтаҳои роҳбари давлат қиёс намоед:
Эй қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед!
Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?
Гар сурати бесурати маъшуқ бубинед,
Ҳам хоҷаву ҳам бандаву ҳам қибла шумоед!
Сад бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,
Як бор аз он хона бад-он бом бароед!
Он хонаи лутф аст, нишонҳош бигуфтед,
Аз соҳиби он хона нишоне бинамоед!
Ба ҷавоби ин ғазали дардошнову пандомӯз шоҳбайти халқӣ:
Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем,
Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем
-ро метавон зикр кард. Оре, ҳам хоҷа, ҳам банда, ҳам қибла ва гузашта аз ин, кӯзаю ҳам хона дил аст ва онро бояд саҷда кард, бояд шод гардонд. Ҳамин аст одаму одамгарӣ, ҳамин аст лутфу марҳамати инсони поку шариф ва чунонки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст, аз ҳазорон тоату ибодат, аз ҳазор бор зиёрати Каъба кардан зиёрати дили инсон авлотар мебошад. Гуманизми олии Мавлоно низ дар ҳамин аст. Бояд гуфт, ки албатта, Мавлоно зиёрати Каъбаро ҳамчун фарз мепазирад ва худ ҳам ба тавофи Каъба мушарраф шудааст, вале мақсадаш дар ин ашъор он аст, ки бояд ҳадафи банда дар ин кор холисона ва ошиқона, барои ризои Худо бошад, на аз роҳи ҳавою ҳавас.