Замин: шакл ва бузургии он

Замин ва дигар сайёраҳои системаи Офтоб курашакл мебошанд. Курашаклии Заминро ҳанӯз олими маъруфи Юнони қадим Арасту исбот карда буд. Баъди исботи курашаклии Замин олимон андозаи Заминро чен карданд, ки натиҷаи он чунин аст: масоҳати сатҳи Замин 510 млн. километри мураббаъ, дарозии хати истиво (экватор) 40000 километр, радиуси хати истивои (экватори) Замин 6378 километр, радиуси қутбӣ 6358 километр. Ин нишон медиҳад, ки қутбҳои Замин каме фурӯхамидаанд (фишурдаанд). Аз ин сабаб радиуси қутбӣ нисбат ба радиуси хати истиво 22 километр кӯтоҳ аст. Дар айни замон тавассути радифҳои маснӯи Замин андозаи шакли эллипсии Замин аниқ карда шудааст, ки ба шакли ҳақиқии он наздик мебошад. Аммо барои осон намудани тахлили ҳодисаҳои географии Замин ва фаҳмидани фарқи сурати маҳал ва харитаи географӣ Заминро ҳамчун кура тасаввур кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар бораи курашаклӣ ва муайян кардани андозаҳои Замин олимони Шарқ, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ изҳори ақида намуда, тадқиқот бурдаанд. Абурайҳони Берунӣ ақидаи курашаклии Заминро тарафдорӣ карда, барои чен кардани доираи он кӯшиш намудааст ва ҳисоби ӯ аз ҳисоби ҳозира ҳамагӣ 110 км фарқ мекунад (расми17).

17. Андозаҳои Замин
17. Андозаҳои Замин

1.Тасвири Замин дар глобус. Глобус курашаклии Заминро ифода менамояд. Он аҳамияти илмӣ ва амалӣ дорад. Дар глобус намуди зоҳирии Замин, тарҳи уқёнусҳо, материкҳо, ҷазира ва нимҷазираҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар объектҳои географӣ бар хилофи харита шакл, дарозӣ ва андозаи худро дигар намекунанд ва самт тағйир намеёбад. Аз ин сабаб мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм ҳангоми омӯхтани хосиятҳо ва табиати Замин аз глобус ҳамаҷониба истифода мебаранд.

Миқёс ва намудҳои глобусҳо гуногун мешавад. Миқёси тамоми намуди онҳо дар зерашон навишта шудааст. Дар глобус нисбат ба харита миқёс дар тамоми самтҳо як хел мемонад. Бинобар ин дар он масофаи байни объектҳои географиро аниқ чен кардан мумкин аст. Ҳоло дар мактабҳо аз глобусҳои миқёсашон 1:8300000, 1:5000000, 1:30000000 истифода мебаранд. Ин миқёсҳо нисбат ба Замин чанд маротиба хурд будани глобусро нишон медиҳанд. Ихтирои глобуси аввалинро (асри XIV) ба олими немис М. Бехайм нисбат медиҳанд. Аммо олим ва мутафаккири машриқзамин Абурайҳони Берунӣ панҷ аср пештар глобус сохта буд ва онро барои муайян кардани арзу тӯли шаҳрҳо истифода бурдааст. Ӯ ақидаи тағйирёбии қишри Замин (эволютсияи геологӣ)-ро пеш гузошта, дар бораи масъалаҳои пайдоиши кӯҳҳо, ҳаракати қитъаҳо, ҷойивазкунии баҳру бар муҳокима рондааст.

Баъд аз ҳашт аср (асри XVIII) дар Русия олимони рус нахустин глобуси ахтарнамои оламро сохтанд, ки дар дохили он 12 нафар одам ҷой мегирад. Ин глобус ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербург маҳфуз аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Глобуси Ҳоҷӣ Юсуф. Ба ақидаи олимони географ ва мунаҷҷимон, глобуси ихтироъкардаи олим ва сайёҳи тоҷик Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзови Хуҷандӣ (1842-1925) баъд аз сохта шудани глобуси Абурайҳони Берунӣ (асри IX) ва глобуси астрономии расадхонаи Мирзо Улуғбек (асри XV) сеюмин глобус аст дар таърихи илми Шарқ. Аз глобусҳои номбурда то замони мо танҳо глобуси Ҳоҷӣ Юсуф омада расидааст.

Ин глобус аз нуқтаи назари илм хеле мукаммал аст (расми 18).

18.Глобуси Ҳоҷӣ Юсуф
18.Глобуси Ҳоҷӣ Юсуф

Ҳоҷӣ Юсуф ин глобусро соли 1895 сохтааст. Он бо рангҳои сурхи баланд, туши сиёҳ ва зардчатоб оро дода шудааст.

Дар он номҳои уқёнусҳо ва қитъаҳ бо хатҳои настаълиқи арабӣ ва хати куфӣ навишта шудаанд. Глобус бо хатҳои нишондиҳандаи арзу тӯл печонида шудааст. Хатҳои меридиан ва хатҳои мувозӣ бо туши сиёҳ, доираҳои тропикӣ ва қутбҳо бо ранги сурх кашида шудаанд. Дараҷаи он на аз нуқтаи меридиани Гринвич, балки аз тарафи ғарби қитъаи Африқо ибтидо мегирад, ки ин нуқтаро олимон то асрҳои охир низ нуқтаи нул (меридиани ибтидоӣ) меҳисобиданд. Дар глобус уқёнусҳои Ором, Атлантик, Ҳинд, баҳри Миёназамин, баҳри Сафед акс ёфтаанд.

Ҳоҷӣ Юсуф дар вақти навиштани номҳои географӣ  ба қадри имкон аз луғат ва истилоҳоти форсию тоҷикӣ истифода кардааст. Ҷазираҳои қитъаҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз сад бештаранд. Дар қисми ҷанубии қитъаи Африқо си ҷазира тасвир ёфтааст. Глобуси Ҳоҷӣ Юсуф нисбат ба глобусҳои дигар аз нуқтаи назари астрономӣ  ҳам мукаммал аст.

Масалан, доираи (паҳнои) хати истиво тахминан 10 см буда, бурҷҳои чор фасли Замин (мавқеи Замин нисбат ба ҳаракати худ ва Офтоб)-баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимис- тон кашида шудааст. Глобуси Ҳоҷӣ Юсуф дар Осорхонаи шаҳри бостонии Самарқанд нигоҳ дошта мешавад. Вай инчунин сафарҳои зиёд карда буд (расми 19).

19.Нақшаи саёҳатҳои Ҳоҷӣ Юсуф
19.Нақшаи саёҳатҳои Ҳоҷӣ Юсуф

Саволҳо

  1. Шакли Замин чӣ гуна аст?
  2. Аввалин маротиба курашаклии Заминро кӣ исбот кардааст?
  3. Глобус аз харита чӣ афзалият дорад?
  4. Глобус чиро тасвир менамояд?
  5. Барои чӣ дар глобус саҳву хато мушоҳида намешавад?

Глобус ва харита, Замин: шакл ва бузургии он, Глобуси Хочи Юсуф, шакли Замин, глобусро ки сохтааст?

ҚаблӣСураткашии маҳал
БаъдӣХаритаи географӣ