Заминаҳои ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри XIX

Таъсири дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ. Баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ кашида шудани Осиёи Миёна дар афкори ҷамъиятию сиёсии мардум, махсусан зиёиён, тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Зеро, пас аз забтшавӣ, чуноне қайд кардем: сарзамини Осиёи Миёна ба доираи муносибатҳои молию пулӣ ва бозори умумирусиягӣ кашида шуд; дар ин сарзамин корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои бонкӣ ба вуҷуд омаданд; хатҳои роҳи оҳанро гузарониданд; дар хоҷагии қишлоқи кишвар тағйиротҳо (баъзе намудҳои нави асбобҳои хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли маҳсулоти нав) намоён гардид ва ғайраҳо. Дар сарзамини кишвари Туркистон бошад, баробари ин дигаргуниҳо ва барҳам додани мустақилияти хонигарии Қӯқанд, инчунин ба баъзе урфу одатҳои асрҳо боз пойдорбудаи динию миллӣ ва маҳаллӣ зарбаи қатъӣ зада шуд. Акнун дар ин кишвар сарварони дини ислом аз мавқеъ ва ҳуқуқҳои номаҳдуди собиқа маҳрум гардиданд. Онҳо дар идоракунии мулкҳои кишвар, аз генерал- губернаторӣ сар карда то уездию волостӣ ягон нуфузе надоштанд ва амалдорони подшоҳӣ андешаи рӯҳониёнро умуман ба инобат намегирифтанд. Ҳол он ки то забтшавӣ на танҳо амалдорони маҳаллӣ, балки ҳатто худи хон бе розигии онҳо ба ягон хел кори ҷиддӣ ҷуръат намекард. Баъди забтшавӣ дар ҳудуди кишвар ҳатто  муқаддастарин моликияти ҷамъияти исломӣ- мулкҳои вақфӣ хеле маҳдуд карда шуд. Мансабҳои бонуфузи динӣ – қозикалон ва раис дар ҳудуди кишвари Туркистон дигар вуҷуд надошт. Ин тағйиротҳо зиёиёни маҳаллиро, ки ҳама аз ҷумлаи аҳли ислом буданд, зиёда ба андеша кашида буд.

Дигаргуниҳои ҳаёти фарҳангӣ. Тағйиротҳо дар ҳаёти фарҳангии кишвари Туркистон махсусан назаррас буданд. Аз ҷумла, соли 1868 дар шаҳри Тошкент аввалин матбаа ба вуҷуд омад ва соли 1870 китобхонаи оммавӣ кушода шуд. То ин вақт дар сарзамини Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд ва ғайра китобхонаҳо агарчанде асрҳо боз вуҷуд дошта бошанд ҳам, вале онҳо дар назди дарбори хону амирон ва мадрасаҳо буда, характери оммавиро надоштанд. 28 апрели соли 1870 шумораи аввалин нашрияи генерал- губернатории кишвари Туркистон – рӯзномаи “Туркестанские ведомости” чоп шуд, ки бо он таърихи матбуоти даврии Осиёи Миёна оғоз гардид. Аз худи ҳамон сол он рӯзнома бо забонҳои ӯзбекию қирғизӣ низ бо номи “Туркистон вилоятининг газети” баромад.

Бо мақсади аз ҳисоби талабагони маҳаллӣ тайёр намудани тарҷумонҳо 19 декабри соли 1884 дар шаҳри Тошкент нахустин мактаби русии маҳаллӣ кушода шуд. Минбаъд чунин мактабҳо дар Бухорои Кӯҳна, Самарқанд, Хуҷанд, Панҷакент, Ӯротеппа, Конибодом, Исфара, Хоруғ ва ғайра ташкил ёфтанд.

Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX барои аз нуқтаи назари илмӣ омӯхтани сарзамини Осиёи Миёна аввалин кӯшишҳои ҷиддӣ карда шуд. Аз ҷумла соли 1871 Ҷамъияти илмии Осиёимиёнагӣ бунёд гардид, ки мақсади он аз ҷамъ ва нашр кардани маводҳо оид ба таърих ва фарҳанги мардуми ин диёр буд. То ин давр аз расадхонаҳои собиқа, аз он ҷумла расадхонаи Улуғбек (дар Самарқанд), ки дар замони худ шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт, қариб осоре намонда буд. Инак, соли 1873 дар Тошкент аввалин расадхонаи замонавӣ сохта шуд. Соли 1897 бо ташаббуси олимони маъруфи рус В.Ф. Ошанин ва С.И. Жилинский Шӯъбаи туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии Рус ташкил ёфт. Ҷуғрофшиноси номии рус П.П. Семёнов – Тяншанский ба омӯзиши ҷуғрофияи кишвар асос гузошт. Дигар олими маъруфи рус, ҷуғроф А.П. Федченко аввалин шуда водии Фарғона ва Олойро омӯхт, нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Помирро муайян намуд.

Вазъи тиб ва ба амал омадани дигаргуниҳо дар ин соҳа. Маълум аст, ки сарзамини Осиёи Миёна, пеш аз ҳама Бухорои Шариф, дар  асрҳои  X-XI ба дунёи ҳастӣ чунин мутафаккирони бузург, аз ҷумла файласуф ва табиби машҳури ҷаҳонӣ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)-ро дод. Инчунин асрҳо боз соҳиби дармонгоҳҳо-бемористонҳои овозадор ҳам буд. Вале миқдори бемористону табибони ҳозиқ махсусан дар асрҳои охир нисбатан хеле кам буданд. Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолат ин аз таълимӣ мадрасаҳо бардоштан ва ё хеле маҳдуд намудани омӯзиши илми тиб ва барои аксари толибилмон дастнорас будани китобҳои тиббӣ ба ҳисоб меравад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ягона бемористоне, ки асрҳо боз вуҷуд дошт ва то сарнагун намудани тартиботи амирӣ (соли 1920) фаъолият мекард, бемористони “Дорушшифо” ба ҳисоб мерафт. Он бемористон рӯ ба рӯи Арки Бухоро воқеъ буд. Сарпарастии онро дар охири асри XIX эшони Тоҷиддин (хоҷаи Ҷӯйборӣ) ба ӯҳда дошт. Ӯ ҳар навъ шарбату равған ва доруҳои муолиҷаовар тайёр намуда, бо онҳо беморонро табобат менамуд. Ба ғайр аз бемористонҳо мардум барои табобат аз обу лойҳои шифобахш ва табибони халқӣ бо тарзи васеъ истифода мебурданд.

Баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ гузаштани Осиёи Миёна, махсусан дар ҳудуди кишвари Туркистон, ки қисми таркибии империяи Русия ба ҳисоб мерафт, дар соҳаи тиб низ дигаргуниҳои куллие ба амал омаданд. Дар ҳудуди кишвар бо ташаббуси ҳукумати подшоҳӣ, бо мақсади пешгирӣ ва табобат намудани ҳар гуна бемориҳо паи ҳам нуқтаҳои гуногуни табобатӣ, дорухонаҳо, дар шаҳрҳои Тошкент, Самарқанд, Бухорои Кӯҳна, Бухорои Нав, Қӯқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент, Хоруғ ва ғайра бемористону марказҳои фелдшерӣ бунёд гардиданд.

Мавқеи зиёиёни маҳаллӣ нисбати тағйиротҳои ба амал омада. Ҳама дигаргуниҳое, ки дар сарзамини Туркистон ва аморати Бухоро ба вуҷуд омаданд, албатта ба афкори ҷамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиёиёнаш бетаъсир намонд. Зиёиёни маҳаллӣ оиди сабаб ва оқибатҳои  ин дигаргуниҳо андеша мекарданд. Аксарияти онҳо носозгориҳои чӣ замони гузашта ва чӣ сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳиро мазаммат менамуданд.

Дар натиҷаи ин ҳама тағйиротҳо, аллакай дар нимаи дуюми асри XIX дар доираи зиёиёни Осиёи Миёна тақсимшавӣ ба гурӯҳҳо ба амал омада буд. Як гурӯҳи зиёиён (асосан дар кишвари Туркистон) ба воқеияти ба амал омада муваққатан ҳам бошад муросо намуда, интизори барқароршавии тартиботи аввала (чӣ мақоми динӣ ва чӣ мулкҳои вақфӣ) буданд. Қисми дуюми зиёиён ин ҳама дигургуниҳоро амри воқеӣ ва баргаштан ба тартиботи пештараро ғайри имкон ҳисобида, сарзамини Осиёи Миёнаро тарк намуда, ба хоки мамлакатҳои ҳамсоя: Афғонистон, Эрон, Туркия ва давлатҳои гуногуни араб кӯч карданд. Қисми сеюми зиёиён – воқеаҳои содиршудаи даврро аз ҳар ҷиҳат омӯхта, сабабҳои онро ба хубӣ фаҳмида, оиди оқибатҳои  он барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри наҷоти халқи худ, ватани худ ва урфу одати мардуми он мекӯшиданд. Онҳо ба хубӣ эҳсос намуданд, ки дар ҳақиқат  ҳам мардуми диёрашон хело қашшоқанд, мулкашон нисбат ба мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон хеле қафомонда аст. Тарафдорони ин гурӯҳ сабабҳои асосии ҳамагуна бадбахтиҳои мардум ва қафомондагии  кишварро пеш аз ҳама дар бемаърифатии чӣ мардуми оддӣ ва чӣ амалдорони гуногунмақом медиданд. Аз ин рӯ онҳо роҳи ягонаи наҷотро дар маърифатнок намудани мардум медиданд. Бинобар ҳамин ҳам зиёиёни ин гурӯҳро маорифпарварон меноманд. Чунин андешаҳо дар эҷодиёти маорифпарварони он давра таҷассуми худро ёфтааст, ки бузургтарини онҳо фарзанди барӯманди халқи тоҷик Аҳмади Дониш буд.


Калидвожаҳо: маорифпарвари, маорифпарвар, таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ