Замонҳои феъл. Замони ҳозираи феъл

Замонхои феъл. Замони хозираи феъл.


Феъли замони ҳозира амали давомдорро мефаҳмонад: Бахти ту акнун гул карда истодааст, аз хазон ёд макун. (Ҷ.Икромӣ) 2.Духтарҳои мо забони туркиро намедонанд, аммо ӯзбекиро мефаҳманд (Ҷ.Икромӣ)


Машқи 415. Нависед. Гӯед, ки феълҳои таъкидшуда кадом замонро ифода мекунанд.

1.Аз рӯйи хабарҳои пухтае, ки ҳаррӯза ба ман расида истодаанд, кори мо он қадар хуб нест. (С.Айнӣ) 2. Ман ба мобайни одамон даромада, ба ҳар ош қатиқ шуданро бад мебинам. (Ф.Муҳаммадиев) 3.Пахта дар ҷойҳои гарму сероб мерӯяд. 4.Боғи бахил сабз намешавад.


Машқи 416. Феълҳои замони ҳозираро аниқ намуда, бо онҳо ҷумла созед.

Кор мекунам, рафтам, хонда будам, хонда истода будам, меоям, пурсидам, рафта истодааст, зиндагӣ мекунам, хоҳам хонд, гул мекунад, саёҳат мекунам.

ҚаблӣЗамонҳои феъл. Замони гузаштаи феъл
БаъдӣЗамонҳои феъл. Замони ояндаи феъл.