Давраи Эҳё

Давраи Эҳё асрҳои XIV-XVI дар бар гирифта, дар ин давра инқилоби маънавӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва ҷаҳонбинии инсон ба тағйиротҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, тамоюлоти худро тағйир медиҳад. Дар ин давра донишҳои сиёсӣ аз зери таъсири теологизм озод мегарданд ва таҳқиқоти масъалаҳои сиёсӣ характери динию ахлоқии худро аз даст дода, характери ратсионалию танқидӣ касб менамояд. Дар ин марҳилаи рушду инкишофи афкори сиёсӣ дар маркази диққати мутафаккирон инсон қарор дода шуда, аввалин консепсияҳои шаҳрвандии сиёсат ба вуҷуд оварда мешаванд. Асоси таълимоти сиёсии ин марҳиларо масъалаҳои ташаккули давлати марказонидашуда ва ҳокимияти дунявӣ ташкил медод. Маҳз дар ҳамин марҳила давлат ҳамчун ташкилоте дониста мешуд, ки он бояд амнияти одамонро таъмин намуда, онҳоро ҳифз менамуд. Намояндагони машҳури давраи Эҳё Никколо Макиавелли ва Жан Боден мебошанд.

Мутафаккири италиявӣ Никколо Макиавелли (1469-1527) аввалин шуда мафҳуми «давлат»-ро бо вожаи «stato» ифода менамояд. Аз ҳамин давра сар карда мафҳуми мазкур ба забонҳои аврупоӣ ва забонҳои халқиятҳои дигар ворид мегардад. Ӯ дар китоби худ «Подшоҳ» консепсияи давлати дунявиро ташаккул додааст. Никколо Макиавелли аввалин нафаре мебошад, ки сиёсатро соҳаи мустақили фаъолияти амалӣ муаррифӣ намуда, онро аз ахлоқ (дин) ҷудо менамояд. Н.Макиавелли меъёрҳои асосии фаъолияти сиёсиро ташаккул дода, шаклҳои нави муборизаи сиёсиро асоснок менамояд. Бинобар ин, баъзан ӯро асосгузори технологияи сиёсӣ низ меноманд. Н.Макиавелли андешаеро ташаккул медиҳад, ки мувофиқи он мақсад воситаҳои муборизаи сиёсиро муайян мекунад. Ӯ дар мисоли Италия «хайрияти умум» ва «ташаккули давлати мутамаркази миллӣ»-ро мақсади сиёсии подшоҳ муаррифӣ намуда буд.

Н.Макиавелли дар таълимоти худ як қатор масъалаҳои муҳимми сиёсиро баррасӣ намудааст. Аз ҷумла роҳу воситаҳои ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият, аз вазъият вобаста будани хусусияти сиёсат, алоқамандии мақсад ва воситаҳо дар сиёсат, механизмҳои муносибати мутақобилаи миёни давлат ва ҷомеа, самаранокии идоракунии сиёсӣ, сарварии сиёсӣ ва ғ. Барои мисол, ӯ сарварони сиёсиро ба ду навъи асосӣ ҷудо намудааст: шерон ва рӯбоҳон. Ба ақидаи ӯ, шерон ҷасуру нотарсанд, аммо онҳо наметавонанд хатарро сари вақт эҳсос намоянд. Бинобар ин, дар сиёсат рӯбоҳон муваффақияти бештар пайдо менамоянд. Рӯбоҳон фиребгарони хеле моҳир, ҳиллагар ва дурӯя мебошанд. Рӯбоҳон зоҳиран дар назари мардум хеле ғамхор, ростқавл, некукор, тақводор ва софдил менамоянд, аммо ботинан, агар лозим шавад, хислатҳои баръаксро соҳиб мегарданд.

Роҷеъ ба ин масъала Н.Макиавелли дар асари худ «Подшоҳ» чунин менависад: «Инак, аз байни ҷонварон подшоҳ бигузор ба шер ва рӯбоҳ монанд карда шавад. Шер аз дом метарсад ва рӯбоҳ бошад аз гургон. Бинобар ин, подшоҳ барои он мисли рӯбоҳ бояд бошад, ки хатари дар дом афтиданро эҳсос намояд ва барои он бояд мисли шер бошад, ки гургонро тарсонад. Касе ки мисли шер аст, мумкин аст, ки фиреб хӯрда, ба дом афтад. Бинобар ин, подшоҳи оқил дар ҳолатҳое, ки манфиатҳояш зери хатар қарор мегиранд, наметавонад ва бояд натавонад, ки дар ваъдаи худ вафо намояд. Агар одамон дар ваъдаи худ доимо вафо менамуданд, чунин маслиҳат нораво ва нодуруст дониста мешуд. Аммо аз сабаби он ки худи одамон бадахлоқанд ва ба ваъдаи худ вафо намекунанд, ту низ бо онҳо ҳамчунин бояд рафтор намоӣ. Далелҳо ва баҳонаҳои ба ваъдаи худ вафо накардан доимо мавҷуданд. Барои мисол, чӣ қадар созишномаҳо ва шартномаҳои сулҳҷӯёна бинобар сабаби ваъдахилофии бархе роҳбарон дар амал татбиқ нагардиданд ва дар натиҷа фоида насиби он нафаре гардидааст, ки мисли рӯбоҳ рафтор доштааст»[1].

Истифодаи андешаҳои Н.Макиавелли дар сиёсати амалӣ бо номи макиавеллизм ифода мегардад. Макиавеллизм ҳамчун ҷараёни сиёсӣ яке аз навъҳои рафтори сиёсие мебошад, ки барои ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимияти сиёсӣ истифодаи ҳама гуна роҳу воситаҳоро зарур мешуморад. Барои мисол, Н.Макиавелли қайд менамояд, ки сарвари сиёсӣ барои дар амал татбиқ намудани ҳукмронии худ тамоми воситаҳоро метавонад истифода намояд. Ба хотири ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият Н.Макиавелли ба сарварони сиёсӣ тавсия медиҳад, ки куштор, суиқасд, заҳролуд карда нест намудани душман барин воситаҳоро ба таври васеъ истифода намоянд. Бинобар ин, макиавеллизм дар илмҳои сиёсӣ бо мафҳумҳои «маккории сиёсӣ» ва «аморализм» ҳаммаъно дониста мешавад. Вақте дар бораи макиавеллизми сиёсӣ сухан меронанд, ахлоқи пасти сарварони сиёсӣ дар назар дошта мешавад. Ғайр аз ин, дар замони муосир ҷараёни сиёсии реализм низ дар зери таъсири макиавеллизм ташаккул ёфтааст. Махсусан реализми сиёсие, ки дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ дида мешавад, ифодагари ин мазмун мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Намояндаи дигари давраи Эҳё Жан Боден (1530-1596) мебошад. Боден дар асари худ «Шаш китоб дар бораи ҷумҳурӣ» андешаҳои сиёсии худро иброз намудааст. Ӯ муаллифи консепсияи суверенитети давлатӣ мебошад. Ба андешаи Ж.Боден, суверенитет нишонаи муҳимми давлат аст. Суверенитет дар ҷомеаи сиёсӣ ифодаи ҳокимияти олӣ ва ҳокимияти мутлақ мебошад. Инчунин, суверенитет маънои онро дорад, ки давлат соҳиби ҳокимияти олӣ аст. Ҳокимияти олии давлат ҳокимияти доимие мебошад, ки он аз ҳокимияти муваққатӣ тафовути ҷиддӣ дорад. Яъне, ҳокимияти олӣ ҳокимияти мутлақе мебошад, ки таъсири он дар ҷомеа бемаҳдуд аст ва он аз як шахс ба шахси дигар ба таври мерос интиқол дода мешавад. Ба ақидаи Ж.Боден, ҳокимияти олӣ ҳокимияти ягона ва тақсимнопазир аст ва он наметавонад дар як вақт ҳам ба монарх, ҳам ба аристократҳо ва ҳам ба халқ тааллуқ дошта бошад. Дар чунин шакл тақсим намудани ҳокимият номумкин аст. Ин буд, ки Ж.Боден шакли омехтаи идоракуниро намеписандид ва андешаҳои Полибий, Ситсерон ва Макиавеллиро барои ҷонибдорӣ намудани шакли омехтаи идоракунӣ сахт танқид менамуд.

Ж.Боден низ ба монанди мутафаккирони дигар се навъи давлатро аз ҳам фарқ намудааст: демократия, аристократия ва монархия. Ж.Боден демократия ва аристократияро намеписандид ва ҷонибдори монархияи мутлақ буд. Ба андешаи ӯ, дар монархияи интихобӣ подшоҳон зуд-зуд иваз мешаванд ва дар чунин ҳолат давлат мисли киштие мебошад, ки баъзан бе сардор монда, дар зери таъсири мавҷҳои уқёнус ғарқ шудани он имконпазир аст. Ж.Боден демократияро барои он намеписандид, ки ба андешаи ӯ, халқ кори хуберо бо мушкилии зиёд анҷом медиҳад. Ба халқ бовар карда, ҳалли масъалаҳои сиёсиро ба онҳо супоридан, маънои аз шахси камдониш маслиҳат пурсиданро дорад. Ба андешаи Ж.Боден, таъмини устувории ҷомеа, сулҳи дохилӣ, адолат, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи ҷомеа аз душманони беруна вазифаҳои асосии давлат ба шумор мераванд.

[1] Ниг.: Макиавелли Н. Государь // Антология мировой политической мысли. – Т.1. – М., 1997. – С.256.

ҚаблӣАсрҳои миёна (сиёсатшиноси)
БаъдӣЗамони нав (сиёсатшиноси)