Рубоиёт аз Сайфиддини Бохарзӣ

Дар инҷо рубои – рубоиёти Сайфиддини Бохарзӣ оварда мешаванд >>

Ишқ, арчи балои рӯзгораст, хуш аст,
В-ин бода агарчи бо хумораст, хуш аст.
Варзидани ишқ агарчи корест бузург,
Чун бо ту нигоре сару кораст, хуш аст.

Пирем, вале чу ишқро соз ояд,
Аз мо ҳама бӯи тарабу ноз ояд.
Аз зулфи дарози ту каманде фиганем,
Дар гардани умри рафта, то боз ояд.

Ҳар нуқта, ки дар доираи қисмати ӯст,
Бар ҳошияи моидаи неъмати ӯст.
Дар синаи ҳар зарра агар бишкофанд,
Дарё-дарё, ҷаҳон-ҷаҳон роҳати ӯст.

Андар раҳи ишқ “чуну кай?” пайдо нест,
Мастон шудаем, ҳеҷ май пайдо нест.
Мардони раҳаш ба ҳиммати дида раванд,
З-он дар раҳи ишқ ҳеҷ пай пайдо нест.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чун субҳ валои (муҳаббат, садоқат) Ҳақ дамидан гирад,
Ҷон аз ҳама офоқ рамидан гирад.
Ҷое бирасад мард, ки дар ҳар нафасе
Бе заҳмати дида (чашм) дӯст дидан гирад.

Афсӯс, ки мурғи ишқро дона намонд,
Уммед ба ҳеҷ хешу бегона намон.
Дардову дареғо, ки дар ин муддати умр
Аз ҳарчи бигуфтем, ҷуз афсона намонд.

Нокас чу ба Айюқ (боло, номи ситораест дар Каҳкашон) расад, пасташ гир,
Озода агар фурӯ равад, дасташ гир.
Маст ар адабӣ намуд, ҳушёраш дон,
Ҳушёр, ки беадаб бувад, масташ гир!

Гар раҳбари ту табъи бадомӯз бувад,
Бадбахтам, агар бахти ту фирӯз бувад,
Ту хуфтаи лаҳву шаби умрат кӯтоҳ,
Тарсам, ки чу бедор шавӣ, рӯз бувад!

Сайфо, зи ҷафои даҳр бисёр манол,
Ҳаргиз макун аз замона изҳори малол.
К-ин давлати дигарону ин меҳнати ту
Чун нек нигаҳ кунӣ, хаёл аст, хаёл!

Ҳарчанд гаҳе зи ишқ бегона шавам,
Бо офият ошнову ҳамхона шавам.
Ногоҳ парирухе ба ман баргузарад,
Баргардам аз он ҳадису девона шавам.

Имрӯз, ки дастгоҳ дориву тавон,
Бехе, ки бар саодат орад, биншон.
Пеш аз ту азони дигарон буд ҷаҳон,
Баъд аз ту азони дигарон бошад, ҳон!

То кай бувад ин ҷавру ҷафо кардани ту?
Беҳуда дили халоиқ озурдани ту.
Теғ аст ба дасти аҳли дил хунолуд,
Гар дар ту расад, хуни ту дар гардани ту!

Дунё гузарон аст ба ҳар бешу каме,
Хоҳеш ба шодӣ гузарон, хоҳ ғаме.
З-ин манзилат албатта бурун хоҳӣ рафт,
Хоҳе ба ҳазор солу хоҳе ба даме.

Рубоиёти Умари Хайём (рубоиет Хайем)

ҚаблӣРубоиёти Хаким Санои
БаъдӣРубоиёти Хокони