Дуруд, дӯстон ва хонандагони сомонаи дӯстдоштаи шумо – www.DONISHJU.net!
Мо, мудирияти сомона аз 31-уми январ то имрӯз 20 саволнома бо мукофотпулӣ гузарондем, ки ҳар ғолиб соҳиби 10 сомонӣ мукофотпулӣ гардид. (Агар аз саволнома хабар надошта бошед, “инҷо”-ро хонед.)
Мо дар канали телеграмии худ эълон карда будем, ки баъди саволномаи 20 як муддат танаффус мекунем. Дар аввали саволнома гуфтем, ки бо шумо рӯрост хоҳем буд. Ба якчанд саволи шумо инҷо ҷавоб хоҳем дод.
Чаро мо дар нашри саволномаҳо танаффус мекунем?
Якум сабаб) Чунки иштирокчиён то он андоза, ки интизор будем фаъол нашуданд (зиёд нашуданд). Саволномаҳо наметавонистанд хароҷоти худро пушонанд.
Дуюм сабаб) Тамоми корҳои сомона, саволномаҳо, канали телеграм ва гурӯҳҳоро танҳо ЯК нафар пеш мебарад. Аз ҳамин сабаб вақт ба 3 маротиба дар як ҳафта саволнома гузаронидан намерасад.
Аз ҳамин сабаб як муддат танаффус мекунем. Вале, саволу ҷавоби омӯзишӣ (ройгон:)) дар канали телеграмии мо – t.me/donish_1, инстаграми мо – instagram.com/donish_1 ва гурӯҳи фейсбукии мо – fb.com/groups/donish1 давом хоҳанд ёфт. Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳӣ кунед.
Кай боз саволномаҳо бо мукофотпулӣ давом меёбанд?
Ҳоло маълум нест. Тақрибан ду ҳафта, ё шояд зиёдтар. Санаи дақиқро мо дар шабакаҳои иҷтимоии худ, махсусан телеграм меорем.
Саволномаҳои оянда ба ҳамин шакли ҳозира давом меёбанд?
Не. Мехоҳем саволҳоро камтар кунем, каме тағйирот дар саволҳо ворид кунем. Аз ҳама фанҳое, ки мардум таваҷҷӯҳ доранд савол гузорем. Дар як ҳафта танҳо як маротиба (сабабаш чунки иштирокчиён каманд). Дар канали телеграмии худ “Опрос” мегузорему интихоби иштирокчиёнро ба назар мегирем.
Ман пешниҳод дорам, чӣ тавр ба шумо нависам?
Пешниҳоди худро метавонед дар телеграм равон кунед. Ё бо тамоси поён пешниҳод кунед. Дар шарҳи ҳамин саҳифа низ метавонед фикри худро оиди саволномаҳо нависед.
Бо сомонаи www.DONISHJU.net бошед. Тамоми кӯшишҳои “ман” барои шумост, азизон!
Сомонаи www.DONISHJU.net ҳам барои хонандагон, ҳам барои донишҷӯён, ҳам барои устодон, ҳам барои шахсоне, ки калимае меомӯзанду донише меҷӯянд!
Ман С.. Гулчехра канали шуморо дастгири мекунам ба ман Барномаи шумо макул шуд. МАН номи шуморо Донистан мехостам.
Ман мехоҳам бидонам ин рост аст????
Салом, бале ин рост буд. Вале алакай ба анҷом расид. Ба наздикиҳо давом нахоҳад кард.
Барномаи шумо ба мае макул шуд
Салом ман мехостам дар саволхоятон як чизро илова кунед .Савол аз эодиёти худатон як шеър гуед?Шояд бо инрох шоирони навро кашф кунед.
Воалейкум салом, дӯсти азиз. Сипоси бепоён барои пешниҳод. Мутаассифона бахши мазкур (саволнома бо мукофотпулӣ) дигар фаъолият намекунад. Вале пешниҳоди шуморо ҳатман ба назар мегирем ва ё дар ҳамин сомона ё дар сомонаи http://www.savoltj.com бахши махсусе, барои шоирону нависандагони навқалам ҷудо мекунем, то эҷодиёти худро нависанд.