АҲАМИЯТИ ТУРИЗМ БАРОИ ИНСОН ВА ҶОМЕА

93

Нақши туризм дар таҷрибаи ҷаҳонӣ пайваста меафзояд. Алҳол туризм яке аз соҳаҳои бузурги сердаромад ва зина ба зина рушдёбанда ба ҳисоб рафта, аз рӯи нишондиҳандаҳои даромаднокӣ баъд аз истихроҷ ва коркарди нефт мақоми дуюмро касб кардааст. Мувофиқи маълумотҳои ТУТ СММ туризм 10%-и гардиши истеҳсолию хадамотии бозори ҷаҳониро таъмин менамояд. Ба соҳаи туризм 6%-и МММ-и ҷаҳонӣ, 7%-и сармояи ҷаҳонӣ ва 1/16 ҷои корӣ, 11%-и хароҷотҳои истеъмолии ҷаҳонӣ ва 5 %-и маблағҳои аз андоз воридшуда, рост меояд.

Боиси тазаккур аст, ки туризм чунин омилҳои берунаро дарк намуда, он худ аз худ таъсири назаррас ба вазъияти иқтисодӣ, сиёсӣ, экологӣ, иҷтимоӣ-фарҳангии ҳамон кишварҳо мерасонад.

Ин таъсиррасонӣ ҳам хусусияти мусбӣ ва ҳам манфӣ дорад. Олими рус Ю.Ф.Волков моҳияти сиёсӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, биологӣ ва иқтисодии туризмро ҷудо намудааст[1].

Аҳамияти сиёсии туризм махсусан байналмилалӣ боиси ба ҳам наздикшавӣ, табодули назар байни сокинони кишварҳо ва минтақаҳои мухталиф мегардад. Туризм метавонад ба барқароршавии робита миёни миллатҳо мусоидат намуда, ба ҳамкории осоишта замина мегузорад ва сабаби истиқрори сулҳ мегардад. Ҳангоме, ки туристи хориҷӣ дар кишвари ташрифовардааш оид ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра иттилоъ мегирад, ба хулосае меояд, ки бархе аз маълумотҳое, ки тавассути садою симо дар ватанаш нисбат ин давлат гуфта мешуд, ба ҳақиқат мувофиқ нест. Ин ҳол боиси тағйири ақидаи туристи ташрифоварда мегардад.

Аҳамияти тарбиявии туризм дар ғанигардонии фарҳанги шахсӣ ҳангоми ошноӣ бо шаҳри нав, одамон, таъриху анъанаҳои онҳо, дастовардҳо дар ҷодаи санъат, архитектура, ҳаёти саҳнавӣ, адабиёт, мусиқӣ, инчунин дар мукаммалгардонии забондонӣ, инъикос меёбад.

Аҳамияти ҷамъиятии туризм бошад дар рушди ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, шарикӣ, хайрхоҳии мутақобилаи ширкаткунандагони сафари туристӣ, соҳибихтиёрӣ, поквиҷдонӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва низом, муносибати дуруст нисбати табиат ва аҳолии маҳал, инъикос мегардад.

Аҳамияти биологии туризм дар он зоҳир мегардад, ки инсон ҳангоми барқарор намудани нерӯи ҷисмонӣ ва истироҳати маънавӣ ба маҳалҳо шароитҳои иқлимии муносибдошта, ташриф меорад. Натиҷаи ин беҳгардии саломатӣ, баландбардории қобилияти корӣ ва майли кор мебошад ва ин дар навбати худ ба ҳосилнокии меҳнат мусоидат менамояд.

Барои ҳар кишвар аҳамияти иқтисодии туризм муҳим буда, он на фақат нақши пешниҳоди хадамот, балки истеъмолкунандаи ҷузъҳои ҷудогонаи хадамот ба шумор меравад. Чунин маънидод намудани масоили туризм якчанд мафҳумҳоро ба монанди: «бозори туристӣ», «арзаю тақозои туристӣ» ва «хадамоти туристӣ»-ро ба вуҷуд меорад. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки туризм ғайримустақиман ба соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ таъсир намуда, он дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад.

Аксар муҳақиқон бар он ақидаанд, ки туризм фарогири 4 самти таъсиррасонӣ мебошад, яъне: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва гуманитарӣ.

Мушаххасан такя ба тадқиқоти мутахассисони машҳури соҳаи назария ва амалияи туризм намуда, онҳоро дида мебароем.

Тавре, ки муҳақиқи англис Holloway J. Christopber3[2] қайд менамояд, самти асосии таъсири туризм- иқтисодиёт маҳсуб меёбад, зеро туризм ба сифати суръатбахши рушди иқтисодии кишвар ва минтақаҳо баромад намуда, ҳамзамон худ низ соҳаи зудинкишофёбанда ва ояндадор маҳсуб меёбад.

Аҳамияти иқтисодии туризм пеш аз ҳама дар талаботҳо ва тақозои туристӣ зоҳир мегардад. Талаботҳои асосии туристӣ аслан ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд: асосӣ, махсус ва иловагӣ.

Ба талаботҳои асосии туристон сафари туристӣ, ҷойгиркунонӣ меҳмонхонаҳо, хизматрасонии нақлиётӣ ва ғизо дохил мешавад. Талаботҳои махсус бошад дар ниёз ба табобат, гирифтани таассурот, муошират, фароғат ва ғайра зоҳир мегардад. Талаботҳои дигари туристии иловагӣ аз ҷониби муассисаҳои хизматрасонӣ, савдо ва фарҳангию фароғатӣ таъмин мегардад.

Барои рушди устувори туризм фаъолияти хоҷагии кишвар ё минтақа танзим мегардад, яъне даромади муассисаҳои соҳаи туристӣ меафзояд, рушди бахши хадамот танзим мегардад, талабот ба молу хадамоти туристӣ минтақаи муайян меафзояд ва гардиши мол рӯ ба афзоиш мениҳад. Туризм ба инкишофи инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат намуда, боиси пайдоиши ҷойҳои корӣ гардида, ба танзими соҳаи хадамотӣ таъсир мерасонад. Қобили зикр аст, ки туризм ба тариқи мустақим ва ғайримустақим ба иқтисодиёти давлат ё минтақа таъсир мерасонад.

Таъсири мустақим дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳисоби хароҷоти туристон барои хариди молу хадамот даромаднокии мамлакат ё минтақа афзун гашта, ғанигардии буҷа аз ҳисоби андоз, боҷу хироҷ ва дигар навъҳои пардохти муассисаҳои туристӣ таъмин мегардад.

Маълум аст, ки даромад аз туризми воридотӣ дар аксари мамлакатҳои мутараққӣ ду  баробар зиёд аз савдои байналмилалии металлҳои сиёҳу ранга мебошад. Даромад аз ҳисоби туризм дар натиҷаи хароҷотҳои туристон ташаккул ёфта, он аз маҷмӯи умумии хароҷотҳои истеъмолӣ, ки дар натиҷаи пешниҳод аз ҷониби ширкатҳои туристӣ ба амал меояд, вобаста аст.

Он пардохтҳои маҷмӯи сафарҳо, пакети хизматгузорӣ ба истироҳату сайр, ҷойгиркунонӣ, ғизо ва нӯшоба, нақлиёт, шаклҳои фаъолияти рекреатсионӣ, фарҳангию варзишӣ, молҳои истеъмолиро дар бар мегирад. Инчунин яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи саёҳат хизматрасонии тиббӣ маҳсуб меёбад.

Маблағе, ки туристон дар ҷои ташрифотии худ харҷ менамоянд, ба баландшавии даромади иқтисодии на танҳо минтақа, инчунин тамоми мамлакат, шароити рушдро фароҳам меорад.

Ҳар як сомоние, ки ба муассисаи туристӣ ба шакли даромад ворид мегардад, гардиш хӯрда, дучанд ба суратҳисобҳо бармегардад. Ин раванд ба иқтисодиёти давлат (минтақа) тариқи ғайримустақим таъсир мерасонад.

Саҳми ғайримустақими туризм дар иқтисодиёти мамлакат дар самараи такроран хариди молу хадамот дар давраи муайян ва ҷои муайян, зоҳир мегардад. Чунин падидаро самараи мултипликатсионӣ ё мултипликатор  меноманд.

Падидаи мултипликатсионии туризм дар гузариши рекреатсияи пай дар пайии «Хароҷотҳо-даромадҳо» зоҳир гардида, даромади аз як нафар турист ба даст овардашуда, аз хароҷоти ба харид сарфнамуда бештар аст. Ин ифодагари он аст, ки қисми муайяни аз даромад ба даст овардашудаи аз ҳисоби фурӯши молу хадамоти туристӣ барои супоридани андоз равона мегардад. Ҳангоме, ки муассисаҳои туристӣ молҳои маҳаллиро харидорӣ менамояд, маблағи туристон дар иқтисодиёти минтақа пурра фаъол мегардад. Аз ин даромадҳо музди кормандон пардохт гардида, дар навбати худ онҳо ин маблағро барои хариди молу хадамот сарф менамоянд.

Омезиши таъсири мустақиму ғайримустақим туризм боиси рушди иқтисодии минтақа ва ё давлат мегардад.

Тавозуни пардохт метавонад мусбӣ ва ё манфӣ бошад. Бақияи мусбии тавозуни пардохт дар туризм рушди даромади мамлакат (минтақа)-ро аз туризм таъмин менамояд. Дар ҳолати тавозуни манфӣ хориҷгардии сармоя аз мамлакат ба амал меояд.Тавозуни мусбӣ ба он кишварҳое хос мебошанд, ки онҳо дар бозори байналмилалии туристӣ бо иқтидори табиии туристӣ ва таърихию фарҳангӣ шӯҳратёр гардидаанд ва инчунин дорои ифрасохтори рушдёфтаи туристӣ мебошанд. Ба ин кишварҳо, Испания, Италия, ИМА, Туркия, Миср, Фаронса, Тунис, Юнон,

Тайланд ва ҳамаи кишварҳои ҳавзаи баҳри Кариб ва ғайраҳо шомиланд.

  Тавозуни манфӣ бошад, ба кишварҳое рост моеяд, ки дорои сатҳи баланди рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошанд. Ба ин кишварҳо Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Шветсия, Канада, Норвегия, Ҳоланд, Белгия ва ғайраҳо шомиланд.

Туризм дар рушди минтақавӣ аҳамияти хосаеро касб намудааст. Ташкили муассисаҳои туристӣ дар минтақаҳои мухталиф боиси суръатбахшии рушди иқтисодӣ мегардад. Чунончӣ он ба ташкили ҷойҳои кори иловагӣ таваҷҷуҳ ба ҷалб ва ҳифзи табиати маҳал ва мероси фарҳангию таърихӣ, ғайр аз он туризм метавонад пасомадҳои манфиро низ дар минтақа ба вуҷуд орад. (аз ҷумла, он боиси вайроншавии экосистема, нобудгардии ёдгориҳои табиӣ, олами ҳайвонҳои нодир ва ғайра мегардад).

Туризм фаъол ва ғайри фаъол мешавад. Фаъол пазироии туристон ва ғайрифаъол бошад, гусели онҳоро дар бар мегирад.

Дар ҳоле, ки туризми фаъол аз ғайри фаъол афзалият дорад, арзиши тавозуни туристӣ мусбӣ буда, дар сурати баръакс манфӣ мебошад. аз нуқтаи назари иқтисодӣ туризмро ҳамчун маҷмуаи иқтисодӣ дидан мумкин аст ва рушди он аксаран ба муносибатҳои хоҷагидории ҷаҳонӣ вобаста аст. Он ҳамчун суръатбахши рушди иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Дар ин маврид туризм ба сифати фишанги танзимкунандаи ММД-и байни кишварҳо баромад менамояд.

Дар ҷаҳони муосир туризм шакли индустриалиро доро мебошад, яъне:

 – ба шакли хизматрасонӣ ва он захира намуда интиқол низ намегардад; – хусусияти баланди самаранокӣ ва ҷубронкунонии сармояро дорад;

– он пешоҳанги азхуднамоии хоҷагидории ноҳияҳои нав мебошад;

 – ба сифати воситаи самараноки ҳифзи табиат ва мероси фарҳангӣ хизмат менамояд;

– бо ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ ва шаклҳои фаъолияти инсон тавъам мебошад.

Соҳаҳои муҳимтарини таъсиркунандаи туризм ба иқтисодиёт ва ҷомеа инҳоянд:

Бахши соҳибкорӣ. Ташкили муассисаи туристӣ манфиатовар аст, зеро он ба мизоҷон маҳсулотҳо ва хадамотро пешниҳод менамояд; ба кормандону хизматчиён пардохти музди меҳнат ва дигар шаклҳои пардохтро таъмин менамояд ва ба саҳомону дорандагони он даромад. давлат ё минтақа андоз ва пардохт меорад.

Бахши истеъмолӣ ва даромаднокӣ. Туризм ба талаботи иловагии молу хизматрасонӣ таъсир мерасонад. Хусусияташ дар он аст, ки шакли нави талаботи истеъмолиро ба вуҷуд меорад. Дар навбати худ ба истеҳсоли маҳсулотҳои гуногун ва хизматрасонӣ мусоидат менамояд. Афзуншавии фурӯши  маҳсулотҳои ба туристон пешниҳодгардида, даромаднокии шаҳрҳо, вилоятҳо, ноҳияҳо ва минтақаҳоро баланд бардошта, саноати маҳаллиро ташаккул медиҳад.

Бахши асъорӣ. Туризм ба воридшавии зиёди асъори хориҷӣ мусоидат менамояд. Асъори хориҷӣ ба сифати пардохти пакети туристӣ (сайр), хизматрасонии иловагӣ, мубодилаи пул дар марказҳои туристӣ барои хароҷотҳои рӯзмарраи туристон ва ғайраҳо ворид мешаванд.

Инфрасохтори истеҳсолӣ. Пайдоиши марказҳои нави туристӣ сабаби бавуҷудоии муассисаҳои хизматрасонӣ, савдо, фароғат, сохтмони роҳ ва ғайра, ки ба муҳити инфрасохтор таъсири мусбӣ доранд, мегардад. Ғайр аз ин ба инкишофи бозори истеъмолӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Дар асоси як қатор натиҷагириҳо, таъсири иқтисодии туризмро метавон ба чунин шакл ифода намуд:

– муассисаи туристӣ фоидаовар аст;

– туризм шаклҳои нави талаботи истеъмолиро муҳаё менамояд;

– туризм ба рушди соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолкунандаи воситаҳои истеъмолӣ таъсир мерасонад;

– туризм ба рушди бизнеси фароғатию маърифатӣ кӯмак менамояд;

– туризм даромади ширкатҳои нақлиётӣ ва хадамоти алоқавиро афзун намуда, даромад аз истеҳсоли ҷиҳозҳои туристиро ташаккул медиҳад;

– туризм боиси афзуншавии талабот ба маҳсулотҳои армуғонӣ, маҳсулоти маҳаллӣ-ҳунармандӣ мегардад;

– турист ба эътидолии вуруди асъор мусоидат менамояд;

– афзуншавии даромади ширкатҳои туристӣ боиси бештар ворид гаштани маблағ ба буҷаи маҳаллию давлатӣ ба воситаи андоз мегардад.

Чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, туризм ҳамчун соҳаи афзалиятноки таркиби хоҷагии халқи ҷаҳон ба шумор рафта, яке аз омилҳои асосии паст намудани шиддати бекорӣ дар ҷаҳони муосир гардидааст. Мувофиқи пешгӯиҳо теъдоди нафароне, ки ба соҳаи туризм фарогиршаванда дар бархе аз мамлакатҳо, махсусан мамлакатҳои Аврупо метавонад то 200% афзун гардад[3].

Давлатҳо Ояндабинии шумораи ташкили ҷойҳои корӣ (бо ҳазор нафар барои соли 2015)
1. Туркия 951
2. Олмон 500
3. Британияи Кабир 320
4. Испания 300
5. Италия 254
6. Фаронса 190
7. Россия 140-148
8. Ҳоланд 90
9. Юнон 60
10. Португалия 50
11. Белгия 49
12. Финландия 46

Ҷадвали 1. Дурнамоии ташкили шумораи ҷойҳои корӣ дар кишварҳои Аврупоӣ.

Гузашта аз ин бо ташаккули туризм талабот ба мутахассисони соҳибкасб, ки метавонанд ба афзуншавии самаранокии иқтисодии фаъолияти туристӣ мусоидат намоянд, афзун мегардад

Тарҳрезии барномаҳои махсуси омоданамоии мутахассисони соҳибкасб дар соҳаи туризм боиси афзуншавии нуфузи иқтисодии туризм миёни дигар соҳаҳо гардида, муайянкунандаи асосӣ дар ташаккули иқтисодӣ маҳз мутахассисони соҳибкасб мебошанд.

 

 

Аҳамияти иҷтимоии туризм дар ҳаёти ҷомеа ба барқарорнамоии захираҳои рӯхию ҷисмонии ҷомеа ва қобилияти кори инсон; истифодаи оқилонаи вақти фориғ аз кор, ташкили ҷойҳои корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, таъсиррасонӣ ба фарҳанги сокинони маҳаллӣ, таъминоти даромаднокии кормандоне, ки дар муассисаҳо машғуланд, амнияти экологии туризм ва тамоюли он барои нигоҳдорӣ ва барқарорнамоии муҳити зист, оварда мерасонад.

Дар эъломияи Манила (Филипин) оид ба туризми байналмилалӣ қайд гардидааст, ки моҳияти иҷтимоии туризми ба таъмини бархе аз талаботҳои инсон- барқарорнамоӣ, нерӯи ҷисмонию равонӣ ва эҳсосӣ, равона гардидааст. Ба ғайр аз барқарорнамоии нерӯи равонӣ ва ҷисмонӣ туризм дорои хусусиятҳои фароғатӣ, тағйирёбии шакли фаъолият дар муҳити зист, шинохти фаъоли ҳодисаҳои табиат, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ғайра мебошад. Рушди индустрияи туризм ба ҳалли масоили бекорӣ, ки онҳо ҳамчун масоили иқтисодӣ ва бекорӣ ва ҳам иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд, таъсир мерасонад.

Туризм яке аз соҳаҳои меҳнатталаби иқтисодиёт ба шумор меравад ва аз ин рӯ рушди он сабаби паст намудани шиддати бекорӣ мегардад. Шумораи ҷойҳои корӣ дар индустрияи туризм зиёда аз 200 млн нафарро ташкил медиҳад, ки ин баробар аст ба 8,2 % аз ҳаҷми умумии аҳолии қобили меҳнати ҷаҳон ба шумор меравад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки индустрияи туризм боиси ҷалби қувваи корӣ аз дигар  минтақаҳо гашта, сабаби афзуншавии аҳолии маҳалҳои туристӣ мегардад.

Туризм тариқи мустақим ва ғайримустақим ба беҳбудии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Кормандони соҳаи туризм нисбати як қатор соҳаҳои дигар музди нисбатан хуб мегиранд, ки ин албатта боиси афзуншавии талабот ба ҷойҳои кории  соҳаи туризм оварда мерасонад.

Туризм ба сохтори хонаводагӣ таъсир мерасонад. Масалан: дар баробари мустақилияти молиявии кормандон муносибати байни волидайн ва кӯдакон тағйир меёбад, ғайр аз ин мақоми зан дар оила дигаргун мешавад.

Инак таъсири иҷтимоии туризм бо чунин тарз амалӣ мегардад:

– барқарорнамоии нерӯи корманд, ки дар истеҳсолоти моддӣ ва маишӣ сарф гардидааст;

– истифодаи оқилонаи вақти фориғ аз кор рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ба афзунгардии вақти холигии меҳнаткашон оварда мерасонад;

– туризм соҳаест, ки баъзе равандҳои фаъолияти он ба автоматизатсия ва механизатсия ниёз надорад ва ин албатта нишондиҳандаи он аст, ки туризм соҳаи меҳнатталаб аст;

– рушди сатҳи зиндагии заҳматкашон-туризм метавонад захираи зиёди меҳнатиро ҷалб намояд ва аз ин хотир он даромадовар буда, хароҷотҳоро зуд ҷуброн менамояд;

– хисороти экологӣ- аслан дар фаъолияти туристӣ  чандон зиёновар нест, муҳимияти масъала дар он аст, ки фаъолияти туристӣ ва андозбандӣ тарзе ба роҳ монда шавад, ки он баҳри ҳифзи муҳити атроф равона гардад.

Таъсиррасонии туризм ба муҳити экологӣ

Туризми  муосир ба шароити экологӣ таъсири дуҷониба мерасонадАз ҷониби аввал ба муҳити атроф зарар расонида, дар натиҷа фазои зисти  табиии инсон, олами набототу ҳайвонот таъсир расонида тағйирёбӣ ба амал меояд. Дар доираи омилҳои зиёновари туризм дар ҷои аввал сокинони маҳаллӣ меистанд, ки онҳо ҳавои муҳитро олуда аз дуди гализи воситаи нақлиёт ва усулҳои нодуруст истифодабарии замин боқӣ мегузоранд. Туристон низ лаззати фароғати хешро аз ҳифзи муҳити табиӣ болотар мегузоранд.

Аз ҷониби дигар низ фаъолияткунандагони туризм барои ҳифзи муҳити табиӣ ва амалиётҳои тозаи рекреатсионӣ манфиатдор мебошанд, зеро ин омили асосии фаъолияти туристӣ мебошад. Муҳити солими экологӣ, ташкили боғҳои миллӣ, барқарорнамоии ёдгориҳои табиию таърихӣ ба истироҳати ба фаъолгардонӣ ва болоравии нуфузи муассисаи туристӣ мусоидат менамояд.

Новобаста ба ин аслан фаъолияти илман беасоси туристӣ, мувозинати унсурҳои табииро вайрон менамояд ва  он масъалаҳоеро ба миён меорад, ки объектҳои туристии табиию таърихӣ ва барқарорнамоии онҳоро талаб менамояд. Маблағҳое, ки аз ширкатҳои туристӣ дар шакли андоз ситонида мешавад, бояд мақсаднок тарҳрезӣ ва истифода шавад. Мақсаднок истифодабарии маблағҳои воридшуда бояд барои нигоҳдории сарватҳои табиии туристӣ ва рекреатсионии минтақаи мазкур, ёдгориҳои табиию таърихӣ, боғҳои миллӣ сарф карда шавад. Ғайр аз ин ширкатҳои туристии пешрафта қисми муайяни даромади хешро ба тариқи хайрия барои беҳдоштӣ ва азнавсозии минтақаҳои туристию рекреатсионӣ ҷудо менамоянд ва дар ин асно аз як қатор андоз озод карда мешаванд.

Ба пасомадҳои манфии туризм ба ҳаёти аҳолии маҳаллӣ афзуншавии ҳиссаи меҳнати ғайритахассусӣ, афзоиши шумораи рафтори ғайриахлоқӣ дар ҷомеа (майзадагӣ, авбошӣ, фоҳишагӣ), барҳамхӯрии оилаҳо (талоқ), муносибати сабукфикрона ба ҳаёт, фарҳангфурӯшӣ, аз дастдиҳии рушди иқтисодӣ дар маҳалли муайян, моҷаро байни аҳолии маҳаллӣ ва туристон, мегардад. Таъсири паҳлуҳои мусбӣ ва ҳам манфии туризм ба аҳолии маҳал дар сатҳҳои гуногун, яъне маҳаллӣ, минтақавӣ, миллӣ ва байналмилалӣ инъикос мегардад.

Муҳим он аст, ки дар раванди фаъолияти туристӣ ва рекреатсионӣ қонеъгардонии талаботи туристон набояд ба манфиатҳои аҳолии минтақа ва кишвари мизбон таъсир расонад, зеро он сабаби аз дастдиҳии арзишҳои фарҳангию таърихӣ, муҳити атроф ва захираҳои табиӣ туристӣ мегардад. Паст намудани таъсири зарари индустрияи туризм ба муҳити экологӣ дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ танзим мегардад. Ин танзимнамоӣ дар натиҷаи:

ташаккули шуур ва маърифати экологӣ;

– маҳдуднамоии бори гарони фаъолияти туристию рекреатсионӣ ба сарватҳои табиӣ;

– танзими ҳуқуқӣ;

– танзими иқтисодӣ;

– танзими андозбандӣ амалӣ мегардад.

Даҳсолаҳои охир дар ҷаҳон қонунияти махсус оид ба ҳуқуқи экологии туризм ба амал омадааст, ки шартҳои асосии он инҳоянд:

истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳои табиӣ;

– танзими истеъмоли захираҳои туристӣ дар асоси мониторинги таъсиррасони туризм ба ҳудуд;

– ҳамкории байналмилалӣ ва танзими фаъолият оид ба ҳифзи муҳити атрофу истифодаи оқилонаи  захираҳои табиӣ;

– пардохти маблағ барои истифодабарии табиат;

– додани афзалият ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, фароҳам овардани шароитҳои муносиби экологӣ барои ҳаёт, меҳнат ва истироҳати аҳолӣ;

– асосноккунонии илмии манфиатҳои экологӣ-иқтисодие, ки барои рушди устувори ҷомеа равона гардидааст;

– риояи талаботҳои қонунгузории экологӣ ва ғайра.

Шартҳои мазкур дар қонунгузории экологии байналмилалӣ истифода мешаванд ва онҳо бо маҳдудияти таъсири туризм ба муҳити атроф алоқаманд мебошанд.

Бобати шартҳои дар боло зикргардида, тариқи қабули қонуну қарорҳои махсуси ҳукуматӣ бояд назорат карда шавад.

Эъломияи ТУТ оид ба рушди устувори туризм, ки дар конфронси вазирони соҳаи туризми кишварҳои Осиёю ҳавзаи уқёнуси Ором дар шаҳри Мале (Малдивҳо) 16.02.1997 баргузор гардид, қабул шудааст.

Мутобиқӣ он таъсири манфии туризм ба муҳити атроф бар дӯши кишварҳо ё сектори хусусӣ вогузор гардида, барои мувафақ шудан ба рушди баланди туризм, чунин тавсия намудааст:

– таблиғи ахлоқи экологӣ дар бахши туризм миёни ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва истеъмолкунандагон;

-истифодаи оқилонаю сарфакоронаи захираҳои туристӣ ва такрористеҳсолшавии босуботи он;

– тарҳрезии маҷмаавии туризм бо мақсади таъмини рушди босуботи он ва ғайра.

Зарурияти масъалаи ҳифзи муҳити зист ва талаботҳои экологиро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили ҳудудии боғҳои миллӣ, мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо қонуну қарорҳо қабул кардааст. Аз ин хотир бо масоҳати зиёда аз 2,5 млн га, ки 18%-и ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро Боғи миллӣ ташкил намудааст, он дар қисми шарқӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди Боғи миллӣ фаъолияти туристӣ мумкин аст, аммо таъсири манфӣ ба муҳити экологӣ мамнуъ гардидааст.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки туризм ҳам боиси солимгардии муҳити экологӣ ва ҳам расонидани таъсири манфӣ ба он мегардад. Аҳамияти гуманитарӣ (башарии) туризм дар истифодаи имконоти рушди ҳаматарафаи шахсият зоҳир мегардад.

Туризм ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, тафаккури онро баланд мебардорад ва имкон медиҳад, ки истироҳату дарки оламро ҳамоҳанг созад. Туризм ба омӯзиши ҳаёт ва таъриху фарҳанг, расму оини мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, таъсир мерасонад. Барои туристи дохилию хориҷӣ дидани ҷаззобиятҳо аҳамияти бузург дорад. Дидаҳо ва шунидаҳо дар амали сайру гашт одатан дар хотираи инсон  абадӣ нақш мебандад. Шиносоӣ бо фарҳанг, расму оинҳои халқиятҳои кишварҳои мухталиф маънавиёти инсонро бою ғанӣ мегардонад.

Агар хизматрасонии касбии саёҳӣ ба кӯдакон аз синни хурдсолӣ оғоз гардад, пас ин ҳолат боиси ташаккули ҷаҳонбинии онҳо ва муносибати оқилона ба ҷомеаи инсонӣ ва табиат мегардад.

Инак рушди гуманитарии ҷамъият тавассути туризм дар чунин лаҳзаҳо инъикос мегардад:

*Ҳамоҳангии истироҳат ва маърифат. Мақсади асосии туризм ғанигардии маънавии шахсият бо кӯмаки фаъолгардонии унсурҳои маърифатӣ дар ҳамаи ҷуъзиётҳои сайр;

* Самти осоиштаи сулҳомез. Туризм ба пойдории сулҳ миёни халқҳо манфиатдор буда,  яке аз шартҳои муҳими фаъолияти туристӣ мебошад ва беҳбудии муносибатҳо байни кишварҳо боиси мубодилаи туризми байналхалқӣ мегардад;

*Мазмуни интелектуалии (тафаккурии) туризм ва саёҳат. Гуногунрангии мавзӯи сайр (таърихӣ, меъморӣ, адабӣ, варзишӣ ва ғайра) васеъшавии сатҳи дониш оид ба  табиат имконият фароҳам меорад;

* Тарбияи насли наврас. Ҷалби кӯдакон ва мактаббачагон ба туризм метавонад ба васеъшавӣ ва ҷаҳонбинии онҳо таъсир расонида, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф медиҳад.


[1] Волков Ю.Ф. Асосҳои бизнеси меҳмонхонавӣ ва туристӣ. Ростов лаби Дон. 2003 (бо забони русӣ).

[2] Holloway J. Christopher. The business of Tourism.-London:  1994.

 [3] В.Г.Гуляев Туризм: иқтисодиёт ва рушди иҷтимоӣ. М-2008