Рӯзе ба раҳе маро гузар буд
Хобида ба раҳ ҷаноби хар буд
Аз хар ту нагӯ, ки чун гуҳар буд
Чун соҳиби донишу ҳунар буд.
Гуфтам, ки ҷаноб дар чӣ ҳолӣ?
Фармуд, ки вазъ бошад олӣ.
Гуфтам, ки биё харӣ раҳо кун,
Одам шаву баъд аз ин сафо кун.
Гуфто, ки бирав, маро раҳо кун,
Захми тани хешро даво кун.
На зулм ба дигаре намудам
На аҳли риёву макр будам,
Розӣ чу ба ризқи хеш будам,
Аз суфраи кас нон нарабудам
Дидӣ ту харе кушад хареро?
Ё он ки бурад зи тан сареро?
Дидӣ ту харе, ки кам фурӯшад?
Ё баҳри фиреби халқ кушад?
Дидӣ ту харе, ки ришвахор аст?
Ё бар хари дигаре савор аст?
Дидӣ ту харе шикаста паймон?
Ё он ки зи дигаре бурад нон?
Дидам суханаш ҳама матин аст
Фармоиши ӯ ҳама яқин аст.
Гуфтам, ки зи одами сари ту,
Ҳарчанд ба диди мо хари ту.
Биншастаму орзу намудам,
Бар холиқи хеш рӯ намудам.
Эй кош, ки қонуни харият,
Ҷорӣ бишавад ба одамият.