Тирукамон (Шеър)

Дирӯз баъди борон тирукамон баромад,
Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад.
Аз қатраҳои борон дар офтоби тобон
Рухсора тар намуда абрӯкамон баромад.

тирукамон, тиру камон

Бо рангҳои дилкаш, бо чеҳраи мунаққаш
Ҳусни замин дамида фавворрасон баромад.
Аз кӯҳ то ба кӯҳе, аз дашт то ба даште
Товуси хушхироми Ҳиндустон баромад.

Мурғи қафасшикаста аз банди зулм раста,
Чун рамзи дӯстии халқи ҷаҳон баромад.
Кардам гумон, ки аз дил савти ҳазор манзил
Чун мавҷҳои соҳил дар як замон баромад.

М. Турсунзода

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Омад баҳору мавсими гулҳо расидааст (ғазал)

ҚаблӣТасвири баландиҳо ва чуқуриҳои сатҳи замин дар харитаҳои табиӣ
БаъдӣАъзои беҳтарин ва бадтарин (ҳикоя)