Тарзи таҳлили ҷумлаи сода

Дар ин мақола тархи тахлили чумлаи сода оварда мешавад. Тарзи тахлили чумлаи сода >>

забони точики, забони тоҷикӣ

Тартиби таҳлил

  1. Хели ҷумла аз ҷиҳати мазмун ва оҳанг (хабарӣ, саволӣ, амрӣ, хитобӣ).
  2. Таркиби ҷумла: хуллас ва тафсилӣ будани он.
  3. Асоси ҷумла (сараъзоҳо).
  4. Таркиби ҷумла аз ҷиҳати мавҷуд будани аъзои ҷумла дар он.
  5. Аъзоҳои пайрав (агар бошанд).
  6. Аъзои чида (агар бошанд).
  7. Мухотаб (агар бошад) ва аломатҳои китобат дар он.

Таҳлили ҷумла ду хел мешавад: шифоҳӣ ва хаттӣ.

Намунаи таҳлил: Шодигул ба Соли нав бесаброна интизорӣ мекашид. (С.Улуғзода)  

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таҳлили шифоҳӣ: Ин ҷумлаи хабарӣ ва дутаркибаи тафсилӣ аст.

Асоси ҷумла Шодигул (мубтадо) ва интизорӣ мекашид (хабар) мебошанд. Дар ҷумла аъзои пайрав ҳам ҳаст, аз ин рӯ ҷумла тафсилӣ аст. Чӣ кор мекард? –интизорӣ мекашид (хабар). Кӣ? – Шодигул (мубтадо). Ба чӣ? – ба Соли нав (пуркунанда). Ба кадом Сол? – нав (муайянкунанда). Чӣ тарз интизорӣ мекашид? – бесаброна (ҳоли тарзи амал).

Намунаи таҳлили хаттӣ: Шодигул ба Соли нав бесаброна интизорӣ мекашид. 


Вазифа

Ин ҷумлаҳоро  аввал шифоҳӣ, баъд хаттӣ таҳлил намоед.

  1. Мутриба ва Мунира бо роҳхат ба саёҳати Москва мераванд.

2. Суман ва Санавбар бо додарчаашон дар боғи мактаб бозӣ мекарданд.


Аъзоҳои пайрави ҷумла (Аъзохои пайрави чумла)

ҚаблӣФотосинтез. Дар баргҳо ҳосил шудани оҳар
БаъдӣЧумлаи мураккаб