Роҳҳои ҳаракати моддаҳо дар рустанӣ

Роххои харакати моддахо дар рустани / растани.


Моддаҳое, ки дар натиҷаи ин ё он ҳодиса (раванд) ҳосил шудаанд, дар як ҷой қарор намегиранд. Онҳо пеш аз ҳама дар дохили (тавассути) ҳуҷайра ҳаракат карда, аз як ҷузъи (органоиди) ҳуҷайра ба дигараш, аз ситоплазма ба пластид ва ё ба ҷониби қисмҳои дарсабзишбудаи ҷилди ҳуҷайра (масалан, ҳангоми ҳосил шудани мӯякрешаҳо) ҳаракат мекунанд. Чунин ҳаракати дохилиҳуҷайрагиро ҳаракати худи ситоплазма сабаб мешавад.

Моддаҳо дар организми рустаниҳо аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар ҳаракат мекунанд. Масалан, маҳсулоти фотосинтез (қанд) аз ҳуҷайраҳои сабзи зери пӯсти пояи ҷавон метавонад ба ҷониби ҳуҷайраҳои беранги дар поя чуқуртар ҷойгирифта (дилак) ҳаракат кунад. Ба чунин ҳаракати моддаҳо пеш аз ҳама хусусияти ҷилди ҳуҷайра мусоидат мекунад.

Зеро ҷилди ҳуҷайра бо хубӣ об ва моддаҳои дар он ҳалгардидаро аз худаш нағз мегузаронад. Бинобар он, тавассути онҳо аз ҷавфҳои байниҳуҷайрагӣ маҳлули моддаҳои гуногуни ғизоӣ ҳаракат карда, ба ҷойҳои лозимӣ расонда мешаванд. Инчунин ситоплазмаи ҳуҷайраҳои зиндаи ҳамшафат тавассути найчаҳои ниҳоят борик, кадоме ки дар ҷойҳои ниҳоят тунуки ҷилди ҳуҷайра ҷойгиранд, байни ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, бисёр моддаҳо метавонанд бо ин риштаҳои ситоплазматикӣ низ ҳаракат кунанд.

Дар охир барои интиқоли моддаҳо дар ҷисми рустаниҳо аз як узви он ба дигараш интиқоли дурҳаракати моддаҳо вуҷуд (фаъолият) дорад. Чунончи, об аз реша то баргу муғҷаҳои дарахтони азимҷусса ба баландии 30-40 м (ва ҳатто баъзан то 100 м) ба боло (96) бардошта (оварда) мешавад. Моддаҳои ғизоӣ аз барг ба ҷойҳои истеъмолталаб (кадоме ки дар он ҷо узвҳо инкишоф меёбанд ё ғуншавии моддаҳои захиравӣ мегузарад), яъне ба муғҷаҳо, гул, меваҳои пухтаистода ва узвҳои зерихокӣ интиқол меёбанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шумо аллакай медонед, ки барои чунин ҳаракати дури моддаҳо бофтаҳои махсуси гузаронанда, аз қабили чӯб ва лиф дар рустаниҳо фаъолият доранд. Агар дар чӯб вазифаи гузаронандагиро рагбандиҳо иҷро кунанд, дар лиф – найчаҳои элакшакл. Ин ҷузъҳои чӯб ва лиф бо номи бандчаҳои гузаронанда дар ҳар як узви рустанӣ мавҷуданд. Бахусус, онҳо дар қисми дилаки решаю поя, дар байни бофтаҳои захиракунандаи решапоя ва лӯнда, дар рагбандиҳои барг, косабарг, гулбарг ва сутунчаҳои гардбаргу девори ғӯраки тухмдон ва инчунин дар деворҳои меваҳо (мевапардаҳо) вомехӯранд. Бандчаҳои гузаронанда дар тухму дони бавоярасида тавассути тухмпоя насли ояндаи худро (рустании аз он сабзандаро) бо моддаҳои зарурӣ таъмин мекунанд. Ҳамин тавр, тамоми роҳҳо ва рагу рагбандиҳои гузаронандаи (интиқолии) ҷисми рус- таниҳо дар шакли як силсилапайвандии (системаи) ягонаи ҳаракати моддаҳо бо ҳам зич алоқаманданд.


  1. Ҳаракати моддаҳо дар рустаниҳо чӣ тавр амалӣ мегарданд?
  2. Аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар ҳаракат кардани моддаҳо чӣ тавр рӯй медиҳад? Онро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  3. Ҳаракати моддаҳои ғизоӣ аз як узв ба узви дигар тавассути кадом бофтаҳо амалӣ мегардад?
ҚаблӣАлоқаи мутақобилаи узвҳои рустанӣ
БаъдӣЗахирашавӣ ва истифодаи моддаҳо (дар рустаниҳо)