Шеър дар васфи шаҳр

Шаҳри азизам (шеър)

Шеъри Шаҳри азизам аз ашъор ва эчодиёти Аминҷон Шукуҳӣ оварда мешавад.

Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,
Наравад ишқи ту дур аз сари ман.
Ман зи айёми ҷавонӣ ба барат
Ёфтам нашъунамо чун писарат.

Сайр кардам ба гулу гулзорат,
Лолаҳо чидаам аз куҳсорат.
Дасту рӯ шуста ба оби дарё,
Тохтам шодикунон бар саҳро.

Ҳар замон боди сабо бегила,
Менамуд аз сару рӯям сила.
Ту ба оғӯши худат чандин сол
Парвариш кардӣ маро ҳамчу ниҳол.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пас дари илм ба ман бикшодӣ,
Ақлу идроку заковат додӣ.
Чу ба ҳуснат ту диламро бурдӣ,
Меҳр бастам ба ту ман аз хурдӣ.

Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,
Ҳар нафас ёди ту болу пари ман.

* * *

Дар шаби равшани айёми баҳор
Буд чашмам ба раҳи ҷонон чор.

Зери по пур зи алафҳои кабуд,
Оби анҳор ҳамехонд суруд…

Гар расад шарфаи пое аз роҳ,
Менамудам ба ҳамон сӯй нигоҳ.

Дил ба сад кӯчаву чашмам як сӯ,
Дар раҳаш буду бинам аз паҳлӯ,

Омадаст… аз ҳаяҷон сурх шудам,
Аҷабо, ман ба чӣ ҳолат будам!

Зеб дода ба қаду андомаш
Куртаи ранги гули бодомаш.

Аввалин дафъа дар он шаб ба ҳаёт
Бӯса кардам зи лаби ҳамчу набот.

Буд гарчанд табиат ба пинак,
Лек зад барги сафедор чапак.

Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,
Шафақи толеи ман, ахтари ман.

Субҳ чун пардаи шаб боло кард,
Чеҳраи софи туро зебо кард.

Буд ҳангоми гули шафтолу,
Беқарор ин дили ман чун моқу.

Рафтам он рӯз ба сад завқу виқор
Бори аввал ба сари меҳнату кор.

Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,
Гулшани тозаи номовари ман.

Ту маро мебарӣ бо роҳи сафед,
Бесабаб не, ҳама дунё баумед.

Баски додӣ ту ба ман авҷу камол
Ҳам гули бахту ҳаме истиқбол.

Ман аз они туву ту з-они ман,
Ҳадя бар роҳи ту ин ҷони ман!


Шеър дар васфи шахр Шахри азизам (шеър) шеър дар бораи шахри Душанбе шеърхо

Оби Душанбе (шеър)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед