Зиёуддини Нахшабӣ

Нахшабӣ, аз ҳунар машав ғофил,
Хуш касе, к-ин нуқуди (нақд) ӯ бошад.
Ҳар кӣ ӯ ёфт аз ҳунар иззат,
Бар азизон ҳамуди (ҳамд) ӯ бошад.

Нависандаи маъруф ва шоири боистеъдоди тоҷик Зиёуддини Нахшабӣ, ки бо тахаллусҳои Нахшабӣ ва Зиёи Нахшабӣ машҳур аст, тақрибан дар чоряки охири асри XIII дар Нахшаб (Насаф ё Қаршии имрӯза) ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъди ба камол расидан ватани худро тарк мекунад ва ба нимҷазираи Ҳиндустон меравад, ки он замон дар он ҷо Алоуддини Хилҷӣ салтанат меронд ва забони расмии давлатӣ забони тоҷикӣ буд. Ҳангоми дар Бадоун ном шаҳри Ҳиндустон зиндагӣ карданаш забони ҳиндӣ ва адабиёту фалсафаи ҳиндро меомӯзад ва «Кукошостро» («Дастуруламали Куко») ном рисолаеро аз ҳиндӣ ба тоҷикӣ бармегардонад.

Зиёуддини Нахшабӣ дар соли 1350 милодӣ дар Бадоун аз олам гузаштааст.

Муаллифони бисёр маъхазҳо асарҳои «Тӯтинома», «Гулрез», «Ҷузвиёт ва куллиёт», «Силк-ус-сулук», «Шарҳи сураи «Забур», «Лаззат-ун-нисо», «Насоиҳ ва мавоиз» ва «Ашираи мубашшира»-ро ба қалами ӯ мансуб медонанд.

Номи аслии «Тӯтинома», ки таълифаш дар соли 1329 милодӣ анҷом ёфтааст, «Ҳикоёт-уд-диёрот» мебошад. Аммо дар маъхазҳо, феҳристҳо ва тадқиқот ин китоб бо унвони «Тӯтинома» зикр гардида, дар миёни мардум ҳам бо ҳамин ном шуҳрат ёфтааст. «Тӯтинома» ҳанӯз дар замони зиндагии муаллиф хеле шуҳрат ёфта буд. Таҳти таъсири ҳикоятҳои «Тӯтинома» чандин ривоятҳои халқии афсонаҳои тӯтӣ ба вуҷуд омадаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Амир ва мори сиёҳ (Ҳикоя аз «Тӯтинома»)


Зиёудини Нахшаби, Зиндагинома/тарчумаи холи Зиёуддини Нахшаби.

ҚаблӣҲикоятҳо аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»
БаъдӣАмир ва мори сиёҳ (Ҳикоя аз «Тӯтинома»)

2 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед