Ибни Ямини Фарюмадӣ

Амир Фахруддин Маҳмуд ибни Яминуддин маъруф ва мутахаллис ба Ибни Ямин соли 1286 дар деҳаи Фарюмади вилояти Хуросон аз оилаи шоир Амир Яминуддин, ки вазифаи муставфии (сармуҳосиб) вазири Хуросонро ба уҳда дошт, ба дунё омадааст. Ибни Ямин дар зодгоҳаш таҳсили илм карда аз хурдсолӣ бо ташвиқи падар ба шеъргӯӣ пардохтааст:

Падар, ки раҳмати ҳақ бар равони покаш бод,
Зи ман дареғ намедошт панди пирона.

Пас аз вафот кардани падараш (1322) Ибни Ямин маҷбур мешавад барои эҳтиёҷоти моддӣ ба хизмати Хоҷа Алоуддин дарояд. Соли 1337 зодгоҳашро тарк карда ба шаҳри Гургон рафта дар дарбори ҳокими он ҷо – Тағой Темурхон кор мекунад. Соли 1341 ба зодгоҳаш баргашта дар муборизаҳои Сарбадорон ба муқобили муғулон иштирок мекунад. Дар яке аз ҷангҳо асир меафтад ва ӯро ба Ҳирот бурда кор мефармоянд. Баъди халосӣ аз асорат ба зодгоҳаш баргашта, охирҳои умрашро дар гӯшанишинӣ мегузаронад.

Ибни Ямин соли 1368 дар зодгоҳаш вафот кардааст. Мероси адабии Ибни Ямин аз рӯйи девонҳо ва куллиёташ, ки то замони мо расидаанд, 13000 байтро ташкил дода, аз қитъа, қасида, ғазал, рубоӣ, тарҷеъбанд ва маснавӣ иборат мебошад.

Мазмуну мундариҷаи ашъорашро танқиди нобаробари ҳои иҷтимоӣ, ҷавру ситами золимон, тарғиби ғояҳои инсон дӯстӣ, хайру саховат ва ташвиқи илму маърифат ташкил медиҳанд. Меъёри ҳақиқии бузургии инсонро шоир чунин ифода мекунад:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бузургӣ дар чист?

Набувад меҳтарӣ1 ба рӯзу ба шаб
Бодаи хушгувор нӯшидан,
Ё таоми лазизро хӯрдан,
Ё либос латиф2 пӯшидан.
Ё бад-он кас, ки зердаст бувад
Ҳар замон бесабаб хурӯшидан.
Ман бигӯям, ки меҳтарӣ чӣ бувад,
Гар бихоҳӣ зи ман ниюшидан3?
Ҳамагонро зи ғам раҳонидан,
Дар раоёти халқ4 кӯшидан!


Луғат

  1. Меҳтарӣ – бузургӣ.
  2. Латиф – покиза.
  3. Ниюшидан – шунидан.
  4. Раоёти халқ – дар нигоҳ доштани халқ.

Саволҳо

  1. Шарҳи ҳоли Ибни Яминро нақл кунед.
  2. Шеърро бурро ва ифоданок хонда мазмунашро ҳикоя кунед.

Низомии Ганҷавӣ


Ибни Ямини Фарюмади, шархи холи Ибни Ямин, Тарчумаи хол/зиндагиномаи Ибни Ямин.

ҚаблӣАмир ва мори сиёҳ (Ҳикоя аз «Тӯтинома»)
БаъдӣҲофизи Шерозӣ

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед